3 июл – Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

DSC_0952Соли дуюм аст, ки дар назди шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шуъбачаи таҳвилӣ (эвакуаторӣ) амал мекунад.

- Мақсад аз ташкил намудани он, пеш аз ҳама, ба тартиб даровардани кӯчаю хиёбонҳо, назди марказҳои калони савдо, гирду атрофи бозорҳо, ки баъзе ронандагон дидаю дониста, дар қатори дуюм ва ҳатто сеюм  воситаҳои нақлиётро гузошта, ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд, мебошад. Ҳайати шахсии шуъбачаи таҳвилӣ имрӯзҳо ба муносибати 80-солагии таъсисёбии мақомоти БДА кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо саҳми бештар гузоранд.

Дар сурат: сардори шуъбачаи таҳвилии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Сайҷалол Зуҳуров (дар байн) ба нозирон пеш аз баромадан ба хизмат дастуру супориш дода истодааст.

Шерафган Латифов,  подполковники милитсия. Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