Аз нишастҳои матбуотӣ

№10 (3490) 23.01.2016

нишастМалакаи касбии судяҳо боло меравад

Дар нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида 424 парванда, аз ҷумла дар марҳилаи якум 169, аз ҷониби коллегияи судӣ 244, дар марҳилаи назоратӣ ҳафт ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ чор парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маблағи рӯёнидашуда доир ба парвандаҳои баррасигардида 137 миллиону 716 ҳазору 680 сомонӣ ва 1 миллиону 696 ҳазору 670 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз маблағи умумии дар асоси ҳалномаҳои судӣ рӯёнидашуда ба фоидаи мақомоти давлатӣ беш аз 37 миллиону 154 ҳазору 812 сомонӣ баргардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби боҷи давлатӣ аз рӯи аризаҳои даъвоӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва ғайра ба фоидаи давлат 2 миллиону 768 ҳазору 328 сомонӣ пардохт карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мунтазам семинар- машваратҳо гузаронида мешаванд.

Судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 26 адад парвандаро дар мурофиаҳои судии сайёр баррасӣ намудаанд.

Соли гузашта аз тарафи роҳбарият ва дигар кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 608  нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

 Вазъи экологӣ муътадил аст

Айни ҳол масъалаҳои экологӣ дар маркази диққати кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро мушкилоти экологӣ характери глобалӣ касб кардааст. Дар ин самт иқдому ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла истифодаи  оқилонаи захираҳои об дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ мебошанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода махсус таъкид кард.

Тавре  дар нишаст зикр гардид, дар пешбурди сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатию соҳавӣ нақши муҳим доранд. Дар  робита ба ин, имрӯз барномаҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки барои  беҳбудии соҳа заминаҳои боэътимод  фароҳам  меоваранд. Ҳоло дар соҳаи ҳифзи муҳити зист се лоиҳаи грантӣ — «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ», ҷузъи «С», «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ва  «Пурқувват намудани иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» татбиқ шуда истодаанд. Бо дархости хабарнигорон ин лоиҳаҳо аз ҷониби масъулони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо тавзеҳ дода шуданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаро назорати давлатӣ ташкил мекунад. Дар  соли 2015 санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуда, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ 36295 пешниҳоди иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки 78 фоизи онҳо иҷро гардиданд.

Дар самти назорати таҳлилӣ дар ҷумҳурӣ 1424 намунаи обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва 816 намунаи обпартовҳои саноатию маишӣ, 608 манбаъҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ, 244 намунаи хок ташхис гардида, дар  370 нуқта дараҷаи радиатсия чен карда шуд. Натиҷаи ташхисҳои лаборатории гузаронидашуда бори дигар собит сохтанд, ки дар маҷмӯъ вазъи экологӣ муътадил аст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Иқдоми нав баҳри ҳифзи сиҳатии аҳли ҷомеа

Ба хотири боз ҳам  беҳтар намудани вазъи соҳаи тандурустӣ ва хуб ба роҳ мондани муносибати табибон бо беморон соли 2016 аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон гардид. Дар ин бора раиси вилоят зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 январ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иттилоъ дод.

- Ҳадаф аз эълони «Соли фарди солим» дар он аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди вилоят беҳтар шуда, табибон муроҷиаткунандагонро дар сатҳи зарурӣ ташхису табобат кунанд. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбир маблағгузории соҳаи тандурустии вилоят низ афзоиш ёфта, бемористон ва марказҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят таъмиру тармим мегарданд, — иброз дошт Абдураҳмон Қодирӣ.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ  Абдураҳмон Қодирӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2015 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки  қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 103,1 фоизи нақша иҷро шуд. Соли 2015 суръати афзоиши соҳаи саноат дар шаҳру ноҳияҳо таъмин гардида, дар вилояти Суғд 171 корхонаи нави саноатӣ бо 2,9 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин росто, раиси вилоят аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ифтитоҳи марказҳои ҳунаромӯзӣ дар ҳудуди вилоят ёдовар шуда, ин иқдомро воситаи хуби ҷалби занони хонашин ба кори даромаднок ва беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2015 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ ба 5 миллиарду 831,5 млн. сомонӣ баробар шуд. Дар соли 2015 ба 12 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардидаанд.

Зимни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба суолҳои худ доир ба масоили гуногуни ҳоҷагии халқи вилоят, аз қабили ободонии роҳҳо, таъсири буҳрони иқтисодӣ ба вилоят, вазъи соҳаи саноат, тандурустӣ ва маорифу кишоварзӣ  посух гирифтанд.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»

Қонуншиканӣ дар истифодаи замин

Ҳаждаҳуми январи соли равон нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумита Акбар Ятимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки давоми соли 2015 Кумита ва сохторҳои он дар маҳалҳо корҳои зиёдеро анҷом додаанд.

Бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи замин дар ҳудуди ҷумҳурӣ ченкунии назоратии кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин давра тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ майдони заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, маълум карда шуд. Маълум гардид, ки дар вилояти Хатлон майдони 6205,0 гектар, аз ин 5 047,0 гектараш обӣ, дар вилояти Суғд майдони 8996,32 гектар, аз ин 7224,7 гектараш обӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 1348,51 гектар, аз ин 713,61 гектараш обӣ, дар маҷмӯъ 16549, 83 гектар, аз ин 12985,31 гектараш обӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Зикр шуд, ки дар соли сипаришуда 10 ҳазору 987 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Соли бобарори кишоварзон

- Мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 миллиарду 578 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд мебошад,-иттилоъ дод вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти мавсуф, дар ин давра истеҳсоли ғалладона 1 миллиону 392,7 ҳазор тонна, пахта 270041 тонна, картошка 887399 тонна, сабзавот 1 миллиону 667,8 ҳазор тонна, полезӣ 592436 тонна, мевагиҳо 299257 тонна, ангур 203771 тонна, гӯшт 217701 тонна, шир 888960 тонна, пашм 7033 тонна, асал 3853 тонна, моҳӣ 2023 тонна ва тухм 357 миллиону 241 ҳазор донаро ташкил додааст.

Номбурда изҳор дошт, ки  ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуд. Соли 2015 ба хориҷи кишвар 121507 тонна сабзавот, 33409 тона меваи тар, 87675 тонна меваи хушк содирот шудааст.  Дар давраи мавриди назар бунёди боғу токзор дар ҷумҳурӣ 4603 гектарро ташкил дод.

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир гуфт, ки соли 2015 барои кишоварзони ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ соли бобарор ва пурфайзу баракат буд. Зеро кишоварзон кишти баҳорӣ, тирамоҳӣ ва такрории зироатҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки замин ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»