Тарғибгари ғояҳои баланд

№133(3434) 06.10.2015

Ҳар гоҳ ки дар ноҳияи Файзобод сухан дар бораи кори неку номи неки омӯзгор равад, дар баробари дигарон номи Маҳмадулло Муллоевро ба забон меоранд. ӯ нафарест, ки дар раванди таълиму тарбияи насли наврас маҳорат ва равияи хоси худро дорад.

Мавсуф соли 1978 Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм карда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳоти «Ҷавонон»-и ноҳияи Файзобод ба кор омад. Муаллими ҷавон барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон заҳмати зиёд кашид. Пас аз чанд сол донишу маҳорати педагогиаш ба роҳбарияти мактаб ва шуъбаи маорифи ноҳия писанд омаду ӯро муовини директор таъин намуданд. Тӯли ҳашт соли дар вазифаи муовини директор фаъолият кардан шогирдонро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, илму адаб омӯхтан, некукорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ таълим додааст.

Бар асари ҳодисаҳои маълуми солҳои гузашта қадри сухан ва омӯзгор коҳиш ёфт. Сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ва дигар мушкилиҳо боиси корро тарк кардани бархе аз омӯзгорони ботаҷриба гашт. Аммо ӯ касби пешакардаашро тарк накард. Дар солҳои душвортарин ба толибилмон таълим медод.

Вақт нишон дод, ки ӯ дар баробари қобилияти баланди педагогӣ инчунин маҳорати ташкилотчигӣ низ дорад. Ин буд, ки Маҳмадулло Муллоевро соли 2009 директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Исмат Олимов таъин карданд.

Маҳмадулло Муллоев шукрона аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунад, ки сарфи назар аз душвориҳо Давлату  Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро ба соҳаи афзалиятнок табдил додаанд. Сол то сол маблағгузории ин соҳаи хеле муҳим афзуда, даҳҳо мактабҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд.

- Сол то сол сафи хонандагони мо меафзояд. Имсол 147 нафар хонанда ба синфи як қадам гузоштанд. Ба 1247 нафар хонанда 57 нафар омӯзгорони соҳибмаълумот дарс медиҳанд. Ду синфхонаи компютерӣ кушодем, ки дар онҳо 30 компютер дар ихтиёри хонандагони мактаб гузошта шудааст, — мегӯяд директори мактаб М. Муллоев.

Номбурда доимо ба шогирдонаш чунин талқин менамояд: «Ворисони сазовори ниёкони тамаддунофар бошед. Шумо нигоҳдорандагони осори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Носири Хусрав, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ҳастед, ки дар ҷаҳон номдоранд».

Панди устод дар қалби шогирдон сахт маъво гирифтааст. Онҳо аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал намуда, ҳамасола дар олимпиадаҳо ҷойҳои сазоворро соҳиб мешаванд. Аҳли деҳаи Хӯҷамардии деҳоти «Ҷавонон» ду дафъа Маҳмадулло Муллоевро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод интихоб намуданд, ки аз эътимодашон нисбат ба ӯ шаҳодат медиҳад.

Чун вакили халқ ӯ яке аз тарғибгарони қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Дар суҳбату вохӯриҳо ба мардум сабабҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлубро мефаҳмонад. Ҳушдор медиҳад, ки гаравидани ҷавонон ба равияҳои тундгаро ва ширкат дар муҳорибаҳо дар кишварҳои хориҷа пайомадҳои ногувор дорад. Дар ҳама чорабиниҳо мардумро барои муттаҳид гаштан дар атрофи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват менамояд.

Фаъолияти бисёрсолаи Маҳмадулло Муллоев бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва дараҷаи «Муаллими калон» қадрдонӣ шудааст.

Ҳоким САФАР,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон