Мушкилот ва пешниҳод

Тамбашавии нақлиётро «даво» чист?

№133 (3118) 19.10.2013

8C289066-AFE4-499E-A87B-C0DBDF81F7A7_mw1024_mh1024_s

Тамбашавии нақлиёт, ки миёни мардум чун «пробка» маъруф аст,  яке аз падидаҳои маъмули шаҳрҳои бузурги ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта,  одатан дар шаҳрҳои калон ба мушоҳида расида,  дар тамоми олам  бо истифода аз усулҳои гуногун  масъулин пайи аз байн бурдани он аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Дар шаҳри Душанбе низ тамбашавии нақлиёт давоми солҳои охир ба  мушкилоти доғи рӯз мубаддал гардида, боиси нороҳатии сокинону меҳмонони пойтахт шудааст. Дар натиҷа, шаҳрвандон сари вақт ба макони лозимии худ рафта наметавонанд, вақти зиёди хешро дар интизории нақлиёт сарф мекунанд.

Эътироф бояд кард, ки бамаротиб зиёд гардидани теъдоди нақлиёти шахсӣ яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои кишвар гардидааст.  Манзури банда аз иншои маводи мазкур  ба ҳеҷ ваҷҳ изҳори нигаронӣ намудан аз он тамбашавиҳое, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат бинобар ҷараён доштани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо ба вуҷуд меоянд, нест, зеро дар таҷрибаи соҳаи нақлиёту нигоҳдории роҳҳо чунин тамбашавиҳоро тамбашавиҳои сунъӣ ва муваққатӣ меноманд, ки дар натиҷаи чораандешиҳо баҳри беҳтар намудани  вазъи роҳҳо ба вуҷуд омадаанд.

Сухан сари он аст, ки дар шаҳри Душанбе мавзеъҳое мавҷуданд, ки давоми солҳои охир дар онҳо тамбашавии нақлиёт ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтаасту касе аз масъулин баҳри рафъи ин ҳолат чораандешӣ намекунад. Яке аз чунин маконҳо маҳаллаи Гипроземи пойтахт аст. Тамбашавии нақлиёт дар ин маҳалла аз умдатарин мушкили сокинон ва ронандагон гардидаву умедворанд, ки дар ояндаи наздик он ҳал хоҳад шуд. Мутаассифона, давоми чанд соли охир шиддати тамбашавии нақлиёт дар ин ҷо тамоюли афзоишро касб намудааст. Масъулини соҳаро (манзурам кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти мамлакат мебошанд) лозим намеояд, ки барои ҳалли ин мушкил «Амрикои нав кашф намоянд». Масалан, амалӣ намудани якчанд иқдом, ки вазифаи ҷонии мақомоти мазкур аст, метавонад дар рафъи ҳолати зикршуда кӯмак расонад.

Дар навбати аввал, зарур аст, ки дар чорроҳаи маҳаллаи Гипрозем, ки дар  он ҷо нақлиёт ҷониби деҳоти «Чимтеппа» ва «Шаҳраки ҳарбиён» тақсим мешаванд, чароғаки роҳнамо насб шавад. Амалӣ намудани иқдоми мазкур барои мақомоти фавқуззикр ягон мушкилӣ нахоҳад дошт, зеро ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз иқтидор ва имконоти молиявии кишвар, аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории сохторҳои номбурда меафзояд.

Сониян, масъулини бозори «Деҳқон»-ро мебояд дар ҳамдастӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти мамлакат гузоштани автомобилҳоро дар канори роҳи шафати бозор пурра аз байн баранд. Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки маҳз ҳамин амали ронандаҳо дар аксари маврид боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии нақлиёт мегардад. Ва ниҳоят,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки якҷо бо сохторҳои марбута ҷиҳати ҷорӣ намудани маҳдудият барои воридшавӣ ва ҳаракати нақлиёти бузургҳаҷми боркаш дар ин минтақа иқдом намояд. Ин таҷриба қариб дар тамоми пойтахтҳои давлатҳои дигар роиҷ буда, натиҷаи хуб ба бор овардааст. Яъне, барои воридшавӣ ва ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт реҷаи махсус муайян карда шавад, зеро воридшавӣ ва ҳаракати чунин намуди нақлиёт, ки аксарашон ба бозори «Деҳқон» ва анборҳои дар ин минтақа ҷойгирбуда маҳсулоти кишоварзӣ меоранд, яке аз сабабҳои дигари ба вуҷуд омадани тамбашавии нақлиёт маҳсуб меёбад. Итминонам комил аст, ки пешниҳодоти банда аз ҷониби масъулин ба инобат гирифта мешаванд ва мо шоҳиди аз байн рафтани мушкилоти зикргардида хоҳем шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»