Муқовимат ба ангеза ва хатарҳои муосир

№48 (3349) 02.04.2015

Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир» брифинг баргузор гардид.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода дар назди ҳозирин оид ба «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» суханронӣ  кард. Дар суханронӣ диққати асосӣ ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии он дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкории байналмилалӣ ва амалисозии барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Инчунин мавзӯи мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳои асосӣ барои муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ баргузор хоҳад гардид.

Сипас, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал суханронӣ намуда, оид ба масъалаи таҳияи барномаҳои зиддимухаддиротии СММ вобаста ба маводи нашъаовар изҳори назар кард.

Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ дар маърӯзаи худ масъалаҳои ҷорӣ намудани адлияи ювеналиро шарҳ дод.

Иштирокчиёни брифинг инчунин бо «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» ва «Таҳлили озмоишии оқибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодии истеъмоли маводи нашъаовар ба истеъмолгарон ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе» шинос шуданд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»