Аз нишасти матбуотӣ

№6 (3486) 13.01.2016

нишастТадқиқот оид ба самтҳои афзалиятнок идома ёфт

- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2015 як қатор корҳои илмию тадқиқотиро анҷом дод, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Марказ Худойбердӣ Холиқназар.

Стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи таъмини рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки тадқиқоти анҷомдодаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар чаҳорчӯбаи самтҳои мазкур оид ба таъсири фарҳанги сиёсӣ ба фаъолнокии шаҳрвандон дар идоракунии ҷомеа, фарҳанги сиёсӣ дар минтақаҳо ҳамчун омили тақвияти низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, самтгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзалиятҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ, имкониятҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, омилҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва як қатор масъалаҳои дигар тадқиқот гузаронида шуд.

Тӯли  соли гузашта Марказ шаш тадқиқоти сотсиологиро оид ба арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбию техникӣ дар сатҳи миллӣ бо такя ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон — кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика, вазъи сиёсиву идеологии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар арафаи интихоботи парламентии соли 2015, мубориза бо ифротгаройӣ ва тундгаройӣ, мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии нақши занон дар ҷомеаи муосири кишвар ва якчанд мавзӯъҳои дигар анҷом дод.

Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ширкат дар конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд аз ҷумлаи корҳои дигаре буд, ки тӯли соли гузашта Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод.

Дар поёни нишаст директори Марказ Худойбердӣ Холиқназар ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон посух гуфт.

А. МУРОДОВ, «Садои мардум»

 Дурнамои соҳаи маориф нек аст

Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятнок, пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 махсус таъкид намуд.

Аз суханронии вазири маориф ва илм ва маълумотномаи натиҷаҳои фаъолияти вазорати номбурда, ки дастраси рӯзноманигорон шуда буд, аён гардид, ки тӯли  соли гузашта ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардида бошад ҳам, то ҳол мушкилоти норасоии омӯзгорон дар якчанд шаҳру ноҳияҳо ҳалли худро наёфтааст. Барои соли таҳсили 2015-2016 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф барои 3715 нафар омӯзгор дархост пешниҳод гардид, ки он дар ВМКБ  163 нафар, вилояти Хатлон  777 нафар, вилояти Суғд 956 нафар, шаҳри Душанбе 446 нафар  ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  1373 нафарро ташкил медиҳад. Эҳтиёҷоти мазкур асосан ба омӯзгорони фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ, суруду мусиқӣ ва география ба миён омада буд.

Соли 2015, мисли солҳои пешин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва олии касбии равияҳои омӯзгорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки дар натиҷа 4157 нафар мутахассиси ҷавон дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардида, аз ин шумора 77,2 фоизи онҳо бо ҷойи кор ҳозир шуданд.

Ҳоло нарасидани омӯзгорон то 330 нафар кам шуда, дар вилояти Суғд бошад, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ пурра бартараф гардид.

Маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2015 ба 19,1 фоизи Буҷети давлатӣ баробар шуда, тамоюли зиёдшавии маблағгузории соҳа соли ҷорӣ низ идома меёбад. Сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар кишвар соли гузашта хеле ривоҷ ёфт. Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 200 бинои муассисаи таълимӣ барои 29390 ҷойи нишаст  ба маблағи 325 миллиону 204 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 19 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 8983 ҷойи нишаст ва 181 бинои иловагӣ барои 20407 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки беш аз якуним соат тӯл кашид, ба суолҳои хеле зиёди рӯзноманигорон посухҳои муфассал ва қаноатбахш гуфт.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

 61 ҳисоботи геологӣ баррасӣ шудааст

- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 корҳои шартномавиро аз рӯи 135 лоиҳа бо маблағи 12 миллиону 881284 сомонӣ анҷом дода, суръати афзоишро ба 112 фоиз расонидааст, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридора Ҷумъазода Мурод Хол.

Ҳамзамон ӯ гуфт, ки воҳидҳои сохтории Саридора дар ин давра корҳои пармагариро ба миқдори 8357 метри тӯлонӣ иҷро намудаанд. Хушбахтона, дар рафти иҷрои корҳо дар корхонаҳо ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардан ба талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои бехатарӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар соли сипаригардида Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 61 ҳисоботи геологиро таҳти баррасӣ қарор дода, дар натиҷа, захираҳо аз рӯи категорияҳои гуногун ҳисоб шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Саридора дар ин давра бо 80 ширкат қарордод оид ба муайян кардани бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 40 318 780 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 1 856 314 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 42 175 095 сомонӣ баста шуд.

