Ҳабҳои заҳрдор

№108 (3254) 17.09.2014

якеро сархуш, дигареро хонабардӯш мекунанд

Имрӯзҳо баробари маводи маъмулии пуртаъсири героин, нашъаву бангдона, навъҳои нави сунъӣ пайдо шудаанд, ки интиқолу истеъмолаш нисбатан осон аст. Аммо таъсир, хусусияти мадҳуш ва махмуркунандаи чун маводи мухаддир доранд.

Ин ҷо сухан аз боби ҳабҳои синтетикии психотропӣ меравад, ки чанд соли охир дар кишварҳои пешрафта ошкору пинҳонӣ мавриди истифода қарор доранд. Бахусус, дар тарабхона, марказҳои дилхушӣ миёни дӯстдорони айшу ишрат, ки маъмулан ҷавононанд, паҳн мегарданд.

Барои хариду фурӯш ва қочоқи чунин ҳабҳо гурӯҳҳои муташаккил амал мекунанд ва барои ба ҷумҳурӣ овардан восита, ҳиллаву найранги гуногунро истифода мебаранд.

Тавре аз ҳисоботи солонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мешавад, воридшавии ғайриқонунии ҳабҳои психотропӣ ба мамлакати мо сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Агар соли 2010 ҳамагӣ даҳ адад ҳаби психотропӣ мусодира шуда бошад, пас соли 2011 миқдори 1045 ҳаб ва соли 2013-ум 2031 ҳаби дар таркибаш моддаҳои аз ҷиҳати таъсирнокӣ ба МДМА (яке аз гурӯҳҳои амфетаминҳои пуртаъсир) наздик мусодира гардидааст.

Аз сабаби ба миқдори зиёд истифода бурдани баъзе аз моддаҳои пуртаъсири психотропӣ якчанд давлатҳо  онҳоро ба рӯйхати таҳти назорат дохил кардаанд.

Бо дарназардошти чунин ҳолат бо пешниҳоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 таҳти №475 «Дар бораи ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ворид кардани гурӯҳи пиперазинҳо» қабул гардид.

Таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтани чунин навъи моддаҳои психотропӣ аз он ҷиҳат зарур аст, ки онҳо бояд мақсаднок дар муассисаҳои табобатӣ истифода шаванд.

Бо вуҷуди андешидани тадбир ва чорабиниҳои зиёд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва содиршавии ҷиноятҳои вобаста ба он зиёд мегардад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 628 (соли 2013-537) ҷинояти вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба қайд гирифтаанд. Аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 гурӯҳи ҷинояткор, ки ба онҳо 42 нафар шомил буданд, қатъ карда шуд.

Дар ин муддат ҳамчунин амалҳои ҷиноятие пешгирӣ ва ошкор гардиданд, ки ба муомилоти ғайриқонунии ҳабҳои психотропӣ мутааллиқ буданд. Моҳи феврали соли 2014 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як нафар сокини шаҳри Душанбе ва се сокини вилояти Суғдро ҳангоми фурӯши 1106 дона ҳаби психотропии навъи МДМА дастгир намуданд. Нархи умумии ҳабҳо даҳ ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ин гурӯҳи муташаккил ҳабҳоро аз давлатҳои аврупоӣ харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Қочоқбарон ин моли худро дар махфигоҳи мошини сабукрав гузошта, гумон доштанд, ки ба нуқтаи муайяншуда таҳвил мешавад. Аммо ба мақсади худ, ки ба даст овардани маблағи муфт буд, нарасиданд. Моҳи июли соли ҷорӣ бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд ин чор нафар  аъзои узви гурӯҳи муташаккил ба муддати аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»