Гусели наваскарон ба сафи артиши миллӣ

№ 03.04.2024

Даъват ХатлонДар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 2 апрели соли равон маъракаи гусели баҳории аввалин наваскарон ба сафи Артиши миллӣ доир гардид.

Нахуст, роҳпаймоии садҳо нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз саҳни бинои комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сурат гирифт.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни баромади хеш изҳор кард, ки хизмати ҳарбӣ майдони ҷасорат ва мактаби бузурги ҷавонмардӣ буда, ҷавонмардони ватандӯст, онҳое, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастанд, фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни боэътимоди ин сарзамини аҷдодӣ мебошанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш аз номи раиси вилоят ба 1000 нафар даъватшаванда, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон чор ноҳия — Вахш, Фархор, Хуросон ва Муъминобод дар аввалин рӯзи сафарбаркунӣ иҷрои нақшаи даъватро 100 фоиз таъмин намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

“Садои мардум”