Ҳушдор

Эй войи кабкони дарӣ

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Ҳанӯз бачаи мактабхон будам ва аз он рӯзгор хотираҳои зиёд дар лавҳи хотир нақш бастаанд. Назди чойхона-фароғатгоҳи деҳ дарахти садаи пире қомат афрохта буд ва дар як тарафи он суфаи калоне сохта буданд. Пирони деҳ субҳ он ҷо ҷамъ меомаданд, рӯйи суфа даври дастархон менишастанд ва ба қавлӣ раҳматии бобои Раҳмон «чойпарронӣ» мекарданд. Дар шохҳои поёни сада чанд қафаси зебо овезон буд ва ҳар лаҳза ба гӯш овози хониши кабки дарӣ мерасид. Парандаҳои зебо ба навбат суруд мехонданд ва агар бо гӯши дил ба хониши онҳо гӯш медодед, маъниҳои зиёдеро дарк намудан мумкин буд. Аз хониши ширини кабки дарӣ пирони рӯзгордида ҳаловат мебурданд.

Соле, ки зимистон сахт меомад, пирони деҳ ҷавононро маҷбур мекарданд, ки панҷ-шаш кило гандумро пуштора карда, ба кӯҳ бароянду ҷойҳои бебарфро пайдо карда, онро пошанд. Яъне, парандагонро гурусна намегузоштанд. Садҳо кабки аз гуруснагӣ бемадорро ба хона оварда, то оғози фасли баҳор парвариш мекарданду рӯзҳои гарми баҳор онҳоро ба кӯҳ сар медоданд.

Вале имрӯз кор ранги дигар гирифтааст. Баробари баландтар боридани барф кабкҳо аз баландиҳо поён мефароянд. Бо умеди пайдо намудани дон ба деҳаҳо наздик мешаванд. Дар саросари водии Рашт ин рӯзҳо ҷавонон хеле серкор мешаванд. Аз бачаи мактабхон то ҷавонони сисола пайи ба чанг овардани кабкҳои гурусна аз хона мебароянд ва то фаромадани торикӣ онҳоро дунболагирӣ мекунанд. Даҳҳо кабки хушхон, ки аз гуруснагӣ мадори парвоз надоранд, ба дасти «шикорчиён» меафтанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯзҳо аз кӯҳҳо аҳён-аҳён овози кабк ба гӯш мерасад. Нафаре бо тафохур мушт ба сина мезанад, ки соли гузашта 150 кабк дастгир кардаму зимистони дароз хонаводаро бо гӯшти кабк таъмин намудам. Аз он тааҷҷуб мекунам, ки дар фасли зимистон кабкҳо хеле лоғар буда, 150-200 грамм гӯшт доранд ва нобуд кардани онҳо табиати зеборо аз ин парандаи зебо ва инсонро аз садои ширини онҳо маҳрум мегардонад.

Чаро калонсолон худро бетараф мегиранд? Чаро падару модарон пеши роҳи фарзандони худро намегиранд? Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ чӣ?! Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки тамоми ҷомеа барои пешгирии чунин муносибат иқдом кунад. Гоҳе, ки сари ин масъала андеша мекунам, ҳикояи нависандаи шинохта Баҳманёр «Соли малах» ба ёдам меояд. Ба ёд меорам, ки нобуд кардани гунҷишк дар мулки мавриди назари нависанда боиси афзоиши малах мегардад ва деҳқонон наметавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. Аз ин бармеояд, ки Офаридгор дар рӯйи замин ягон махлуқро беҳуда наофаридааст.

Диловари МИРЗО, Садои мардум»