В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб

№1 (3147) 01.01.2014

Соли мор бо суботкориву сабурӣ ва бурдбориву мустақилӣ сипарӣ шуда, ҷояшро бо Соли асп иваз мекунад. Мутобиқи мучали шарқӣ, ашхосе, ки дар Соли асп зода шудаанд, чусту чолок, беқарор ва серҳаракат мешаванд.

Бар асоси фарҳанги мардумӣ дар баробари солшумориҳои мелодӣ (григориянӣ-европоӣ), ҳиҷрии қамарӣ ва ҳиҷрии шамсӣ, инчунин тақвими суннатии мучал номи дигараш мӯлҷар низ маъмул мебошад. Тақвими мучал бештар дар Шарқ маъруф аст ва аз 12 сол иборат буда,  ҳар кадом сол номи як ҳайвонро соҳиб аст ва пас аз ҳар дувоздаҳ сол такрор мешавад. Оғози як давраи мучал, яъне тартиби ҷойгиршавии ҷонварҳо чунин шурӯъ мешавад: муш, бақар (гов), паланг, харгӯш, наҳанг (моҳӣ), мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна (маймун), мурғ, саг ва хубон (хук).

Солшумории мучал бори аввал дар Ҷумҳурии Халқии Хитой тартиб ёфтааст.Ба гуфтаи муаррихон, ин солшумориро хитойиҳо аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмон тартиб додаанд. Сипас, ин тақвим тавассути муғулҳо паҳн шуда, соли 1210 дар Муғулистон ва сипас дар кишварҳои дигари Осиё роиҷ шудааст.

Ҳашт қарн муқаддам шоири форсизабон Абунасри Форобӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» солшумории мучалро чунин муаррифӣ карда буд:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.

В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Мардуми Шарқ, бахусус тоҷикон, мутобиқи мушоҳидаҳои хеш хусусиятҳои ҳар соли мансуб ба ин солшумориро муайян кардаанд, ки аз рӯйи табиату хислати ҷонварон хулоса шудааст.Солшумории мазкур барои муайян кардани синну сол истифода мешавад, яъне шахс дар он соле, ки тибқи мучал қарор дорад, таваллуд шавад, солаш ба хосияту табиати ҳамон ҷонвар монанд мешавад. Яъне, чигунагии  соли мучалро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.

Мутобиқи солшумории мелодӣ, Соли нави 2014 соли асп мебошад. Асп ҳайвонест, ки  саломатии бемисл дошта, ҷисман боқувват ва пӯё мебошад. Илова бар ин,  чорпои зикршуда, аз ҷиҳати хислат ба инсон наздик аст.

Асп яке аз ҳайвонҳои боғайрат буда, корҳои вазнин ва бисёр серҳаракатро иҷро мекунад. Мушакҳои кавшакунӣ ва дандонҳои боқувват ба аспҳо имкон медиҳад, ки хӯрокиҳои дурушт, хушк, ширадор, инчунин алафи сабзро ба хубӣ хӯранд. Дар вақти иҷрои кори вазнин аспҳо миқдори зиёди қувваашонро сарф мекунанд ва ҳангоми гармии ҳаво дар як шабонарӯз то 40-45 литр об менӯшанд.Академик Валерий Калашников дар маҷаллаи «Коневодство и конный спорт» № 3, соли 2012 иттилоъ медиҳад, ки дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 44 миллион сар асп мавҷуд аст.  Аз ҷумла саршумори аспҳо махсусан дар  Ҷумҳурии Халқии Хитой-8,2 миллион, Мексика — 6,3 миллион, Бразилия — 5,9 миллион, ИМА — 5,3 миллион, Муғулистон — 2,5 миллион, Федератсияи Россия -1,8 миллион, Қазоқистон -1,5 миллион, Украина — 0,8 миллион, Қирғизистон — 0,4 миллион ва Беларус — 0,3 миллион зиёд аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то аввалҳои моҳи июли соли 2013 –ум 79,5 ҳазор сар асп мавҷуд буд ва мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ аксарияти саршумор дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд.

Дар бораи асп ва сифати он донишмандони имрӯзу гузашта суханони зиёд гуфтаанд. Таърих гувоҳ аст, ки дини мубини Ислом ва поягузорони он ба асп ҳамчун воситаи разм бо назари нек ва дилбастагии бепоён нигариста, дар аҳодиси набавӣ аспро на танҳо ситоиш кардаанд, балки мусулмононро уҳдадор намудаанд, ки ба ин ҳайвони наҷиб ҷабри беҳуда накунанд. Аз ин ҷост, ки Паёмбари Ислом ҳар гуна шартбандиро бо асп, ба истиснои мусобиқаи аспдавонӣ ва тирандозӣ, мамнӯъ донистаанд.

Дар ривоятҳо омадааст, ки Паёмбар (с) дар рӯзи ҷанги Бадр гуфтанд: «Ин Ҷабраил аст, ки сари аспашро доштааст, дар ҳоле ки либоси ҳарб бар тан дорад». Баъзе саҳобагон дар он ҷанг садои Ҷабраил (ъ)-ро шуниданд, ки мегуфт:

«Ба пеш бирав, эй Ҳайзум (номи аспаш)!» Дар эҷодиёти аксари адибони классикӣ ва муосири тоҷик вобаста ба рисолати образҳои асар тасвири бадеии асп роҳандозӣ шудааст. Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ агар ба тасвири ин мавзӯъ ҳусни оғоз бахшида бошад, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» устураҳои мардумӣ ва нақлу ривоятҳои халқиро дар либоси назм пардоз дод, ки дар тӯли тасвири шоир баробари ҷаҳонпаҳлавонон аспони размии далеру ҷасур ва сафшикани онҳо низ алайҳи хасми Ватан дар пархошанд.

Покӣ ва оростагиву перостагӣ хоси ин ҷонвари зебо мебошад. Аслан аспҳо бо сифатҳои таковарӣ, азимҷуссагӣ, зебоӣ ва ҷилои дурахшони назаррабои бадан мехироманду медаванд. Воқеан, асп яке аз ҷонварони зебову оростае мебошад, ки аз дигар чорпоён бо чусту чолокӣ ва тездавиаш фарқ мекунад.

Ба ин тартиб, Соли нави 2014 мувофиқи тақвими мучал, ки Соли асп аст, тибқи боварҳои мардумӣ, соли заҳмату пуркорӣ ва сертараддудӣ хоҳад буд. Умедворем, хонандагони нашрия дар Соли асп дар роҳи расидан ба мақсад тавоноиву чолокиро аз даст намедиҳанд.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,  «Садои мардум»