Қонунгузории вобаста ба замин такмил мехоҳад

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Панҷуми майи соли равон бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии ислоҳоти қонунгузории замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид.

Муовини аввали директори марказ Субҳиддин Баҳриддинов зикр намуд, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи заминистифодабарӣ зарурияти таҳлили қонунгузории заминро дар шароити ҳозира тақозо менамояд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки замин ҳамчун омили муҳими рушди сатҳи иқтисодии зиндагӣ ва манбаи асосии даромади аҳолӣ солҳои охир зери назари ҷиддии Давлату Ҳукумат қарор дорад. Кормандони  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Пулодов, Ҷ. Фархуддинов ва ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М.Соҳибов дар мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба қонунгузории замин маърӯза намуданд. Зикр шуд, ки то ҳол баъзе духӯрагиҳо, такрори  бандҳои баъзеи қонунҳо ва норасоиҳову камбудиҳои дигар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин ҷой дорад.

Пешниҳод карда шуд, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо таҳрир ва такмил аз нав қабул карда шавад.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»