Аз нишастҳои матбуотӣ

№8 (3488) 19.01.2016

нишастБисту ду ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд

Дар нишасти матбуотии Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамот Раҳим Санъат Асо роҷеъ ба фаъолияти солона маълумоти муфассал дод.

- Соли 2015  кормандони Хадамот 1981 корхона ва 12755 иншоотро ба қайд гирифта, 1273 назорати техникӣ гузарониданд, ки онҳоро 136 назорати комплексӣ, 711 назорати мақсаднок ва 426 назорати фаврӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани назорати техникӣ ба корхона ва ташкилотҳо бо дарназардошти камбудиҳои ҷойдошта барои бартараф карданашон муҳлати муайян  дода шудааст. Барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯй набудани фаъолият ба роҳбарони 82 корхона пешниҳод оид ба қатъ гардидани фаъолият дода шудааст,- гуфт дар идома Раҳим Санъат Асо.

Кормандони Хадамот шахсони масъули корхонаҳоро барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба маблағи 332 470 сомонӣ ҷарима карданд, ки ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Дебют», ҶДММ «Сомониён-14», ҶДММ «Мега Ойл — 2013», ҶДММ «Армон — 21», КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», ҶДММ «Монолит — 2011», ҶДММ «Саддарё», ҶДММ «Бунёдкор», ҶДММ «Ситораи бахтовар», КВД «Хуҷандобуканал» ва филиали Ширкати саҳомии «Озгюн иншаат таҳают ве теджират» аз ҳамин қабиланд.

Соли сипаригардида аз тарафи нозирони Хадамот 22 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолии категорияи I ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 15 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин давра тибқи тартиби муқарраргардида ба корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 203 шаҳодатномаи намудҳои фаъолият, аз ҷумла 94 шаҳодатномаи хариди маводи тарканда, 38 шаҳодатномаи истифодаи анбори маводи тарканда ва 102 иҷозатнома барои гузаронидани корҳои таркишӣ дода шуд.

М. Худойназаров,  «Садои мардум»

Ба мақомоти судӣ муроҷиатҳо зиёд мегардад

- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси суди марҳилаи якум 51 парвандаҳои ҷиноятӣ, 18 гражданӣ, шаш оилавӣ, 45 аризаҳо оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва ҳафт пешниҳодҳоро баррасӣ намуд. Аз парвандаҳои баррасишуда 47 парванда нисбати 74 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ, як парванда нисбати ду нафар бинобар нопуррагии тафтиши пешакӣ барои гузаронидани тафтиши иловагӣ баргардонида, пешбурди ду парванда нисбати ду нафар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ва бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан қатъ карда шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён.

Аз 74 маҳкумшудагон ба 67 нафарашон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шуда, нисбати шаш нафар ҷарима таъин гардид.

Дар марҳилаи якум 18 парвандаҳои гражданӣ бо қабули ҳашт ҳалнома моҳиятан ҳал ва баррасии дутоаш бинобар даст кашидани даъвогарон аз даъво ва тасдиқи созиши тарафҳо қатъ карда, як аризаи даъвоӣ бе баррасӣ мононда, ҳафт дархост оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 6400 парванда ва пешниҳодҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул шуданд. Соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2655 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва эътирозҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба соли 2014- ум 305 адад ё 13 фоиз зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба ҳар рӯзи шанбе ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон бевосита аз ҷониби раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1154 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.

Ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд, шаш парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ пурра пардохт шудаанд

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии мазкур дар соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор намуда, минҷумла зикр кард, ки қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар соли гузашта, бо дарназардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 2 миллиарду 67,4 миллион сомониро ташкил дода, назар ба соли 2014-ум 3,1 фоиз афзоиш ёфт.

Пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ бошад, дар соли 2015 пурра маблағгузорӣ шуд.

Аз маълумотномаи пешниҳодкардаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аён гардид, ки дар соли 2015 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 625461 нафар баробар шуда, нисбати як соли пеш 2,3 фоиз афзудааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 230 сомониро ташкил намуд.

