Ҳавасмандӣ — омили таҳрикбахш барои пешравӣ

№2 - 3 (3952 - 3953) 05.01.2019

МошинДар маъракаи имсолаи ҷамъоварии «тиллои сафед» раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода анъанаи ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода — «ҷамъбасти 20-рӯза»-и ҷамъоварии ҳосили пахтаро на танҳо аз нав эҳё кард, балки ба он шаҳомати тоза бахшид. Тибқи дастури раиси вилоят чинакчиёну ронандагони «киштиҳои кабуд» ва обронҳо низ қадршиносӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, МИМҲД вилояти Суғд барои ҳавасмандсозии кишоварзону ҳашарчиён дар ҷамъбасти се «20-рӯза» 150 ҳазор сомонӣ сарф кард.

Лозим ба ёдоварист, ки таи чор соли охир ин чорабинӣ, ки мӯҷиби рӯҳбаландии деҳқонону ҳашарчиён мегардид, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд.

Соли ҷорӣ дар вилоят 112 ҳазору 661 тонна пахта истеҳсол шуд, ки 112, 6 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 19,7 сентнерро ташкил дод. Дар оростани хирмани пурбори «тиллои сафед»-и вилоят саҳми асосиро пахтакорони ноҳияи Ашт гузоштанд. Ҳосили ҷамъовардаи онҳо 14,3 ҳазор тоннаро ташкил дод ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,4 сентнер расид.

Раиси вилояти Суғд дар вазъияти мутантан ба раисони ноҳияҳои Ашт — Зариф Мирдадо, Б. Ғафуров — Зариф Вализода, Ҷ. Расулов — Комил Салимзода, Конибодом — Зафарбек Давлатзода, Спитамен — Акрам Сулаймонзода ва Мастчоҳ — Ғайрат Азиззода калиди мошинҳои сабукрави навро тақдим кард. Кормандони корхонаҳои коркарди пахтаи «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, «Зафаробод инвест»-и ноҳияи Зафаробод, «Зафариён» ва «Юсуфсаркор»-и ноҳияи Б. Ғафуров, «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷ. Расулов, «Конибодом -коттон»-и шаҳри Конибодом, «20 — солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитамен, «Музаффар и компания»-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо туҳфаҳои хотиравӣ-телевизор сарфароз гардонида шуданд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»