Ҳамкорї бо ҷомеа самара медиҳад

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Чанде қабл дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» анҷумани ҷумҳуриявии кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ доир гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз вазифа ва уҳдадориҳои кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ёдовар шуда, ба онҳо барои  ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар анҷумани ҷумҳуриявӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоев, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, сардори департаменти Бюрои САҲА дар Тоҷикистон А.Лингвистон, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев баромад намуданд.

Сипас, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Бароталӣ Ҳомидов муфассал суханронӣ карда, саҳми кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёриро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ махсус таъкид кард. Аз ҷумла, мавсуф зикр намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» шаҳрвандон метавонанд ба сафи дружиначиёни ихтиёрӣ шомил гашта, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштироки  фаъолона дошта бошанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 8597 кормандони ғайриштатии милитсия фаъолият доранд. Ҳамкории онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ  беҳтар мешавад. Аз ҷониби кормандони ғайриштатии милитсия соли ҷорӣ 207 ҳолати ҷиноят ва қариб 1400 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ошкор гардид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 69 ситод таъсис шудааст, ки фаъолияти бештар аз 22  ҳазор дружиначиёни ихтиёриро танзим менамояд. Саҳми онҳо дар пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ назаррас мебошад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов барои боз ҳам пурсамар гардидани фаъолияти кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ пешниҳод намуд, ки озмуни «Корманди беҳтарини ғайриштатии милитсия» ташкил ва ба ғолиб манзили истиқоматӣ тақдим карда шавад.

Бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»