Соли 2015 дар асоси фармоиши муштарак байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 65273 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузаронида шуданд, ки аз ин теъдод гурӯҳи маъюбии 43563 нафар тасдиқ ва аз ин теъдод 3542 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи маъюбии дигар гузаронида шуданд. Дар баробари ин, аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли соли гузашта, зимни муоинаи такрорӣ, гурӯҳи маъюбии 13871 нафар тасдиқи худро наёфт ва аз ин теъдод, бинобар расидан ба синну соли нафақавӣ, 3123 нафар ба нафақа аз рӯи синну сол гузаронида шуданд.

Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар, шаффофтар гардидани фаъолияти Агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохти нафақаи 460613 нафар дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо кортҳои пардохтӣ роҳандозӣ шудааст.

А. МУРОДОВ, «Садои мардум»

Барнома ба ташаккули маърифати маънавию сиёсии ҷавонон мусоидат кард

- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2015 фаъолияташро ба самти таҳкими асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ, рушди соҳаи туризм ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам Рустам.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2015 бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони (логотип)-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ҳамчунин баҳри ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №328 аз 9 январи соли 2015 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расид. Боиси хурсандист, ки 24 декабри соли 2015 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП — 652 интишор шуд, ки дар асоси он 21 нафар варзишгарони варзидаи тоҷик бо ҷоизапулӣ, ҷамъ ба маблағи 673750 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки давоми се соли охир ҷабҳаҳои амалии сиёсати давлатии ҷавононро «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2015» ташкил медод. Дар доираи Барномаи мазкур, ҷиҳати ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, рушди имконоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию методӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба таълими муассир, дастгирии эҷодии ҷавонон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ 238 лоиҳа бо фарогирии 245465 нафар наврасону ҷавонон амалӣ гардонида шуд. Соли сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита як қатор ташаббусҳои нав роҳандозӣ гардид, ки ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии онҳо мусоидат менамоянд. Дар натиҷаи ин иқдомот зиёда аз 4250 чорабинӣ доир карда шуд, ки ба онҳо як миллиону 62 227 нафар ҷавонон ҷалб гардиданд.

Кумита барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгаройӣ, терроризму экстремизм ва баҳри татбиқи чораҳои мақсадноку ҳадафманд дар соли 2015-ум 17 Нақшаи чорабиниҳои муштаракро бо вазорату идораҳои давлатӣ тасдиқ ва амалӣ гардонид, ки дар доираи онҳо 190 чорабинӣ дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ҳамчунин Кумита дар соли сипаришуда баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ корҳои муайянеро анҷом дод. Моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия калонтарин Намоишгоҳи сайёҳии дунё — ITB Вerlin — 2015 доир шуд, ки ширкатҳои сайёҳии 200 давлати дунёро ҷамъ овард. Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ гӯшаи сайёҳии кишварамон зери шиори «Тоҷикистон-кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Кумита ва 13 ширкати сайёҳии кишварамон маводи таблиғотии худро муаррифӣ намуданд.

Соли 2015 ба иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ 206 миллиону 917000 ҳазор доллари ИМА ворид гаштааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки рушди туризм дар мамлакат, пеш аз ҳама, ба беҳбудии иқтисодиёти кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.  Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Бемориҳои ирсӣ пешгирӣ мешаванд

- Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла ташхиси фаросавтӣ, рентгени рақамии сайёр, сабти барқии кори дил ва ғайра ворид ва насб шуданд. Дар ин давра дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастгоҳи даруннигарии капсулӣ насб гардида, дар доираи амалисозии «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010 — 2015» дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон озмоишгоҳи бактерологӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ беморони сил пурра ба табобат фаро гирифта шуданд. Соли сипаригардида чун соли пешин амалиёти пайвандсозии гурда идома ёфта, ҳамзамон ҷарроҳиҳои метаболикӣ ва пайвандсозии ҷигар бомуваффақият гузаронида шуд. Тайи ду-се соли охир фавти кӯдакони то синни панҷсола ва фавти модарон ҳангоми таваллуд ду баробар кам гардидааст.

Солимгардонии кӯдакони маъюб низ яке аз масъалаҳои мубрам буда, дар давраи мавриди назар оид ба пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик иқдомоти зиёд амалӣ шуд. Дар ин росто, баҳри пешгирии таваллуди навзодон бо нуқсонҳои модарзодӣ, ки сабаби зиёд шудани шумораи маъюбон мегардад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №662 аз 3 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ» таъсис дода шудааст. Аз ин рӯ, аз якуми июли соли равон барои ҷавононе, ки оила барпо мекунанд, ташхиси тиббии ҳатмӣ ҷорӣ мегардад, ки ҳадафи он ошкор кардани бемориҳои сироятӣ ва ирсӣ ба хотири таваллуди фарзанди солим мебошад.

М. ЗОКИР,  «Садои мардум»

Фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ 54,14 фоизро ташкил медиҳад

- Аҳли эҷод ва техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалиро дар сатҳи баланд инъикос намуданд, — изҳор дошт раиси Кумитаи мазкур Пирзода Маҳмадсаид зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти мавсуф, давоми чанд соли охир ҶСК «Телерадиоком» барои пешравии корхона ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба барномаҳои телевизионӣ якчанд лоиҳаҳоро таҳия намуда, марҳила ба марҳила амалӣ карда истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии рушди пахши телевизионии рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2010 таҳти №76 тасдиқ шуда буд, то имрӯз 11 фиристандаи рақамӣ дар ҷумҳурӣ насб гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки чор фиристандаи рақамии дигар дар семоҳаи аввали соли равон насб шавад. Иттилоъ гирифтем, ки айни ҳол фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои телевизионҳои марказии давлатӣ 54,14 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, моҳи декабри соли 2015 дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се муассисаи нав — Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бо 27 воҳиди корӣ, Муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш» бо 113 воҳиди корӣ ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Синамо» бо 75 воҳиди корӣ таъсис ёфта буданд.

Омили мазкур аз ҷониби роҳбарияти Кумита дастоварди арзанда арзёбӣ гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 Лоиҳаҳои сармоягузорӣ муваффақона амалӣ мешаванд

Оид ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар соли 2015 ва нақшаҳо барои соли 2016 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Исломзода Алимурод Тағоймурод ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мансубини соҳа маълумот дода, минҷумла зикр намуд, ки корхонаҳои соҳаи коммуналӣ тӯли соли гузашта ба маблағи 50 миллиону 334,7 ҳазор сомонӣ хизмат расониданд. Корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ободониву кабудизоркуниро ба андозаи 100 фоиз, ниҳолшинониро ба андозаи 110 фоиз ва кашонидани партовҳоро ба андозаи 100,6 фоизи нақша иҷро карданд. Масоҳати заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои соҳа 56,22 гектар ва 62 гармхона 8725,6 метри мураббаъро ташкил намуд, ки нисбати соли  2014 хеле зиёд мебошад.

- Ҳолати техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ яке аз камбудиҳои асосии соҳа мебошад, — таъкид намуд Исломзода Алимурод Тағоймурод ва шарҳ дод, ки аз 887 адад техникаи махсуси коммуналӣ 587 ададаш коршоям буда, 320 тои дигараш корношоям аст  ва аз шумораи умумӣ 350 адад (40 фоиз)  муҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд. Барои бо сифати хубтар роҳандозӣ кардани хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидорӣ кардани зиёда аз 900 техникаи махсус зарур мебошад.

Маълум гардид, ки мансубини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» 10800 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ, 8202 метр қубурҳои оби нӯшокӣ, 16,9 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 24,4 ҳазор километр  хатҳои барқро таъмир карда, миқдори зиёди дару тирезаҳоро таъмир ва шишабандӣ намудаанд.

Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳаи номбурда 59,5 миллион сомонӣ даромад ба даст оварданд.

