Даъвати сокинон ба созандагӣ идома дорад

№ 26.04.2024

Чанде пеш хабарнигори рӯзнома бардошти сокинонро аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ноҳияҳои минтақаи Рашт мавриди омӯзиш қарор дод.

Қобили қайд аст, ки тамошои дастҷамъонаи мулоқоти мазкур дар чойхона-фароғатгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гирифт. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои он нахуст Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақа бо аҳли зиё, фаъолон, ходимони дин ва дигар намояндагони ҷомеа вохӯрӣ доир намуд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахшу Нуробод ва Сангвор гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳайати аҳли зиё, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар фароғатгоҳҳои маҳалҳои аҳолинишин бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода зимни суҳбат ёдовар шуд, ки «дар пеш таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сокинони ноҳияи мо, бахусус соҳибкорони ватандӯст, барои ободу зебо гардондани диёрашон тамоми имкониятҳоро равона месозанд. Вохӯриҳо бо мардум бештар дар ҳамин мавзуъҳо сурат мегиранд. Пас аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чанде аз саховатпешагоне, ки як маротиба адои ҳаҷ карда буданд, тасмим гирифтаанд, ки маблағҳои ҷамънамудаашонро дар корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили бунёди пулу таъмири роҳҳо, сохтмони китобхонаҳою бунгоҳҳои тиббӣ, дар муассисаҳои соҳаи маориф ва дастгирии оилаҳои ниёзманд, сарф намоянд. Мо тавсия дода истодаем, ки маблағҳои мазкурро баҳри харидани компютер, мизу курсӣ ва дигар ашёи таълим барои муассисаҳои соҳаи маориф сарф намоянд. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои фитри рӯза барои як нафар модари сарбози шаҳид хонаи истиқоматӣ месозем».

- Тавре Пешвои миллат баён доштанд: “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад”. Вақте мардум ба хурофот дода мешаванд, сатҳи маърифатнокию донишомӯзиашон паст мегардад ва ҳамаи ин боиси монеи рушд мешавад. Ходимони дин дар ноҳияи мо дар корҳои ободонӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ саҳми арзанда гузошта, ба корҳои созандагию ободонӣ сафарбар карда мешаванд. Онҳо дар таъмини иҷрои қонунҳои миллии кишвар “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳми арзанда доранд.  Натиҷа ҳамин аст, ки бо дастгирии аҳли зиё тайи чанд соли охир нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ бе ягон мамоният дар рӯзи аввали даъват иҷро мегардад. Ду бору се бор ва зиёда аз ин сафари ҳаҷу умра кардан дар ноҳияи мо кам ба назар мерасад. Ният дорем, ки корҳои ободонию хуррамгардониро дар ноҳия вусъат бахшида, дар ҷодаи тарбияи дурусти фарзандон ба хотири шомил нашуданашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гурӯҳҳои таблиғотиро боз ҳам пурзӯр менамоем,- гуфт раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода, зимни суҳбат.

Муовини раиси ноҳияи Лахш Шоҳимардон Шербекзода  дар суҳбат изҳор дошт, ки «дар ноҳия намояндагони ду миллат зиндагӣ мекунанд. Лахш ноҳияи наздисарҳадӣ аст, бинобар ин, ба тарбияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Боиси хушнудист, ки аксари ҳаҷравандагони ноҳия танҳо ба ҳаҷи фарзӣ мераванд.  Дар асоси қарори раиси ноҳия мо ду гурӯҳи корӣ  аз ҳисоби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия таъсис додем, ки  онҳо дар чойхона-фароғатгоҳҳо бо мардум ва муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбатҳо доир менамоянд».

Сарвари давлат дар мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Ҳамчунин, дар хусуси равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд. Дар ноҳияи мо, агар чанде ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад, мутаассифона, ҳанӯз ҳам риоя накардани талаботи қонунҳои мазкур аз тарафи баъзе ашхос ба назар мерасад. Ва ё аҳён-аҳён ҷавононе ба чашм мерасанд, ки побанди хурофот ва ё ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд. Дар ноҳияи Нуробод нақшаи корӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ баҳри баррасии нуктаҳои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷемеъа ва ходимони дин ташкил карда шуда, гурӯҳҳои таблиғотӣ деҳа ба деҳа гашта, бо мардум вохӯрӣ гузаронда истодаанд. Бовар дорам, ки вохӯриҳои мазкур бо мардум натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳанд овард. Дар натиҷаи бурдани чунин корҳои таблиғотӣ боварӣ ҳаст, ки хурофот решакан гардида, корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳия боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт, — иброз медорад мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Нуробод, Қурбоналӣ Сафиев.

Муовини раиси ноҳияи Сангвор Абдулло Олимзода гуфт, ки «сокинони ноҳияи Сангвор дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободонии диёрашон ҳиссаи босазо гузошта истодаанд. Дар ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтанд ва онҳо ҳоло дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо мардум вохӯриҳо доир намуда, нуктаҳои мулоқоти Пешвои миллатро ба самъи мардум расонда истодаанд. Сокинони ноҳияи Сангвор воқеан ҳам, саховатпешаанд. Соли гузашта  аз ҳисоби садақаи фитрашон ба оилаи як сарбози шаҳид хонаи истиқоматӣ сохтанд. Имсол аз ин ҳисоб хонаҳои истиқоматии ду оилаи камбизоатро таъмир мекунем.

Вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва хурофотпарастии бархе сокинон чораҳои судманд андешида мешавад. Имсол дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳии пайваста дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду нафар ҷавонони гумроҳшуда ба Ватан баргардонда шуданд».

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»