Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Душанбе

№50 (3351) 07.04.2015

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  тағйироти кадрӣ  ба вуҷуд омад.

Мутобиқ ба онҳо  аз якуми апрели соли 2015 муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мансуров Ҷамшед Мақсудович  аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» ва собиқ сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» Холматов  Низомуддин Усмонович  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин гардиданд.

Инчунин Буриев Фозил Сайдалиевич — мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва Қурбонов Нуриддин Бӯриевич — директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино таъин гардиданаш, аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

Ҳамзамон Мамадорифов Мамадназар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе» озод ва ба ин вазифа Алиев Абдулхайр Абдулҳаевич таъин карда шуд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе