Ба хотири нагузаштани мошинҳои гаронвазн, хусусан дар роҳи деҳаи Бахтободи деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб, ки Корхонаи хонасозӣ ва ресандаи Кӯлобро мепайвандад, аломати махсус гузошта шудааст. Роҳи асосие, ки бояд мошинҳои гаронвазни «КамАЗ — дулан» — ҳо гузаранд, аз болои деҳа аст. Роҳи хубу ҳамвор ва асфалтпӯш. Мутаассифона, ин аломат нодаркор шудаю аз назари кормандони БДА дур мондааст? Ҳамарӯза аз ин роҳ садҳо мошини гаронвазн, ки 60 — 80 тонна ва аз ин ҳам зиёд бор доранд, мегузаранд.
Аз ҳолати ҷойдошта муовини сардори Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб Музаффар Султонов ва масъули Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Кӯлобро огоҳ кардем. Баъд аз огоҳ шудан аз вазъияти ҷойдошта дар роҳи зикршуда як маротиба рейд гузаронида, ронандаи «КамАЗ», рақами қайди давлатияш 6088 РТ 03-ро, ки на иҷозатномаи боркашонӣ дошту на патент, ҷарима намуданд.
Масъули Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Кӯлоб Музаффар Тағоев чунин гуфт: «Даҳҳо бор бо ронандагони мошинҳои гаронвазн ҳамсуҳбат шудем ва огоҳ кардем, ки ба роҳи асосӣ раванд. Ҳатто ҷарима намудем. Мутаассифона, аҳвол чунин аст.
Ҳамарӯза бо ин роҳ хонандагони МТМУ №36, хусусан синфҳои ибтидоӣ, ба мактаб мераванд. Сару рӯй ва либосашон пур аз чангу хок мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки аз сангфарш кардани ин роҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ як сол ҳам нагузаштааст. Ҳоло бошад, аз сабаби рафтуомади зиёди мошинҳои гаронвазн роҳи мазкур валангор шудааст. Чӣ гуна метавон бо чунин ҳол кӯчаю маҳаллаҳоро обод кард, вақте соҳибкор роҳ обод мекунаду ронандагон онро хароб? Кӣ бояд пеши роҳи ин ронандагонро гирад?
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»