Ҳамоиши бонкдорон

№92 (3393) 08.07.2015

Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 32- юми  Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат варзиданд.

Иштирокдорони ҷаласа  ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31-уми Шӯро, чораҳо оид ба дастгирии низоми бонкӣ ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳои аъзо, таҳлили маҷмӯи маълумот оид ба пардохти асъор, ки барои гардиши мол ва хизматрасониҳо миёни давлатҳои аъзо гузаронида мешаванд ва интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто, барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза бар зидди тақаллубкорон,  мубодилаи маълумоти оморӣ, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, замон ва макони баргузории ҷаласаи 33-юми Шӯро ва масъалаҳои дигар низ мадди назар буданд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»