Табиби ман - ҳабиби ман

Донишу малака ва масъулиятшиносӣ ӯро бармаҳал соҳибном кардаанд

№91 (3392) 06.07.2015

DSC_1097Шаммае аз рӯзгору фаъолияти сермаҳсул ва ибратомӯзи барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Алишер Муродов, ки ҳанӯз дар 33-солагиаш рисолаи докториро ҳимоя намуда, сазовори унвони профессор шудааст

Вақте атрофиёнро амиқтар мавриди мушоҳида ва пажӯҳиш қарор диҳем, муътақид хоҳем гардид, ки ба ҳеҷ ваҷҳ инсонҳо якгуна набуданду нестанд. Ҷое мебинем, ки як  нафари тарсу ва харгӯшмиҷозе аз худ шер «метарошад» ва аз ҳамнишиниаш бо бузургону ашхоси баландрутба лоф мезанад. Агар ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, ин нафари бесавод, тарсу ва калаванда  аслан барои бузургон ва ашхоси баландрутбае, ки ӯ аз онҳо ёдовар мешавад, «вуҷуд» надорад. Чунин ҳолатро дар мисоли баъзе нафароне, ки фаъолияташон аслан «маҳсул»-е надораду кори ба сомон расонидаашон ба «як фулус» намеарзад низ мушоҳида намудан имконпазир аст.Баръкси ҳол, шахсиятҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳибному соҳибэҳтиромӣ, ғанӣ будани раванди фаъолияташон аз дастоварду комёбиҳо, ки аксарашон назир надоранд, хоксориро пешаи худ намудаанд. Ба ибораи дигар, онҳо ба хубӣ дарк намудаанд, ки «мушк он аст, ки худ бибӯяд» ва ё «дар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест».

Барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Алишер Муродов аз зумраи чунин шахсиятҳои хоксору сермаҳсул, масъулиятшиносу поквиҷдон буда, дар бахши тандурустии мамлакат ва хориҷ аз он мақому манзалати хос дорад. Ҳарчанд банда нисбати хислатҳои ҳамидаи ин нафар аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, мутахассисони соҳа  ва бемороне, ки ба шарофати мавсуф шифои комил ёфтаанд, зиёд шунидаам, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби асосии рӯи саҳифа омадани чанд сатри пур аз самимият нисбаташ нест. Дар ин раванд омили асосии таҳрикбахшандаи иншои маводи мазкур  сатҳи баланди касбияти номбурда, муаррифии шоистааш ба сифати вориси Синои бузургвор аз илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, муҳимияти корҳои тадқиқотии ба сомон расида, ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии ин нафар маҳсуб меёбад, зеро фаъолияти  Алишер Муродов бевосита ба ҳифзи неъмати бебаҳои ҷомеа — саломатии инсонҳо нигаронида шудааст. Муҳимтар аз ҳама, тадқиқотҳои анҷомдодаи  мавсуф мисли корҳои илмии баъзе ба ном олимон дар рӯи  коғаз намонда, муҳлати амалӣ намуданашон низ барои «ояндаи наздик» пешбинӣ нагаштааст. Яъне, фаъолияти ин табиби масеҳонафас дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост ва мақоли халқии «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» — ро ба ёд меорад.

Ногуфта ҳувайдост, ки ниёгони мо аз қадимулайём ба табибон арҷгузорӣ карда, онҳоро аз ҷумлаи ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намудаанд.  Вожаи «табиби ман – ҳабиби ман» низ «ихтироъ»-и  нав набуда, рӯи кор омаданаш маншаъ аз  ихлосу самимият гирифтааст. Дар таълимоти дини мубини Ислом низ пизишкон мавриди эҳтиром қарор дошта, чун «фариштагони саломатӣ» арзёбӣ гаштаанд.

Замоне ба суҳбати ин олими пуркор ва пизишке, ки ба маънои томаш ҳабиби мардум шудааст, омадам, ӯро дар ҳалқаи шогирдон дарёфтам. Шогирдон ҳама мутаваҷҷеҳ ба гуфтаҳои устод, ки ҳамрадиф бо наворҳо тариқи монитор барояшон ироа мегардид, буданд. Эътироф бояд кард, ки на дар ҳама ҳолат шогирдон бо ин тарз ба ҷараёни дарс таваҷҷуҳ мекунанд. Суҳбатамон хеле ошкоро ва самимӣ сурат гирифт, ки далели возеҳи фарҳанги волои ҳамсуҳбатам маҳсуб меёбад.

- Дар мамлакати  мо, ба шарофати дастгириҳои мунтазам ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодаанд. Давоми 24 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони Давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд,- гуфт дар оғози суҳбатамон Алишер Муродов.

