Навид

Суғд. Сохтмони корхонаи нави истеҳсолӣ дар назар аст

№149 (4099) 12.12.2019

Дар минтақаи нави саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад.

Тибқи иттилои расида, он аз ҷониби кооперативи тиҷоратии «Имран Суғд» бо ҷалби сармояи мустақим сохта, кондитсионер, телевизор ва дигар таҷҳизоти маишӣ истеҳсол хоҳад кард. Баробари ба фаъолият оғоз намудани коргоҳ 230 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд. Оғози истеҳсоли маҳсулот соли оянда ба назар гирифта шудааст.

Минтақаи нави саноатӣ дар масоҳати 49,2 га доман паҳн карда, дар он ба 21 соҳибкори ватанӣ замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, тибқи  пешгӯиҳо, дар минтақа  49 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ ҷойгир карда мешавад.

М. Мақсудов«Садои мардум»