Бикуш оташи хурд пеш аз газанд...

Ҳамкорӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад

№147 (3293) 09.12.2014

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли сармо роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо тамоми вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияташон гуногун пурзӯр намуда истодаанд.

Чанде пеш бо ташаббуси Сарраёсат ва дастгирии роҳбарияти Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода, барои риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва машғулиятҳои амалию назариявии зиддисӯхторӣ ба ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Хатлон ва бозору дигар иншооти зертобеи он сафарбар карда шуд.

Гурӯҳи кории муштарак ҳолати омодабошии дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ва фаъолияти комиссияҳои техникӣ-оташнишонӣ, таъмин ва риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ошкору муайян намудани истифодабарии хатҳои ғайриқонунии қувваи барқ, вазъи садаманокӣ ва таҳдиди сӯхтор дар шабака ва истгоҳи барқӣ, тарзи васлу ҷобаҷогузории кабелу ноқилҳо ва истифодаи таҷҳизоту асбобҳои гуногуни барқиву газӣ, асбобу таҷҳизоти равшанидиҳандаи шабонаи дохили бозорҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуданд. Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба роҳбарону масъулон ва тоҷирон дастуру пешниҳод ва супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарону масъулон ва соҳибкорон машғулиятҳои назариявию амалии зиддисӯхторӣ ташкил ва баргузор гардиданд.

Бояд зикр кард, ки аз ду воҳиди кории нозирони давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ки дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб мебоист мувофиқи шартнома фаъолият менамуданд, як воҳиди кории он худсарона аз ҷониби раёсати Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб ихтисор гардида буд. Бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор бо супориши бевоситаи раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ин воҳиди кории ихтисоргардида аз нав барқарор карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар бозору марказҳои савдои вилояти Суғд низ роҳандозӣ гардида истодаанд.

 

Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон