Нақши ваҳдати миллӣ дар бақои миллату давлат

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

DSC_0953Файласуфи Фаронса дар асри XVIII Клод Адриан Гелветсий навишта буд: «Ҳар шахсе, ки таърихи бадбахтии халқҳоро меомӯзад, метавонад бовар кунад, ки теъдоди зиёди бадбахтиҳо дар рӯи Замин натиҷаи ҷаҳолат будааст». Миллатҳое, ки нобуд шудаанд, бештар ба сабаби номуттаҳидӣ, муборизаи муттаҳидона набурдан бар зидди душманон ва ғосибони марзу бум, боло гирифтани зиддият миёни элитаи сиёсии кишварҳо аз байн рафтаанд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта собит мекунад, ки роҳбарии оқилона, дурандешона, муттаҳидсозанда ва таъмини ваҳдати умумимиллӣ боиси боқӣ мондани давлатҳо ва миллатҳо шуда, онҳоро ба тараққиёт раҳнамун сохтааст. Дар давраҳои масъулиятноктарини таърих омили шахсият афзуда, гурӯҳҳои сиёсӣ, ки аз байнашон шахсияти тавоно ба ҳайси пешво зуҳур мекунад, давлаташонро аз нобудӣ ва халқашонро аз ҷаҳолат ва маҳрумӣ наҷот медиҳад. Чунин шахсиятҳо, аввалтар аз ҳама манфиати ҷомеаро дар назар мегиранд. Файласуфи номбурда таъкид кардааст, ки «Агар хоҳӣ аз рӯи виҷдон амал намоӣ, пас танҳо ба манфиатҳои ҷамъиятӣ бовар намо ва онро ба ҳисоб гир, зеро манфиати шахсӣ бисёр вақт фиреб медиҳад».

Ба тоҷикон дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибихтиёрӣ насиб шуд, вале бо сабабҳои гуногун, пеш аз ҳама, мансабхоҳӣ, экстремизми динӣ ва дастгирии баъзе неруҳои хориҷӣ, боиси фоҷиаи умумимиллӣ гардид. Шуури сиёсии омма таҳриф ва дар доираи дин ва маҳал маҳдуд шуда буд ва худшиносии миллии аксарияти мардум дар сатҳи паст қарор гирифт. Табиист, ки дар ин марҳила «фирори ақлҳо» бештар шуда, шахсони босаводу бофарҳанг барои худ ҷои амн ҷустуҷӯ мекунанд. Душманони миллат ва фарҳанг, низоъандозону зархаридони онҳо, пеш аз ҳама, шахсони огоҳ ва донишманду фозили миллатро кӯшиш мекунанд аз байн баранд.

Чунин кӯшиш бар зидди миллати тоҷик борҳо сурат гирифта, на танҳо дар аввали асри XX, балки дар охири он низ ба таври равшан ошкор гардид. Таҷрибаи кишварҳои Ғарбу Шарқ нишон медиҳад, ки дар вазъияти душвори тақдири буду набуди давлат ва миллат интихоби лидери умумимиллӣ муҳимтарин ва душвортарин амали сиёсӣ мебошад. Лидери сиёсӣ дар чунин ҳолат на танҳо имкони муайян кардани неруҳои солим, муттаҳид ва равона кардани онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои аввалиндараҷаи ҳаётӣ дошта бошад, балки бо неруи интеллектуалии дурандешона нақшаҳои аз буҳрон баровардани кишварро амалӣ карда тавонад.

Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тасодуфӣ набуд, зеро хислатҳои ҳамида дар андеша, сухан ва амали Пешвои ҷавон зуд падидор шуданд. Аввалин иқдомҳои Пешвои миллат боиси ­сарҷамъии миллат, аз парокандагӣ наҷот додани он ба воситаи қатъи ҷанг ва ҷорӣ кардани сулҳу созиш василаи воқеии аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик гардид.

Асли фарҳанги халқи тоҷик хусусияти ҳамгироӣ дошта, хилофи индивидуализм ва эгоизми худписандонаи фарҳангҳои ба зӯроварӣ асосёфта мебошад. Хислати таҳаммул, дӯстӣ, азхудгузарӣ барои ҳамнавъон ва инсондӯстӣ хоси он мебошад. Тамоми осори назмию насрии гузаштаи мо аз Авасто то асарҳои устод Айнӣ бар ҳамин пояи ахлоқӣ қарор гирифтааст. Таърих гувоҳ аст, ки фарҳанги тоҷик ба воситаи зӯроварӣ ва шамшер худро вусъат набахшидааст, балки ба воситаи қудрати сеҳрофарин ва муъҷизаосои сухан қаламрави бузургро фатҳ намудааст.

Яке аз мақсадҳои асосии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ­насли солим ва босавод, эҷодкор ва дорои фарҳанги ғанӣ мебошад, зеро тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг, дорои ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ояндаи неки миллатро кафолат медиҳад. Эммануэл Кант гуфтааст: «Кӯдакон на барои имрӯз, балки барои ояндае, ки шояд ҳолати беҳтарини навъи инсонӣ бошад, бояд тарбия шаванд».

Миллати тамаддунсоз, вале азиятдидаи тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон, дар ватани ҳамешагии таърихии аҷдодии худ дар минтақаи васеи Осиёи Марказӣ зиндагӣ ва эҷод мекунанд, зери фишори қувваҳои шовинистӣ ва экстремистӣ низ қарор доранд. Насли имрӯзу ояндаи кишвар, чунон ки ба суханони файласуфи бузурги ҷаҳонӣ Эммануэл Кант ишора кардем, дар сатҳи баланди маърифат ва тамаддун бояд қарор гиранд. Имрӯз ҷаҳонисозии пурошӯб хатарҳои зиёд дорад. Бедорию ҳушёрии сиёсӣ, ваҳдати миллӣ аз ҳарвақта бештар ва ниҳоят зарур аст. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Манбаъ ва асосҳои бунёдии ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ дар Тоҷикистон аз муттаҳидии халқ ва пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии мардум, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, тақвият бахшидан ба мақоми давлат ҳамчун ҳомӣ ва кафили манфиатҳои халқ, афзоиши неруи иқтисодии кишвар ва нуфузу эътибори байналмилалии он иборатанд».

Ваҳдати миллӣ раванди доимии серпаҳлу мебошад, бинобар ин, талаби диалектикаи замон ин аст, ки мунтазам чораҳое андешида шаванд, ки аҳолии минтақаҳои кишвар худро узви оилаи ягонаи ин давлат эҳсос намуда, бо дарки масъулияти бузурги миллӣ ба роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат содиқона пайравӣ намоянд, то миллат ва давлати тоҷикон абадӣ бошад.

Кароматулло ОЛИМОВ,

академики АМИТ