Дар соҳа баҳри рушди он як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ амал мекунад. Аз ҷумла аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ барои идома додани лоиҳа ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори коммуналии ноҳияҳои Фархор ва Восеъ оид ба маблағгузории иловагӣ ба миқдори 9 миллиону 850 ҳазор доллари ИМА ҳавасмандӣ зоҳир шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2013 оғоз ва соли 2015 анҷом ёфт. Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон (ҳар ду лоиҳа аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад) ба маблағи умумии 40 миллиону 720 ҳазор доллари ИМА  муваффақона амалӣ мешавад.

Абдумаҷид МУРОДОВ,  «Садои мардум»

Донишгоҳ ба тарбияи мутахассисон диққати ҷиддӣ медиҳад

- Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои заминаи хуби моддӣ — техникиест, ки ба талаботу муқаррароти стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад. Шумораи устодони донишгоҳ 256 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 14 нафар докторони илм ва профессорон, 79 нафар номзадҳои илм, 105 нафар муаллимони калон, 58 нафар ассистентон мебошанд. Роҳбарияти донишгоҳ ба тарбияи мутахассисони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура диққати ҷиддӣ медиҳад ва аз донишҷӯёне, ки зинаи бакалаврро хатм мекунанд, беҳтаринҳоро барои таҳсил ба магистратура дар кишварҳои хориҷӣ сафарбар менамояд, — иброз намуд  ректори донишгоҳи мазкур Мумин Шарипов.

Мавсуф ҳамзамон гуфт, ки ҳамасола аз тарафи донишгоҳ 3 — 4 нафар барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Соли 2015  се нафар барои таҳсил дар зинаи магистратура ба хориҷа сафарбар гардиданд ва тамоми хароҷоте, ки давоми таҳсил сарф мешавад, аз ҳисоби донишгоҳ пардохт мегардад. Дар донишгоҳ 21 донишҷӯ ва 53 магистранти хориҷӣ таҳсил менамоянд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар гурӯҳҳои англисии донишгоҳ чор нафар устод ва хатмкардагони донишгоҳҳои Австрия, Англия ва Австралия ҷалб шудаанд. Донишгоҳ бо таълимгоҳҳои олии хориҷ аз кишвар зиёда аз 60 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Чунончӣ, соли 2015 бо Донишгоҳи аврупоии Лефке, Донишгоҳи байналмилалии Кипр, Донишгоҳи давлатии Толяттии Федератсияи Россия, Донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Фаъолияти пурмаҳсул самар овард

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен  30 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора раиси ноҳия Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда афзуд,ки дар соли 2015 буҷети ноҳия ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 42 миллион сомонӣ ба буҷет  42 миллиону 882 ҳазор сомонӣ ворид гардида, қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 102,6 фоиз таъмин шуд.

Дар соли 2015 кишоварзони ноҳия низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 100,5 фоиз, шир 100,7 фоиз ва тухм 134,2 фоиз таъмин гардид.

Давоми соли 2015 ба маблағи 147713,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 119 фоизро ташкил медиҳад.

Таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ ва соҳибкасб намудани занону духтарони ноҳия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар соли сипаргашта буд. Ҷиҳати  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №375 «Дар бораи қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди адрасу атласбофӣ тадбирҳои зиёде ба сомон расид. Дар ин замина, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Ориф Хоҷазода дар фарҷоми  суҳбат ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли равон ҷашни 90 — солагии ноҳия таҷлил хоҳад шуд.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»

Робитаҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст

- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2016 қабули довталабонро ба докторантура аз рӯи ҳафт ихтисоси доктории PHD ба нақша гирифтааст,- иброз намуд ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот зимни нишасти матбуотӣ.