Навоварии дигар таъсис ёфтани тими геологҳои ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Кристалл» мебошад. Тими мазкур дар соли аввали фаъолияташ дар Олимпиадаи Х геологҳои ҷавон дар Федератсияи Россия, ки аз 1 то 10 августи соли 2015 дар шаҳри Тюмен баргузор гардид, бомуваффақият иштирок кард.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 Соли бобарору хотирмон

Дар нишасти матбуотии дар шаҳри Ваҳдат баргузоргардида, зимни суханрониҳои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ислом Ниёзов ва муовини якуми раиси шаҳр  Бобишо Азизода, пеш аз ҳама, таъкид шуд, ки соли 2015 барои сокинони шаҳри Ваҳдат бобарору хотирмон буд.

Дар ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ду сафари корӣ анҷом дод ва бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифтанд. Бо иштироки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти «Гулистон» бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1176 нафар хонанда, биноҳои нави таълимгоҳҳо дар деҳаи дурдасти Яфраки деҳоти «Ромит» ва деҳаи Зарнисори  деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов, бинои хобгоҳ барои ҳашт оилаи омӯзгор дар деҳаи дурдасти Варваи деҳоти «Ромит», ду кӯдакистони хусусӣ ба истифода дода шуданд.

Соли 2015 фаъолияти ду корхонаи азими истеҳсолӣ – Корхонаи коркарди металлҳои рангаи ҶДММ «Пакрут» ва Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ чайна» оғоз ёфт. Бо ифтитоҳи ин ва дигар коргоҳҳои нав дар ҳудуди шаҳр 4316 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 77 миллиону 663 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 18 миллиону 767 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 32 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, давоми соли 2015 ба маблағи 43 миллиону 557 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки баробари 106 фоизи нақша мебошад. Дар маҷмӯъ, қисми даромади Буҷети давлатӣ 147 миллиону 751 ҳазор сомониро ташкил дод.

Соли 2015  кишоварзони минтақа низ хуб заҳмат кашида, ба маблағи 647 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 9 миллиону 258 ҳазор сомонӣ зиёд  мебошад.

Аз маълумотномаи ба журналистон пешниҳодшуда ва ҷавобҳои масъулин маълум гардид, ки давоми  соли гузашта ба дастгоҳи раиси шаҳр 18533 аснод ворид гардид, ки аз он 8932 ададашро муроҷиатҳои хаттӣ ва 7049 ададашро муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои зиёди журналистон масъулин ҷавобҳои мушаххас доданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Нигаронии раис аз беэътиноии журналистон

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки чор нафар хабарнигорони рӯзномаҳои давлатӣ нишасти матбуотии раиси ноҳия Назирзода Савзаалӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳия доир ба иҷрои нақшаи буҷети ноҳия сухан ронда, гуфт, ки соли 2015 он 15 миллиону 379, 4 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷрои он аз рӯи даҳ намуди сарчашмаҳои дохилӣ пешбинӣ шуда, ба буҷети ноҳия 16 миллиону 590, 6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки он аз нақшаи пешбинишуда як миллиону 211, 2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, ба андозаи 98 фоиз иҷро гардида, 28 миллиону 071 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 2 миллиону 57, 6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Кишоварзони ноҳия дар ин давра 2569 тонна ғалладонагиҳо, 2795,5 тонна картошка, 1710 тонна сабзавот, 1369 тонна мева, 91 тонна полезӣ, 906,4 тонна гӯшт, 40,6 тонна асал, 10218 тонна шир ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол карда, дар майдони 20,6 гектар боғу токзорҳои нав бунёд намуданд. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар мавзеъҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи С. Айнӣ, «Чорбоғ», «Лучоб», «Зидеҳ» ва «Деҳмалик» барои рушди соҳаи боғдорӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

То имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия дар майдони 1122 гектар кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 таҳти №418 «Дар бораи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2010 — 2016» дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7947 — то расонида шудааст.

Дар ин давра кони ангишти «Зидеҳ» 132945 тонна ангишт истеҳсол карда, мутаассифона, ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Такоб» ва ҶДММ «Сиёма» фаъолият накарданд.

Назирзода Савзаалӣ дар  поёни нишаст аз иштирок накардани рӯзноманигорон дар нишасти матбуотӣ, ки беш аз 15 нафар даъват шуда буданд, изҳори нигаронӣ кард.

