Дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2004-2006 оғоз шуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир изҳор доштанд, ки дзюдо яке аз намудҳои маъмули варзиш дар кишвар ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти мамлакат ба ин намуди варзиш меафзояд. Маҳз чунин дастгириҳо буд, ки таи чанд соли охир ду мусобиқаи байналмилалии Гран-При ва Гран – Слем оид ба дзюдо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо нишондиҳандаҳои баландро ноил шуданд. Ҳамзамон, дзюдочиён шаш роҳхати бозиҳои олимпӣ ба даст оварданд, ки дар таърихи ин намуди варзиши мамлакат нахустин аст.
Ташкилкунандагони чемпионат ҳадафи барпо намудани ин чорабинии варзиширо ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ арзёбӣ намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»