Тибқи иттилои ректор, дар донишгоҳ инчунин Маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки донишҷӯён метавонанд баробари таҳсил дар Тоҷикистон тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол, Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи табиати Украина ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил намоянд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 68 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои таълимии кишварҳои Аврупо, Осиё, ИМА ва ИДМ шартнома ва созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Айни ҳол 1208 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Иваново, Кострома, Воронеж, Новгород, Ярославл, Рибинск, Уссурийск, Москва, Санкт — Петербург ва ғайра таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин таълимгоҳи олии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар сохтори он Маркази  ҳамоҳангсозии таҳсилот ба забони хориҷӣ оид ба модели аврупоии таҳсилот таъсис гардидааст. Дар заминаи он гурӯҳҳои академии таълимаш бо забони англисӣ таъсис дода шудаанд. Бо мақсади ҷалби омӯзгорони соҳибкасб барои бурдани дарсҳои тахассусӣ дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи табиат аз шаҳри Ровнои Украина ду олими ботаҷриба — Н. Б. Савина ва О. Н. Степанченко даъват шуда, аз рӯи фанҳои «Усулҳо ва моделҳои математикӣ дар иқтисодиёт» ва «Технологияҳои мултимедиявӣ» ба донишҷӯён дар муддати даҳ рӯз дарс  гузаштанд. Инчунин қарордод оид ба навиштани китобҳои муштараки дарсӣ қабул шуд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,  «Садои мардум»

Маҳсулоти ватанӣ босифат ва безарар аст

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» пеш аз нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз анбори маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанд ва тайи ду моҳи охир дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ошкору мусодира шудаанд, дидан карданд.

Тавре масъулини Агентӣ шарҳ доданд, ин маҳсулот қисман барои хӯроки чорво, қисман барои аз нав коркард равон шуда, боқимонда нест карда мешавад. Тазаккур бояд дод, ки давоми соли 2015 беш аз 3600 тонна маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯйнабуда ошкор гардид.

Журналистон ҳамзамон ба озмоишгоҳҳои Агентии «Тоҷикстандарт» даъват шуданд. Маълум гардид, ки ба ин озмоишгоҳҳо якчанд асбоби нави санҷишӣ оварда шудааст ва  мутахассисон тавассути ин асбобҳо дар ҳузури хабарнигорон санҷиш гузарониданд.

Сипас, бо иштироки роҳбарият ва мутахассисон нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қурбониён Ибодулло мухтасар дар бораи натиҷаҳои дар соли 2015 бадастомада маълумот дод. Мавсуф, пеш аз ҳама, дастовардҳои солро ёдовар шуда, аз ҷумла зикр кард, ки татбиқи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 — 2015» идома ёфта, дар асоси феҳристи Барнома дар 106 корхонаи истеҳсолӣ низоми идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шуд.  Ҳамчунин регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.  Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи соҳибкор» озмуни «Маҳсулоти беҳтарин» гузаронида шуд.

Қурбониён Ибодулло зимни посух ба саволҳои хабарнигорон таъкид намуд, ки маҳсулоти дар дохили ҷумҳуриамон истеҳсолшуда нисбатан безарар буда, дорои сифати баланд мебошанд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Арзи сипоси ректор ба журналистон

Нишасти матбуотие, ки 14 январи соли 2016 дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуд, доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷамъ овард.

Ректори донишгоҳ профессор Нуралӣ Солеҳов доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маълумоти муфассал ироа намуд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар донишгоҳ айни замон 5886 донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 3027 нафарашон дар асоси шартнома таълим мегиранд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорон аз 328 нафар, аз ҷумла 56 нафар доктор ва 144 нафар номзадҳои илм иборат мебошад.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои илмии донишгоҳ соли 2015 шаш конференсияи байналмилалӣ, ду конференсияи ҷумҳуриявӣ, 15 мизи мудаввар, ду форуми донишҷӯён доир гардидааст.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ- тадқиқотии ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ дар шакли ҳашт рисола, 12 маҷмӯа пешниҳод шудаанд. Барои таъмини сифати таълим се китоби дарсӣ ва 57 китоби  таълимии методӣ, 11 курсҳои лексия, се луғатнома чоп шуд.

Дар донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, забоншиносии қиёсӣ — таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ амал менамояд. Дар нимсолаи дуюми соли 2015 дар Шӯро як рисолаи докторӣ ва шаш рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд.

Ҳоло шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, 146 нафарро аз 11 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад.

Дар охири нишаст ректори донишгоҳ ба журналистон барои робитаи  доимиашон ба таълимгоҳи мазкур изҳори сипос намуд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»