М. ХУДОЙНАЗАРОВ, «Садои мардум»

 Нишондиҳандаҳои назарраси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ёздаҳуми январи соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, академик Имомзода Маҳмадюсуф иттилоъ дод, ки соли сипаришуда барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бобарор буд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар заминаи факултети тиббию фармасевтӣ факултетҳои тиббӣ ва фармасевтӣ ва дар заминаи кафедраи «Забонҳои хориҷӣ» — и факултети муносибатҳои байналхалқӣ кафедраҳои тахассусии «Забонҳои аврупоӣ» ва «Забонҳои Шарқ» таъсис ёфта, теъдоди кафедраҳои донишгоҳ ба 114 расонида шуд. Гуфта шуд, ки соли сипаришуда тамоми ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуда, раванди ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилот пурра ба анҷом расид.

- Алҳол дар 114 кафедраи донишгоҳ 1245 нафар омӯзгор, аз ҷумла шаш нафар академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, даҳ нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 148 нафар доктори илм, 480 нафар  номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин 329 нафар ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият доранд. Шумораи донишҷӯён 21 990 нафарро ташкил медиҳад, — гуфт Имомзода Маҳмадюсуф.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2015 аз ҷониби устодони  донишгоҳ 14 рисолаи докторӣ ва 89 рисолаи номзадӣ бомуваффақият дифоъ карда шуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки устодону кормандони донишгоҳ дар конференсияҳои гуногун иштирок карда, дар маҷмӯъ 2694 маърӯза  намудаанд. Дар самти нашри маводи илмиву таълимӣ низ устодони донишгоҳ пешсафанд.

Дар нишаст доир ба дигар самтҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ иттилоъ дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 Донишгоҳ 60 — сола мешавад

Дувоздаҳуми январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ Ҳайдар Одинаев оид ба  натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 ва нақшаҳо дар соли 2016 мухтасар ахборот дода, аз ҷумла иброз намуд, ки соли ҷорӣ солӣ махсус мебошад. Имсол ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ 60 — сола мешавад.

- Бо вуҷуди баъзе мушкилот аҳли донишгоҳ соли 2015 — ро хуб ҷамъбаст намуданд. Сохтори донишгоҳ мунтазам такмил меёбад, фаъолияти Парки технологӣ хеле ҷоннок гардидааст, — тазаккур дод ректор. Иттилоъ гирифтем, ки Парки технологии донишгоҳ дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкорӣ озмун гузаронид. Аз рӯи натиҷаи он ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз  шуданд. Дар соли 2015 аз тарафи Парки технологӣ ду созишнома — бо  ҶСК «Технотон» -и Ҷумҳурии Беларус ва Парки илмию техникии ДМТБ «Политехник» баста шудааст. Дар маҷмӯъ, Парки технологии ДТТ бо 13 идораву корхонаҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Донишгоҳ пурра ба низоми кредитии таълим гузашта, кӯшиш менамояд, ки ба фазои ягонаи таҳсилоти минтақавию ҷаҳонӣ ворид шуда, омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монад.  Ҳоло дар донишгоҳ ҳашт факултет, 47 кафедра аз рӯи 63 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.

Соли гузашта донишгоҳро 2283 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз онҳо 1823 нафарашон бакалавр, 433 нафарашон мутахассиси таҳсилоти олӣ дошта, 27 нафарашон магистрҳо мебошанд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои хатмкунӣ низ нисбат ба як соли пешин беҳтар мебошанд. Соли 2015 донишгоҳро 137 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд, ки шаш фоиз шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳанд.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»

 Теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ афзудааст

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ба ҳолати якуми октябри соли 2015 дар мақомоти марказӣ, маҳаллӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18704 нафар буд, ки аз ин шумора 4214 нафарашро занон ва 8049 нафар ё 43 фоизашро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ 283 нафар афзудааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки соли сипаришуда кормандони  Агентии хизмати давлатӣ дар 95 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок карданд ва аз 2479 нафари ба аттестатсия фаро гирифта шуда, 2208 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ  карда шуданд. Аз ин шумора 32 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 72 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 67 нафар ҷиҳати пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия шуданд. Зикр гардид, ки соли 2015 кормандони Агентӣ дар 434 ҷаласаи комиссияҳои озмунии 381 мақомоти давлатӣ  иштирок намуданд. Мақомоти давлатӣ ба 3719 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон карданд, ки  барои ишғоли 2898 мансаби холӣ  бо иштироки 4709 нафар довталаб озмун доир гардид. Соли 2015 ба ҳар як мансаби холӣ ба ҳисоби миёна ду нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода изҳор дошт, ки дар сохтори донишкада се факултет, ҳашт кафедра, шуъба ва бахшҳо амал менамоянд. Айни ҳол дар донишкада 92 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо чор нафар доктори илм, профессор, 16 нафар номзади илм,  дотсент мебошанд.  Бино ба гуфти мавсуф, соли 2015 дар донишкада 24 курс, аз ҷумла як курси азнавтайёркунӣ ва 11 курси такмили ихтисос ва 12 курси сайёр доир гардид, ки дар он 1021 нафар донишу малака ва маҳорати касбии худро такмил дода,  соҳиби гувоҳнома шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2015 бори аввал дар ҷумҳурӣ магистратура аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» таъсис ёфт, ки ба он 26 нафар довталаб қабул карда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 Дастовардҳо назаррасанд

Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат гирифт. Дар он натиҷаи ҷамъбасти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2015-ум ба журналистон бозгӯйӣ шуд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар соли сипаришуда қисми даромади буҷети вилоят 105,4 фоиз таъмин гардид, ки дар қиёс ба соли 2014-ум 97 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ, ба буҷети вилоят 735 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Боиси хушнудист, ки соли гузашта шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар натиҷаи зиёд кардани қисми даромади буҷет аз кумакпулии давлатӣ даст кашиданд, ки ин дастоварди хуби иқтисодию молиявӣ аст.

Соли 2015-ум бори аввал аз ҳудуди вилоят содироти маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда, аз ҷумла 370 тонна семент, 2058 тонна намак ба хориҷи мамлакат ба фурӯш бароварда шуд.

- Кишоварзон низ, — иброз намуд раиси вилоят, — соли сипаришуда дастовардҳои хуби истеҳсолӣ ба даст оварданд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба бештар аз 11 миллион сомонӣ расид ва истеҳсоли сабзавот дар шароити гармхонаҳои ҳозиразамон низ зиёд гардид.

Ҳамчунин соли сипаригардида беш аз 81 ҳазор тонна маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ содир карда шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум зиёд буда, афзоиши он 76 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш низ баробари мушкилоту масъалаҳои ҳал нашуда дастовардҳои хуб ба назар мерасанд. Дар ҳудуди вилоят бори аввал амалиёти пайвандсозии гурда бомуваффақият анҷом дода шуд, ки ин дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иттилоъ дод, ки нақшаҳои бузург барои соли 2016 тарҳрезӣ шудаанд, ки дар сурати амалӣ шудани онҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум боз ҳам беҳтар мегардад. Аз ҷумла бо мақсади аз вилояти аграрӣ ба вилояти индустриаливу аграрӣ табдил додани Хатлон бунёди якчанд корхонаи бузурги саноатӣ тарҳрезӣ гардидааст ва дар ин ҷода мо кумаку ғамхории Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб ҳис мекунем.

Раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои амиқ ва арзанда дода, онҳоро ба ҳамкории муфиду созанда баҳри ободии Ватан, даъват намуд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»

 Фаъолият самарабахш аст

Дувоздаҳуми январи соли равон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд, ки дар он доир ба фаъолияти Кумита дар соли 2015 маълумоти муфассал дода шуд.

Мутобиқи маълумоти ироагардида, як маркази исломӣ, 47 масҷиди ҷомеи марказӣ, 324 масҷиди ҷомеъ, 3558 масҷиди панҷвақта, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, як ҷамоаи динии ғайриисломӣ ва дар маҷмӯъ, 4010 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 1966 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1343 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 623 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Дар давраи мавриди назар аз рӯи нақшаи илмии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 12 конференсияи илмӣ — амалӣ, ҳафт семинар, ҳафт озмун ва ҳафт суҳбату вохӯриҳо бо иштироки шахсони мутасаддӣ доир гардид.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита танзими анъана ва ҷашну маросимҳост. Биноан, аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар маҷмӯъ, 24687 рейдҳо гузаронида шуд. Дар ин росто, аз тарафи кормандони Кумита дар соли ҷорӣ зиёда аз 70 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи мақоми ваколатдор 562 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати 568 нафар шаҳрванд тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Иттилоъ гирифтем, ки маблағи умумии ҷаримаҳо як миллиону 664 ҳазору 360 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашну идҳо ба хона — интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва бепарасторон, муассисаҳои махсуси хизматрасонии иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ва зарардидагони офатҳои табиӣ ба маблағи ду миллиону шашсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору дусаду ҳаштод сомонӣ кумакҳои пулию молӣ расониданд.

Аз суханони масъулин маълум шуд, ки бо кумаки иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ 33 адад тӯйҳои арӯсиву домодӣ ва 1161 хатнатӯйи писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат баргузор гардидааст.

Ҳамрадиф бо иқдомоти мазкур, Кумита бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ 14 ҳазор дона варақаҳои таблиғотӣ (буклет) омода ва ба табъ расонида, дар бозорҳои «Корвон» ва «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таври ройгон паҳн намудааст.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»