Дар раванди суҳбат оид ба паҳлуҳои зиёди ҳаёт ва фаъолияти номбурда маълумоти муфассал гирифтам. Муҳим он аст, ки дар ҳама ҷанбаҳо ҳаёт ва фаъоляташ  бо поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва сермаҳсулӣ тавъам буда, ба маънои томаш  ибратомӯз аст. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ фармудааст, ки « Ҳар кӣ даҳ хислат шиори худ созад, дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо ба сидқ, бо халқ ба инсоф, бо нафси худ ба қаҳр, бо дарвешон ба лутф, бо бузургон ба хидмат, бо хурдон ба шафқат, бо дӯстон ба насиҳат, бо душманон ба ҳилм, бо олимон ба тавозӯъ, бо ҷоҳилон ба хомӯшӣ. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки ин хислатҳои ҳамида сармашқи зиндагӣ ва фаъолияти Алишер Муродов эътироф ва интихоб шудаанд. Мавсуф яке аз намояндагони сулолаи табибони варзидаи мамлакат – Муродовҳо маҳсуб ёфта, тавонистааст, ки обруву нуфузи падари бузургвори худ — асосгузори соҳаи анестезиология ва эҳёшиносӣ дар Тоҷикистон Мухтор Қодирович Муродовро  на танҳо ҳифз намояд, балки онро бамаротиб афзун намояд. Ин фарзанди баору номус ҳамчун идомадиҳандаи кору номи неки падар тарзе кору зиндагӣ дорад, ки ҳамагон муътақиданд:

Марди соҳибҳунару бохираду фарзона,

Биравад аз назару лек зи дилҳо наравад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки сурати Мухтор Муродов ба ҳайси ҷавонтарин профессори кишвари шӯравӣ Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи шаҳри Москваро ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта зеб бахшида буд, зеро ӯ дар синни 34-солагӣ ба унвони доктори илмҳои тиб ва профессор мушарраф гардид. Дар таъсиси шуъбаи анестезиология ва реаниматсияи Бемористони клиникии №5 ва кафедраи ҳамноми он дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муваффақ гардида, барои рушди ин соҳаи тиб саъй намуд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки профессор Мухтор Қодирович Муродов баробари фаъолияти илмиву эҷодӣ ва таълифи даҳ асари монографию ихтироъҳои зиёде дар тарбияи шогирдон низ саҳми арзанда гузоштааст. Таҳти раҳнамоии ӯ чор доктори илми тиб ва 16 номзади илми тиб дар бахши анестезиологияю эҳёгарӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Тавре Алишер Муродов мегӯяд, ӯ низ аз камтарин шогирдони  падар аст, ки бо ҳидояти ӯ ба ин пеша майл намудааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз обруву эътибори падар суиистифода накардааст. Далел меорам: Баробари таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти парасториро дар беморхона идома дода, таҷриба андӯхт. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Иттифоқи Шӯравӣ низ муддати ду сол дар ҳамин бахш хидмат намуд. Баъди адои хидмат таҳсилро  дар донишгоҳ идома дода, ҳамзамон таҳти роҳбарии падар — устод ба фаъолияти илмӣ шурӯъ карда, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуд, вале марги беамон нагузошт, ки падар идомаи фаъолияти ӯро бубинад. Баъди хатми донишгоҳ, дар шуъбае, ки бунёди онро падараш гузошта буд, корро оғоз кард. Шабҳои бедорхобӣ, ҷаҳду ҷадал барои ба ҳаёт баргардонидани ҳар як бемори беҳису карахт, ҷустуҷӯву таҳқиқи муфассали сабабҳои беморӣ ва дарёфти роҳҳои ба ҳаракат овардани ин ё он узви  аз кор бозмондаи беморон ӯро водор менамуданд, ки  мунтазам омӯзад. Табиист, ки ин ибтикорот самар оварданд ва ин олими ҷавон пас аз ду соли хатми донишгоҳ бо дифои рисолаи номзадӣ, бемории ҳанӯз дар тиб номаълум – синдроми наверо кашф намуд. Алишер ин бемориро ба номи падар «Синдроми Муродов» гузошт, зеро қисмати клиникии онро падар тадқиқ намуду марги нобаҳангом нагузошт, ки ба итмом расонад.

Вақте аз ӯ бобати натиҷаҳои бадастомада баъди кашфиёти фавқуззикр пурсон шудем, иброз дошт, ки дар ин замина теъдоди фавти беморони вазъашон вазнини гирифтори тангии нафас аз 80 фоизи мавҷуда то 18 фоиз паст карда шуд.

- Мутаассифона, дар кишвари мо қисмати аъзами беморон то ҳанӯз муҳимияти саҳми табибони эҳёгарро дар раванди табобати бемор таври бояду шояд дарк накардаанд,- мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Пайгирии масъалаи мавриди назар собит намуд, ки суханони Алишер Муродов комилан дуруст буда, ҷойгоҳи табибони равияи зикршуда таври зарурӣ муайян нагардида, заҳмати онҳо аксари маврид пушти «парда» мемонад. Дар  кишварҳои пешрафтаи олам одатан ҳангоми ҷарроҳии вазнин беморон на ҷарроҳ, балки реаниматолог (эҳёгар)-ро интихоб мекунанд.

