Дар Ҷайҳун ҷамъоварии пиёз оғоз шуд

№51 (4634) 10.04.2023

Exif_JPEG_420Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии пиёзи баҳорӣ оғоз гардида, маҳсули дастранҷи деҳқонон ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид гардида истодааст.

Ҷамъоварии пиёзро деҳқонони таҷрибадори деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия оғоз бахшиданд.

Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Диловаршо Собирзода гуфт, ки соли ҷорӣ дар 3400 гектар пиёз кишт шудааст, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 721 гектар зиёд мебошад.

Ӯ афзуд, ки нашъунамоӣ пиёз хуб буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 430 сентнерро ташкил медиҳад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»