Маърифати ҳуқуқӣ

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

Дар Конститутсия ҳуқуқ ба ҳаёт якҷоя бо дахлнопазирии шахс пешбинӣ гаштааст, ки ин ҳолат аз пайвас­тагии ҳар дуи ин арзишҳо шаҳодат медиҳанд. Дахлнопазирии шахс аз тарафи давлат бо чораҳои махсуси ташкилию ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Бе қарори суд ё иҷозати прокурор ҳеҷ касро ҳабс кардан мумкин нест. Мувофиқи қонун прокурор вазифадор аст шахсеро, ки хилофи қонун аз озодӣ маҳрум карда шудааст ё зиёда аз муҳлати бо қонун ё ҳукми суд пешбинигашта дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, дарҳол озод намояд. Кофтукови шахс дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Бе қарори махсус ва иҷозати суд коф­тукови шахсро танҳо дар ду ҳолат гузаронидан иҷозат аст,  — дар ҳолати дастгир ва ҳабс кардан ва дар сурати мавҷуд будани тахминҳои асоснок дар бораи дар шахс ҷой доштани чиз ё ҳуҷҷатҳои барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта. Кофтукови шахсро фақат аз тарафи шахси ҳамҷинси вай ва дар ҳузури шахсони холис гузаронидан мумкин аст.

Мувофиқи моддаи 21 Конститутсия ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз менамояд. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад. Қонунгузорӣ ҳуқуқҳои ҷабрдидаро, ки ба ӯ аз ҷиноят зарари маънавӣ, ҷисмонӣ ё моддӣ расидааст, ҳимоя мекунад. Дахлнопазирии манзил яке аз ҳуқуқҳои асосии шахс буда, ба манзили вай зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар намудааст (моддаи 22). Ғайриқонунӣ гузаронидани кофтуков, аз хона баровардан ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ, ки дахлнопазирии манзили шахсро халалдор мекунад, кирдори ҷиноӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳуқуқ бештар ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноӣ ва мурофиаи ҷиноӣ кафолат дода мешавад.

Бо истифода аз вазъи иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ, хусусан шаҳри Душанбе, дар солҳои навадуми асри гузашта ҳодисаҳои аз тарафи шахсони бетараҳҳум ва нопок зӯран соҳибӣ кардани манзилҳои одамон зиёд рӯй додааст. Бахусус, манзилҳои шахсоне, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои хунини соли 1992 фирорӣ гашта буданд, аз тарафи шахсони ҷиноятпеша тасарруф карда шуданд. Ҳатто ба воситаи таҳдиду зӯрӣ аз манзилашон одамонро берун карда, онро соҳибӣ кардаанд. Ин кирдорҳо дахлнопазирии манзили шахсро вайрон карда, хилофи моддаи 22 Конститутсия мебошанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нангин Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1994 «Дар бораи чораҳои иловагии ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар бобати дахлнопазирии манзил» фармон бароварда буд. Чораҳои дар он пешбинишуда то андозае пеши роҳи ин ҷинояткориҳоро гирифтанд. Дар ин робита, Суди ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе 34 аризаи шаҳрвандонро дар бораи вайрон кардани ҳуқуқи онҳо ба манзил баррасӣ намуда, аз рӯи натиҷаи он 4 парвандаи ҷиноӣ боз карда, 3 даъворо ба суд ирсол намуд. Барои бо роҳи маъмурӣ аз манзил баровардан ду амр дода, ба шуъбаи корҳои дохилӣ як пешниҳод фиристод. Дар маҷмӯъ, судҳои ноҳияи Октябр (Исмоили Сомонӣ) ва ноҳияи Фрунзе (Сино) 54 даъвои шаҳрвандонро дар бораи аз манзил баровардани одамон баррасӣ намуданд. Аммо ин чораҳо ҳам садди роҳи ҳуқуқвайронкуниҳо гашта натавонистанд ва ҳоло ҳам ин ҷараён идома дорад.

Раёсати Шӯрои Олӣ 27 июни соли 1996 «Оиди иҷрои талаботи моддаи 22 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дахлнопазирии манзили шаҳрвандон» фармон бароварда, баробари чораҳои андешидашуда, қайд кард, ки дар ноҳияҳои Октябр ва Фрунзе ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил ҳамоно риоя намешавад. Бисёр ҳодисаҳои зӯран соҳибӣ кардани ҳавлию хонаҳои шаҳрвандон ҷой доранд. Зимнан, аксари ин ҳодисаҳо бо роҳи таҳдиди рӯирост, зӯроварӣ ва бо латукӯби шахсон, дуздии моликияти хусусӣ ва фиребгарӣ сурат мегиранд. Дар фармони мазкур нуқсонҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ташкили мубориза бар зидди чунин ҳодисаҳои нохуш махсус қайд гардидааст. Қабули санадҳои номбурда шаҳодати онанд, ки ин гуна ҳодисаҳо на танҳо дар ноҳияҳои номбурда, балки дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳову шаҳрҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон низ ҷой доштанд. Аз ин рӯ, бартараф кардани онҳо ва барқарор кардани тартиботу адолат вазифаи на фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва ҳар як инсон буд.

Конститутсия ҳуқуқи шахсро ба маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст, кафолат медиҳад (моддаи 23). Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе ризогии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. Дар асоси қонун манъи мукотиба ва аз муассисаҳои почтаю телеграф бароварда гирифтани он фақат бо иҷозати прокурор ё бо таъинот ё қарори суд мумкин аст. Тартиби таъмини маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс вазифаи коркунони корхонаю муассисаҳои алоқа мебошад. Тартиби манъ намудани хатту хабарҳо ва азназаргузаронию ҷудо карда гирифтани онҳоро Кодекси мурофиаи ҷиноӣ танзим менамояд.

Дар Кодекси мурофиаи ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби бо парвандаи ҷиноӣ шинос кардани шахси ҷабрдида, даъвогари молу мулк ва ҷавобгари молу мулк ё намояндагии онҳо бевосита аз тарафи айбдоршаванда ва ё ҳимоятчии ӯ шинос шудан ба тамоми маводи парвандаи ҷиноӣ, ба айбдоршавандаи ноболиғ ва намояндаи қонунии ӯ додани иҷозат барои шинос шудан ба парвандаи ҷиноӣ муқаррар карда шудааст.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳуқуқи шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашударо ба шиносоӣ бо парвандааш ва дар ин ҳолат аз ёрии ҳимоячӣ истифодабарии ӯро танзим намудааст.

Албатта, ҳуқуқи шинос шудани шахс ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахл доранд, фақат бо он маҳдуд намешавад. Ин меъёр ба шахс ҳуқуқ медиҳад, ки дар ҳолатҳои пешбинишуда ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар хусуси шинос кардан бо ҳуҷҷатҳои ба ӯ дахлдор муроҷиат намояд ва талаби ӯ бояд қонеъ гардонда шавад.

 Б. КАСИРЗОДА, муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия