Таҳаммулпазирӣ аз омили таъмини оромии ҷомеа аст

№37 (3338) 13.03.2015

Баъди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар тамоми ҷаҳон оид ба алоқаи ислом ба террор мубоҳисаҳо оғоз гардиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ягон дин террорро дастгирӣ намекунад, балки маҳкум менамояд.

Мутаассифона, солҳои охир дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона, аз ҷумла дар Шарқи Наздик яке аз навъҳои идеологияи сиёсӣ-экстремизм (ифротгароӣ) таври густурда доман паҳн намудааст. Мафҳуми «экстремизм» дар забони лотинӣ маънои канораро дорад. Экстремизми сиёсӣ маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва амалу фаъолияти радикалист, ки асосан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ амалӣ мешавад. Экстремизм ҳаракати фаъол ва мақсаднок буда, хосияти таҷовузкорона дорад. Экстремизми сиёсӣ дигарандеширо инкор менамояд ва фақат арзишҳои мафкуравии худро меписандад.

Дар таърихи инсоният терроризм зуҳуроти нав нест. Ягон шакли идоракунии давлатӣ наметавонад, ки талаботи иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва сиёсӣ –гуманитарии шаҳрвандонро пурра қонеъ намояд. Аз нуқтаи назари классики назарияи ҳарбӣ К.Клаузевитс терроризм ин методи бурдани ҷанг, сиёсат ва ташвиқот дар якҷоягӣ мебошад.

Мафҳуми «терроризм» ва «террор» таври васеъ аз давраҳои инқилоби буржуазии Франсия дар солҳои 1789-1794 истифода мегардид. Дертар дар луғати соли 1798 нашргардидаи Академияи илмҳои Франсия терроризм ҳамчун «системаи тарс» маънидод гардидааст.

Терроризми замони имрӯза аз рӯи моҳият ва тарзи ташкил батамом фарқият дорад. Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ на фақат ба муташанниҷ гардонидани вазъият дар ҳудуди муайян, балки бо роҳи зӯрӣ дигаргун кардани сохти давлатдорӣ, ҷорӣ намудани тартиботи мақбули худ равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, терроризм ба индустрияе табдил ёфтааст, ки барои содирот кор мекунад ва ба тиҷорат табдил ёфтааст, ки аз он даромади калон гирифтан мумкин аст.

Зиддиятҳои ҷаҳони имрӯзаро аксар вақт зиддият байни тамаддунҳои Ғарб ва Шарқ меноманд.

Нависандаи машҳури англис Редиярд Киплинг гуфта буд: «Шарқ ин Шарқ аст. Ғарб ин Ғарб аст ва онҳо бо ҳам намеоянд». Дар ин суханҳо асосҳои калидии тасаввуроти Ғарб нисбат ба Шарқ аён мегарданд. Ғарб нуқтаи назари худро ягона ва дуруст ҳисобида, муттаҳид гардидан бо Шарқро имконнопазир медонад. Доктори илмҳои сиёсӣ М.А.Кылычбай оид ба ин масъала чунин назар дорад: «Ғарб тамаддунро моли худ медонад ва чунин меҳисобад, ки мардуми Шарқ танҳо дар он сурат соҳибтамаддун мегарданд, ки агар онҳо аврупоӣ (ё амрикоӣ) гарданд».

Ҳатто будани чунин нуқтаи  назарро имрӯз сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони Ғарб низ эътироф менамоянд. Масалан, Юрген Тоденхофери Олмонӣ, ки ягона рӯзноманигори ба «Давлати исломӣ» сафаркарда мебошад, дар китобҳои худ аз ислом пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз болои ақаллиятҳои ифротгаро танҳо он вақт метавон пирӯз шуд, ки агар мо ба ҷаҳони ислом тавре муносибат намоем, ки барои худ чунин муносибатро раво мебинем.

Тарбияи ҷавонон, аҳли ҷомеа дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳурмату эҳтироми анъанаҳо ва суннатҳои аҷдодии худ ва дигар халқу миллатҳо асоси муносибати хайрхоҳона байни мардумони ҷаҳон буда метавонад. Хушбахтона, дар таърихи башарият шахсиятҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо ақидаҳои инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирии худ тӯли асрҳои зиёд барои инсоният хизмати арзандаро адо намудаанд. Ақидаҳои онҳо оид ба воқеияти замони худ имрӯз ҳам аҳамияти  худро гум накардаанд ва барои ҳалли бисёр муаммоҳои замони муосир хизмат менамоянд. Яке аз чунин шахсиятҳо Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ мебошад, ки дар эҷодиёти ӯ мафҳуми неруи ақлонӣ ва ахлоқ мавқеи хосро касб менамояд. Сарфи назар аз он ки Румиро аз мо қарнҳои тӯлонӣ ҷудо менамояд, афкори фалсафии ӯ барои ҳалли масъалаҳои замони муосир низ нақши беандоза доранд. Дар ин маврид мутафаккир барҳақ фармудааст:

Кардам аз ақл савол, ин ки чӣ бошад имон?

Ақл бар гӯши танам гуфт, ки имон адаб аст.

Омӯзиши мероси ниёгон на танҳо барои дарки таърихи гузаштаи худ, балки барои омӯзиши воқеияти имрӯза низ аҳамияти калонро дорост. Беҳуда нест, ки имсол аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли оила» эълон гардид. Оилаи солим сарчашмаи тарбияи инсони комил буда, тарбияи фарзандон маъмулан дар оилаи тоҷикон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба роҳ монда мешуд. Имрӯз ҳам зарур ва ногузир аст, ки ин омил мавқеи асосиро касб намояд.

Ҳ.Додобоев, устоди ДДЗТ ба номи С.Улуғзода