Теъдоди занони нашъаманд аз 305 ба 189 нафар коҳиш ёфт

№52 (3532) 21.04.2016

drogasПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор  доштанд, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории  терроризми байналмилалӣ мебошад. «Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд», — омадааст дар Паёми Сарвари давлат.

Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 7313 нафар ҳамчун бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудааст (соли 2014-ум 7279 нафар буд), ки 189 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Инҳо бемороне мебошанд, ки  қаблан ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд ва синну солашон аз 34 то 59 мебошад.

Агар вазъи ин бемориро дар чанд соли охир таҳлил  намоем, тамоюли коҳиши  нишондиҳандаҳои дардмандӣ ва беморшавии аввалияи нашъамандӣ ба назар мерасад. Чунончӣ, солҳои 2007 — 2009 шумораи гирифтори бемории нашъамандӣ беш аз 8700 нафарро ташкил медод. Аз соли 2010 ин шумора то ба 7300 — 7200 нафар коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, давоми ин солҳо тамоюли коҳиши теъдоди занони гирифтори бемории нашъамандӣ аз 305 то ба 189 нафар расидааст.

Ҳоло дар мамлакат ба хотири пешгирӣ аз ин  марази аср «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013 – 2017» ва «Стратегияи миллии  мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» мавриди амал қарор дорад.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Салимзода Шерхон Одина дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки фаъолияти Агентӣ барои ҳамоҳанг сохтани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баҳри татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» равона гардидааст. Ҷоннок намудани мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо ба суботи ҷомеа ва тарзи ҳаёти  солими мардум дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ таъкид шудааст.

- Соли гузашта, — гуфт Салимзода Шерхон Одина, — мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  қудратӣ фаъолияти худро дар ин самт тақвият бахшида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 676 кг 379 грамм маводи на­ш­­ъ­а­­о­вар мусодира намуданд, ки нисбат ба соли 2014 — ум як тоннаю 537 кг кам аст. — Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар пурзӯр гаштани назорати сарҳади давлатӣ, андешидани чораҳои иловагӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин кам шудани масоҳати кишти  кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон мебошад, — илова намуд ӯ.

Соли 2015 мувофиқи маълумоти Раёсати СММ оид ба  маводи нашъаовар, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омода шудааст, майдони кишти кӯкнор  дар Афғонистон 183 ҳазор гектарро такшил додааст, ки нисбат ба соли 2014 — ум 19 фоиз кам аст. Соли гузашта дар вилояти Балх аз нав кишти кӯкнор оғоз шуд ва ҳоло дар 20 вилояти Афғонистон ин навъи зироат кишт мешавад.

Майдони кишти кӯкнор ва истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон кам шуда бошад ҳам, вазъ ҳанӯз нигаронкунанда аст, зеро мавҷуд будани миқдори калони захираи афюн, аз ҷумла героин, қочоқи он бо тариқи пинҳонӣ ва баровардан ба бозори сиёҳ ҳамчун  манбаи бузурги даромади ҷинояткорон боқӣ мемонад. Коҳиш наёфтани амалҳои ҷиноятӣ низ инро собит месозад. Солҳои охир дар мамлакат тамоюли зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ба назар мерасад. Соли гузашта 965 ҷинояти вобаста ба маводи нашъ­аовар (соли 2013 — ум 936) ба қайд гирифта шуд, ки 153 — тои онро  кормандони Агентӣ ошкор намудаанд. Ҳамзамон, кормандони Агентӣ фаъолияти панҷ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ошкор ва безарар намуданд.

Порсол 316 нафар шаҳрванди кишвар бо қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар, аз ҷумла 290 нафар дар Федератсияи Россия дастгир шудаанд.

Вақтҳои охир ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ ҳабҳои синтетикӣ низ ворид шуда истодаанд, ки хеле  нигаронкунанда аст.

Моҳи январи соли 2014 дар натиҷаи  андешидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар вилояти Суғд фаъолияти як гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ қатъ гардида, аз онҳо 1106 ҳаби нашъаовари синтетикӣ (МДМА) мусодира шуд. Соли 2014, дар маҷмӯъ, 2590 ҳаб ва соли 2015 аз муомилоти ғайриқонунӣ 11.233 ҳаби навъи «Экстаз» ошкору  мусодира гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Агентии назорати маводи нашъ­аовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазорату кумита ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар баргузор мегарданд, ки дар онҳо натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо доир ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» ва рафъи ислоҳи камбудиҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бо дарназардошти он ки ба муомилоти ғайриқонунӣ намудҳои нави маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ, илова гардидааст, тасмим гирифта шуд, ки аз ҳисоби котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Дар ин самт ҳамкориҳои байналмилалии ниҳодҳои марбута низ густариш ёфта истодааст. Моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ вобаста ба мушкилоти таҳдидҳои маводи наш­ъаовар бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои зиддимухаддиротии 17 давлати ҷаҳон ва 8 созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Р­аҳмон дар хусуси эълон кардани солҳои 2016 — 2020 «Панҷсолаи чораҳои ҷаҳонӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» дастгирӣ ёфт.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»