«Донишномаи Ёвон» ба табъ мерасад

№ 01.07.2024

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Донишномаи Ёвон» ба табъ мерасад.

Ёдовар мешавем, ки 11 июни соли 2024 аз таъсисёбии ноҳияи Ёвон 90 сол пур шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, дар он садҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Китоби мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва мондагор шудани таърихи ин ноҳия нашр хоҳад шуд.

Барои нашри китоб аллакай ситоди корӣ таъсис ёфта, дар ҳайати он адибон ва собиқадорони меҳнат ҷалб шудаанд.

- Дар китоб доир ба ҳар як деҳаву маҳалла, корхонаю муассиса, мавзеъҳои таърихӣ ва афроде, ки дар корҳои ободонию пешрафти ноҳия саҳм гузоштаанд, маълумот ҷой дода мешавад. Барои амалисозии ин иқдоми хайр ҳар як сокини ноҳия метавонад бо пешниҳоди маълумот ва факту рақамҳо саҳмгузор бошад, — гуфт раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»