Одамгарӣ – шарти асосии мусалмонӣ

№100 (3401) 28.07.2015

Изҳороти Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи «Тамос» барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тариқи Интернет мутоила кардаму диламро яъсу ғубор фаро гирифт. Ба худ суол додам: Роҳбарияти ҲНИТ чаро ботадриҷ аз халқи меҳанаш канда шуд, дар интихоботи парлумони кишвар барояшон овоз надоданд, чаро барои ёрӣ ва мадад ба домани бегонагон чанг мезананд? Магар намедонанд, ки шахси дар хонаи худ, дар гузари хеш, дар ватанаш беқадру нобовар дар хонаи ҳамсоя, кишвари дигар рӯи хуширо намебинад?

Заминаҳои таъсис ёфтани  ҳизби мазкур дар чист? Чӣ вазифаву ормонҳо дошт, кадомаш рӯи кор омаду кадомаш не, чаро дар як давраи муайян қадру қиматаш рафта- рафта коста гардид ва чаро ҳизб бадном шуд?

Ҳар кӣ н- номӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор,

фармудааст устод Рӯдакӣ.

Ба ақидаи мо, дар замони рукуд, ки фишору таъқиб бар ҷони мухолифини реҷаи коммунистӣ, аз ҷумла аҳли мусалмон, авҷ гирифта буд, таъсиси як гурӯҳи муътақидон, дифоъгарони дини Ислом зарурат дошт, аммо дар шароити имрӯза, дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягонаи Тоҷикистон, ки барои ривоҷи аркони шариат, иҷрои фароизи динӣ ҳама шароит муҳайёст, мавҷудияти ҳизби Исломӣ зарурат надорад.

Баъзе маҳдудиятҳое, ки дар самти масҷидравии ҷавонон, сатрпӯшии занон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи қонун ҷорӣ шудаанд ва аз тарафи наҳзатиён нақз мешаванд, мақсадноканд ва роҳбарияти ҲНИТ аз кӯтоҳбинии сиёсӣ, заъфи ҷаҳонбинӣ, ғаразҷӯиҳои бемаънӣ, ки замина барои ифротгароист, ба ин иқдоми дурандешона сарфаҳм намераванд.

Дар изҳорот омадааст: «Роҳбарияти ҲНИТ зарур шуморид, ки ба шумо дар бори вазъи номуносиби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус амалҳои ғайриқонунӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазоҳиби мухолиф муроҷиат намояд» ва минбаъд шарҳ дода шудааст, ки 18 сол пеш бо сарпарастии СММ ва миёнҷигариву кафолати чанд кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва имзо гашт, ки тибқи он тарафҳо бояд як кишвари озод ва демократӣ месохтанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои ҳама шаҳрвандон, сарфи назар аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон, фароҳам бошад. Аммо баъди 18 сол вазъият хуб нест, меъёрҳои ин Созишнома риоя намешавад ва намояндагони ҲНИТ аз тамоми сохторҳои иҷроияву қонунгузори кишвар берун карда мешаванд. Ба назар мерасад, ки оқилони ҲНИТ ормонҳои ғаразноки ҳизбиро болотар аз марому иродаи миллӣ гузоштаву бобати дарки ҳаводиси хунбори кишварҳои исломӣ дар ғафлат мондаанд.

Хайрият давлатмардони тоҷик ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон дода, аз хатти муқовимати қавии глобалии ду тамаддуни пурқудрат: англосаксонӣ – амрикоӣ – ғарбпарастӣ ва Россия дар Осиёи Марказӣ барвақттар огоҳӣ ёфта, пеши роҳи ривоҷу нуфузи фаъолияти тундгароёнаи мазҳабу ҷараёнҳои нифоқангезро гирифтанд.

Имрӯз пешвоёни ҲНИТ аз ҳисса гузоштанашон дар раванди сулҳи миёни тоҷикон бо ифтихор ҳарф мезананд, гӯё аввалин шуда, онҳо дасти оштӣ дароз карда бошанд. Дар муддати кӯтоҳ онҳо фаромӯш кардаанд, ки агар дахолати мардони бузурги миллат чун Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд намебуд, гурӯҳҳои ифротгарои ИНОТ аз ҷониби каллабуррони «Ал- қоида» ва «Толибон» кайҳо маҳв карда мешуданд, онҳо аз тарс ва ноилоҷӣ ба Созишномаи мазкур имзо гузоштанд. Сарфи назар аз ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии хеш аз саҳми сарварони ИНОТ дар робита ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ифтихор сухан меронад. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро имрӯз ҷаҳониён меомӯзанд. Ин сулҳ давлати Тоҷикистон ва насли тоҷикро аз вартаи ҳалокат пас гардонд.

Дар ҳоле ки ҷомеаи Тоҷикистон куллан мусалмонанд, аз сохтори болоӣ ва поёнӣ касе муқобили ибодати мардум, масҷидравӣ, ҳаҷравӣ, додани закот, рӯзаву намози онҳо нест,  пас, ба мавҷудияти ҲНИТ чӣ зарурат мондааст? Агар имрӯз камбудие ҳаст ё шахсе норизост, ин амри табиист. Қоидаи ҷомеа ҳамин аст ва нишонаи гуногунандешист. Шояд аъзои ҲНИТ сулҳро дигар хел мехостанд, ин ба имону виҷдони онҳо ҳавола мешавад.

Чор банде, ки дар Созишнома мавҷуд буд, аз тарафи Комиссияи оштии миллӣ дар амал татбиқ гашт: гурезагон ба Ватан баргаштанд, сӣ фоизи намояндагони ИНОТ ба сохторҳои роҳбарии давлатӣ шомил гаштанд. Размандагони ҳар ду тараф чандин маротиба авф шуданд, айни замон ҳеҷ гуна таъқиб ва фишор ба аъзои ҳизби мазкур вуҷуд надорад, ягон амали ноҷое аз ҷониби Ҳукумат содир нагашта, ки боиси хориҷшавии аъзои ҲНИТ, овоз нагирифтанашон дар интихоботи навбатии парлумони кишвар ва ҷой нагирифтани онҳо дар сафи намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда бошад.

Чанде пеш наворҳоро тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бобати амалҳои фосиқонаи шахсияти намоёни ҲНИТ қорӣ Иброҳим тамошо кардаму байтҳои машҳури ғазали Ҳофизи Шерозӣ ба ёдам омад:

 Воизон к — ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯйё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,

К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Бархе аз наҳзатиён шиква менамоянд, ки матбуот, радиову телевизиони кишвар дар инъикоси амалҳои зишти аъзои ҳизби онҳо яктарафа, ғаразнок баҳогузорӣ менамоянд, ҳол он ки миёни пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ низ нашъаҷаллобу зинокор, порахӯру дурӯғгӯйҳо мавҷуданд. Аввалаш ин ки дар матбуот рӯи хотир кардан, чашм пӯшидан аз амалҳои носавоб бар зарари рӯзноманигорон ва касбияти онҳо аст. Дигар ин ки пайравони ҳизби шумо аз номи Худову Расул сухан мегӯянд. Шумо оинае ҳастед, ки рӯ ба рӯятон мардум афъолашонро вобаста ба фармудаҳои китоби муқаддаси Қуръон муназзаму мураттаб месозанд. Вой бар ҳоли оинае, ки каҷнамо аст. Чун овозаи бадномии шумо дар олам паҳн гардид, дигар ҳазор малоик наку гӯянд, чӣ суд?

Шумо дар изҳорот мардумро аз он тарс медиҳед, ки ҳазорҳо нафар ҷавонони кишвар аз набудани волоияти қонун, адолат, набудани имкони озодии сухан, ноуҳдабароии сохторҳои амниятии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои радикалӣ, ба ДИИШ, «Толибон», «Боко- Ҳарам» ва ғайраҳо мепайванданд. Ба шумо ошкоро мегӯем, ки ба ғайр аз аъзои гумроҳшудаи ҲНИТ, дигар чанд нафари ба ин гурӯҳҳои хуношом пайваста, маззаи набардҳои бемаъниро дарк намуда, роҳи бозпас ба Ватан омаданро меҷӯянд. Онҳо мебинанд, ки размандагони ду тараф дар Сурия ва Ироқ бо нидои «Аллоҳу Акбар» силоҳ шӯронда, хуни якдигарро мерезанд ва мебинанд, ки ҳамаи ин фитнаи сайҳунизми байналмилалӣ аст ва давлатҳои абардқудрат чун субъект амал менамоянд.

Ба шумо таъкид карданием, ки Худо нокарда, имконоти Ҳукумати имрӯза ба дасти шумо меафтод, мардуми шарифи Тоҷикистонро садсолаҳо ба вартаи ҳалокат, сарсонӣ, гуруснагӣ мекашидед ва вазъи сиёсиву иқтисодии кишвари мо аз баъзе мамолики ҳамсоя бадтар мешуд. Андеша кунед! Дар ҳоле ки ду муллои шумо дар як маҳал носозанд, дар ҳоле ки дар сари як ақида рӯҳониён ба 74 равия тақсим шуда, ба ҳам дар ситезаанд, офарин ба зимомдорони имрӯзаи Тоҷикистон гӯед, ки бо шумо забон меёбанд. Шумо барои нафси худ шуда, аз шикасти сулҳи тоҷикон бисёр сухан мегӯед. Бидонед, ки ҳаёт шуморо мисли хасрӯбаҳои нодаркор ба соҳил афкандааст ва мардуми Тоҷикистон шуморо аз соли 1992 инҷониб хуб шинохтаанд.

Парда кайҳо аз рӯи риёкориҳои шумо бардошта шудааст, мардуми имрӯза, бахусус ҷавонони кишвар, ҳоло чун мардуми солҳои 1992 нест, ки аз содагии онҳо суиистифода намоед!

Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе»