Дар арзҳои дӯстӣ

Ҳамкориҳо тақвият меёбанд

№3 (3483) 07.01.2016

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк нишасти матбуотӣ доир гашт, ки он асосан ба масъалаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Украина бахшида шуд.

Тибқи маълумоти сафир давоми даҳ моҳи соли 2015 муомилоти мол миёни ин ду давлат бештар аз 32 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 4 млн. доллари ИМА-и он ба маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина рост меояд. Моҳи ноябри соли 2015 Радаи Олии Ҷумҳурии Украина Протокол байни Кабинети вазирони Ҷумҳурии Украина ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ кардани баъзе молҳо аз реҷаи савдои озод» ба Созишномаи байни ду давлат оид ба савдои озодро ба тасвиб расонд.

Мувофиқи таҳлили коршиносон, мавриди амал қарор гирифтани ин Протокол ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати ҳар ду давлат мусоидат менамояд. Чунончӣ, номгӯйи маҳсулоти воридотии агросаноатии Ҷумҳурии Украина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гашта, байни корхонаю муассисаҳо шаклҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи дорусозӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар соҳаи илм низ ҳамкориҳо назаррасанд. Олимон ва мутахассисони украинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таълиму тадқиқоти илмӣ машғул буда, шумораи донишҷӯёни факултети муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меафзояд.

Аз ҳисоби маблағи Украина ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар қабул мешаванд. Ҳоло дар ин муассисаҳои таълимии Украина қариб чорсад нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.

- Украина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷонибдорӣ ҷиҳати узви муваққатии Шӯрои Амнияти СММ интихоб шуданаш арзи сипос менамояд, — изҳор дошт сафир. Дар навбати худ Украина ташаббуси глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масоили об, аз ҷумла эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои рушди устувор» ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард. Дар Украина ба сиёсати дурандешонаи байналмилалӣ, саъю кӯшишҳо барои тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медиҳанд.

Соли 2016 аз садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» 30 сол пур мешавад. Дар бартараф намудани ин садама бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёт ва саломатии худро аз даст доданд.

- Дар Украина ба чунин корнамоӣ ва далерии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша эҳтиром мегузоранд ва ба некӣ ёд мекунанд, — гуфт дар фарҷом Виктор Никитюк.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»