Хабарҳо аз кишвар

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Шабакаи нави иттилоотӣ ташкил мешавад

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба пайваст гардидани муассисаҳои тандурустӣ ба шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустии ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.Шабакаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.Шабакаи фавқуззикр тариқи Интернет ба ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар, аз ҷумла марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пайваст гардида, ба аҳолӣ оид ба пешгирии хурӯҷи бемориҳо ва табобати онҳо, маъюбӣ, таваллуд ва фавт маълумот пешниҳод менамояд. Меъёрҳои асосии ин низом сари вақт дастрас намудани иттилоот оид ба солимии миллат ва эътимоднок будани он мебошад. Айни замон васли таҷҳизот идома дорад ва он моҳи августи соли ҷорӣ анҷом меёбад.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Тибқи иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар  майдони назди «Наврӯзгоҳи пойтахт» 5-уми июни соли равон  Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Бо қарори Раиси шаҳри  Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин сана тадбирҳои мушаххас андешанд. Бояд зикр кард, ки  42 сол инҷониб 5-уми июн дар асоси Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид  ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мешавад.

 Корхонаи нави дӯзандагӣ дар Саидқӯрғон

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари худ ба ноҳияи Спитамен дар деҳаи Саидқӯрғон ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Муҳайё» оғоз бахшид. Коргоҳи мазкур дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бунёд гашта, бо ин мақсад 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Дар сехи дӯзандагӣ зиёда аз 100 нафар бонувон ба кор фаро гирифта шудаанд.

 Духтарон қолинбоф мешаванд

АБДУРАҲМОНИ  ҶОМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум») Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши қолинбофӣ дар ҳудуди  деҳоти «Яккатут»- и ноҳия ду  адад дастгоҳи қолинбофӣ насб  шуд. Алҳол дар ин дастгоҳҳо чор нафар духтарони маҳаллӣ омӯзиши  қолинбофиро оғоз намудаанд.  Ба онҳо мутахассиси варзидаи эронӣ  Мухтор Муҳаммадӣ ҳунар меомӯзад.

Бино ба гуфтаи мавсуф: «Шарти асосии азхудкунии ин касб заҳматпешагӣ ва  пуртоқатист.  Масалан,  қолини андозааш 2 — 3 метр, ки бо мӯйинаи бузу гӯсфанд бофта мешавад,  давоми се  моҳ тайёр хоҳад шуд».

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 20 адад  дастгоҳҳои қолинбофӣ насб гардида, духтарони маҳаллӣ  барои омӯхтани нозукиҳои ин касб ҷалб шаванд.

 «Андалеб- 2014» дар Айнӣ

АЙНӢ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2014» дар ноҳияи   Айнӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар ҷамъомад аҳли эҷоди ноҳия бо барномаҳои рангини фарҳангӣ табъи иштирокчиёнро болида гардониданд. Ғайр аз ин барномаҳои фарҳангӣ, инчунин ҳунарҳои миллии ҷамоатҳои деҳот ба намоиш гузошта шуданд.

 Ёди ҳунарпешаи маъруф

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар Театри мазҳакаи мусиқии  ба номи Саидалӣ Вализода ба ифтихори 90 — солагии  раққоса  ва овозхони театри мазкур  Туйдӣ  Бобиева  ҷамъомади  тантанавӣ  баргузор гардид. Директори  театр  Амина Табарова  зимни ифтитоҳи  ҷамъомад зикр намуд, ки  дастовардҳои ҳунарии  солҳои 1930 ва 1940- уми  театр,  ба истеъдод ва фаъолияти пурмаҳсули  ин бонуи ҳунар марбут аст. Рақсу сурудҳои  дар хати пеши фронт  иҷрокардаи ӯ рӯҳияи  ҳазорҳо  сарбозони  Ҷанги Бузурги Ватаниро баланд карда буд. Дар подоши  ин ҳама  хизматҳо Т.  Бобиева  соли 1945  ба гирифтани унвони  Артисткаи хизматнишондодаи  РСС Тоҷикистон  шарафёб гаштааст.

 Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

ҶАББОР РАСУЛОВ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи  хоҷагии кишоварзии ба номи А. Самадов бо ибтикори кумитаи ноҳиявии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ семинари омӯзишии кормандони  соҳа доир шуд. Дар он зиёда аз 650 нафар иштирок карда, гузоришҳои мутахассисони кумитаи Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд, раёсати кишоварзӣ, кумитаи заминсозӣ, нозироти андоз ва прокуратураи ноҳияро оид ба масъалаҳои пардохти музди меҳнат, ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии қонуншиканиҳо, бастани шартномаҳои коллективӣ, мавҷудияти дафтарчаи меҳнатӣ, риояи қонун ва қарорҳо вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва ғайра бо мароқ гӯш карданд.

Вохӯрӣ бо эҷодкорон

ҚӮРҒОНТЕППА.  (Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум»)  Дар коллеҷи тиббии маркази маъмурии вилояти Хатлон, бо ибтикори роҳбарияти коллеҷи тиббӣ ва шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии як гурӯҳ эҷодкорон бо аҳли омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ  барпо гардид.  Дар он директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Аскар Нуриддинов, шоири ширинкалом Озар, адибон  Рустами Хомарахш, Ғаффоралӣ Сафар, Чупон Бадал  иштирок ва суханронӣ намуданд.  Адибон чанде аз шеърҳои нави худро  пешкаши ҳозирин гардонида, ҳамчунин чакидаҳои хомаи донишҷӯёни навқаламро  таҳлил ва баҳогузорӣ намуданд.

 Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд

ТУРСУНЗОДА. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб»  дар Маҷмааи варзишии «Самандар- XXI»-и шаҳри Турсунзода дар мавзӯи  «Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо» семинар баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти шаҳр хабар доданд, дар семинар доир ба фаъолият ва салоҳиятҳои мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва самти фаъолияти он дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд  маърӯзаҳо ироа гардид. Ташкилот тасмим гирифтааст, ки ҳар чӣ бештар шахсони имконияташон маҳдудро ба варзиш ҷалб намуда, иштироки онҳоро дар чорабиниҳои варзишии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъмин намояд.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.