Баталёни сулҳҷӯ

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Баталёни сулҳҷӯ ҷавонтарин қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 13 сентябри соли 2010 мувофиқи дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Аз давраи аввали таъсисёбӣ ин баталён фаъолияти хешро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, афсарону сарбозони худро баҳри ҳимояи Ватан ва таъмини якпорчагии давлати соҳибистиқлол тайёр намуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки ҳайати афсарони роҳбарикунандаи ин баталён беҳтаринҳо дар соҳаи ихтисоси касбиашон ба шумор мераванд. Онҳо аз ҳисоби мутахассисони тайёрнамудаи муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аввалин хатмкардагони Академияи ҳарбии Ҳиндустон, ки донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ мебошанд, интихоб гардида, ба вазифаҳои масъулиятнок таъин гаштаанд.

Командири ин қисми ҳарбӣ хатмкардаи Донишгоҳи ҳарбии Ҳиндустон майор Фозил Салимов мебошад, ки бо якчанд забон ҳарф мезанад. Дар баталёни сулҳҷӯ барои таълими афсарону хизматчиёни ҳарбӣ курсҳои кӯтоҳмуҳлату дарозмуҳлат ташкил намуда, машғулиятҳо доир менамоянд.Ба сарбозон мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва таҷрибадор усулу маҳорати ҳарбӣ, техникаи ҷангиро меомӯзонанд.

Бо ҳамроҳии муовини командири баталёни мазкур оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ капитан Ҷамшед Талбаков бо шароити хизмати сарбозон шинос гаштем. Маълум шуд, ки барои ҳайати афсарону сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки тамоми машғулиятҳои тактикӣ ва таълимӣ ҷавобгӯй ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ баргузор гарданд.

Бо чанде аз сарбозон дар бораи рафти хизмат дар ин қисми низомӣ ҳамсуҳбат гаштем. Сарбозон Фаррух Ҷӯраев, Азимҷон Мирзоев, Шодибойи Ҷумъабой, Баҳрулло Ашӯров, Саидмуҳаммад Камолов, Бахтиёр Ҷӯраев аз шароит ва муносибати хуби афсарон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Капитан Ҷамшед Талбаков афзуд, ки сарбозон дар рафти хизмат соҳиби касбу ихтисоси нав мегарданд. Дар ин ҷо онҳо касбҳои ронандагӣ, алоқачӣ, барномаи компютериро аз худ намуда, забонҳои хориҷиро меомӯзанд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ онҳо метавонанд аз ин касбҳо истифода баранд.

Афсарону прапоршикҳо дар курсҳои тайёрӣ ва машқҳои муштараки низомӣ дар ИМА, Хитой, Ҳиндустон, Қазоқистон иштирок намуда, донишу маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд.

Баталёни мазкур аз ротаи таъиноти махсус, дастгирии оташнишонӣ, таъиноти махсуси амалиётҳои ҷангӣ ва взводи алоҳидаи таъминотӣ иборат мебошад. Ҳайати роҳбарикунанда ва хизматчиёни ин қисми низомӣ ҳамеша омодаанд, ки ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, дар муҳофизати марзу буми кишвар ҳиссагузор бошанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»