Дар Суғд майдони кишти картошка ду карат зиёд шуд

№61 (4067) 21.05.2020

1111Ноҳияҳои асосии картошкапарвар дар вилояти Суғд, Деваштичу Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ашту Истаравшан, Исфараю шаҳру деҳоти Панҷакент маҳсуб мешаванд. 

Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, нақшаи кишти картошка дар вилоят 50 фоиз иҷро шудааст. Тавре зимни суҳбат муовини раиси вилоят Рустам Каримзода иброз дошт, соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят тибқи дастури Пешвои миллат ду карат афзун шуд.

- Масоҳати кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад, ки айни замон нисфи дурнамо иҷро шудааст. Дар ин ҷода картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пешқадаманд. Тибқи маълумоти оморӣ онҳо дар 1701 гектар картошка шинониданд. Дар ҷойи дуюм ноҳияи Деваштич қарор дорад. Дар ин ноҳия 3000 гектар картошка кишт шуд. Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошкаро ба 360 гектар расонидаанд, ки 72 фисади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Масоҳати аз ҳама калони майдони картошка ба шаҳру ноҳияи Панҷакент тааллуқ дорад. Соли равон бояд дар шаҳри Панҷакент 5000 гектар картошка кишт намоянд. То ҳол кишт дар ин ноҳияи дурдаст 1724 гектарро (34,5 фоиз) ташкил медиҳад. Бино ба гуфти муовини раиси вилоят Рустам Каримзода, ҳар рӯз дар вилоят 700 гектар картошка кишта мешавад. Муҳлати анҷоми кишт дар вилоят 10 июн муқаррар шудааст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»