Алишер Муродов бори масъулияти мутахассиси реаниматолог будан ва масъулияти дар назди илми тиб доштаашро амиқ, дарк намуда, баҳри амалӣ шудани ҳадафҳояш дар ин ҷода пайваста кӯшиш намуд. Бармаҳал,   дар синни 33-солагӣ рисолаи докториро дар мавзӯи  «Қатъ шудани фаъолияти ғайринафасии шуш ҳангоми осеби шадиди шуш» дар Академияи тиббии баъдидипломии шаҳри  Санкт-Петербург бомуваффақият дифоъ намуда, дар синни 34-солагӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия сазовори унвони профессор гардид. Фаъолияти илмии ин олими ҷавон бо кори эҷодӣ тавъам  буда, муаллифи 210 таълифоти илмӣ, аз ҷумла панҷ асари монографӣ, панҷ дастурамали методӣ, се ихтироот, 17 пешниҳоди беҳсозӣ ва чор китоб  аст. Аввалин асари монографиаш «Аломати қатъ шудани кори ғайринафасии шуш», ки барои мутахассисони соҳа чун обу ҳаво зарур аст, дар ин бахш марҳилаи сифатан навро оғоз бахшидааст. Дар асари  дигари монографӣ «Аломати хунравӣ ва осеби он ба кӯдакони навзод» номбурда дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор  осеби мушаххаси хунравии шадидро  ба ҳар як аъзои бадан муфассал ва аниқ нишон додааст.

Профессор Алишер Муродов муаллифи чаҳор китоби дарсӣ — «Ҳаводиҳии сунъии шуш ҳангоми тангии нафас», «Усулҳои умумии муолиҷа ҳангоми заҳролудии шадид», «Усулҳои карахткунии ҷузъӣ дар таҷрибаи ҷарроҳӣ ва гинекологиву момодоягӣ» ва «Эҳёсозӣ ва муолиҷаи босамар ҳангоми заъфи шадиди дилу раг» мебошад. Бо саъю кӯшиши  ӯ ду асари таълимию методӣ  бо унвони «Аломати осеби шадиди шуш дар беморони вазъашон бад» ва «Аломати қатъ шудани фаъолияти ғайринафасии шуш» таълиф ва интишор ёфтаанд. Ҳанӯз 35 — сола буд, ки  ба тарбияи шогирдон иқдом намуд. Ҳоло 49  — сола буда, таҳти роҳбарии ӯ чор рисолаи докторӣ ва 25  рисолаи номзадӣ дифоъ гардиданд, ҳоло даҳ аспирант ва унвонҷӯй  ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва чор нафар барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ фаъолият доранд.

Дастовардҳои мавсуф замина фароҳам оварданд, ки соли 2000-ум барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардад. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки ин ҳамватани мо давоми  12 соли охир  раисии Шӯрои диссертатсионӣ доир ба анестезиология ва реаниматологияи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россияро ба зимма дошт.  Аз соли 2014 инҷониб,  узви Шӯрои олимони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар конференсияҳо, анҷуманҳо, симпозиумҳо ва форумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, оид ба  масъалаҳои иншоршиносӣ ва табобати боҷадал маърӯза намудааст.Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои зиёди илмӣ мебошад.Соли 2009 –ум бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст. Дар ин росто, бо мукофотҳои соҳавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Айни ҳол ба ҳайси мудири кафедраи илоҷи ихроҷӣ ва табобати боҷадали ДТБКСТ, раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба анестезиология ва реаниматология дар назди ДТБКСТ, сармутахассиси ғайривоҳидӣ оид ба  илоҷи ихроҷӣ ва табобатӣ боҷадали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  Комиссияи экспертии Шӯрои координатсионии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра  фаъолияти густурда дорад.

Фарзандонаш низ бо донишу рафтори намунавӣ аз табори бузургон будани худро собит намудаанд. Фарзанди калониаш – Ардашер Муродов дар синни 25 –солагӣ рисолаи номзадиро дар соҳаи ҳуқуқ ҳимоя намуда, айни замон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона фаъолият дорад. Фарзанди дигараш Амиршер Муродов ба пайроҳаи падару бобо рафта, соли равон ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бомуваффақият хатм намуд. Ният дорад дар бахше, ки падар ва бобояш фаъолият доштанд кору пайкор намояд.

Ин буд шаммае аз ҳаёт ва фаъолияти як нафар табиби исавиҳуш — Алишер Муродов,  ки ба маънои томаш ҳабиби мардум гардидааст. Мо ба ӯ барору комёбӣ таманно дорем.

Далер Мерганов, «Садои мардум»