Хабарҳо аз кишвар

№65 (3211) 19.06.2014

Ҳунармандони тоҷик дар Кувайт

ДУШАНБЕ. (Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум») Гурӯҳи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи даъвати Шӯрои илм ва фарҳанги давлати Кувайт, ба пойтахти ин кишвар — шаҳри ал-Кувайт сафар намуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон, ба ин гурӯҳ гулдухтарони Ансамбли давлатии рақсии «Зебо», мутрибони Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» ва  дигар овозхонҳои шинохтаи кишвар шомиланд. Дар доираи ин сафар, ки то 22 июн идома меёбад, онҳо якчанд барномаи рангини консертиро манзури тамошобинон мегардонанд.

 Корхонаи нави коркарди пахта

АБДУРАҲМОНИ  ҶОМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар ҳудуди  деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» корхонаи нави коркарди  пахта бунёд гардид. Он бо иқдоми соҳибкор Қурбонгул Эмомова бо мақсади коркарди пахта, ки дар ҳудуди ноҳия  ҳамасола хеле зиёд истеҳсол мегардад, бунёд ёфт. Иқтидори истеҳсолии  коргоҳи нав коркарди то 40 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар он таҷҳизоти навтарин насб гардидааст. Тавре зимни суҳбат  раиси  деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» Маҳмадалӣ Ғуломов  иброз намуд, бунёди чунин коргоҳҳо имкон медиҳанд, ки дар деҳот  саноат рушд намояд. Ба қавли мавсуф, имсол дар ҳудуди деҳот 1007 гектар пахтаи навъҳои беҳтарин кишт гардидааст ва деҳқонон ҳосили фаровонро интизоранд. Кишоварзон имкон доранд, ки маҳсули дастранҷашонро дар коргоҳи нав бо сифати хуб коркард намоянд.

 Хуршеди Ваҳдат

ДУШАНБЕ.(Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов маҳфили адабӣ — фарҳангӣ таҳти унвони «Хуршеди Ваҳдат» баргузор гардид. Маҳфилро ректори донишкада  Шодӣ Сафаров  ҳусни оғоз бахшида, сипас  муовини раиси  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат кард. Дар  маҳфил  шоирону нависандагони машҳури  тоҷик -Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод ва Гулназар  Келдӣ ширкат доштанд.

 Ҷашн – замина барои бунёдкориҳо

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи  ФАЙЗАЛӢ «Садои мардум») Дар ноҳия ба истиқболи ҷашни 20- умин солгарди қабули  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёдкорӣ  вусъат ёфта истодааст. Кормандони хоҷагии ҷангал дар ҳаҷми 105 гектар ҳудуди хоҷагии худро васеъ карда, дар ин самт панҷ гектар боғ  бунёд намуданд. Соҳибкорон Маҳмадкарим Намозов дар деҳаи Рӯдакӣ, Орзу Ашӯров дар деҳаи Ободон ва Мирзо Иззатов дар деҳаи Чашмасори деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда, даҳҳо нафар ҳамдеҳагони худро соҳиби ҷойи кор намуданд.

 Раиси вилоят хостори рафъи камбудиҳост

ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадов зимни сафари кории худ ба ноҳияи Темурмалик бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия ошно гардид. Раиси вилоят дар навбати аввал аз он иншооте боздид намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо дар арафаи анҷомёбист ва ё идома доранд.Сипас, раиси вилоят натиҷаҳои тӯли панҷ моҳи соли равон бадастовардаро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро дар заминаи бардоштҳои сафари хеш ва ҳисоботи раиси ноҳия баҳогузорӣ намуд. Зимни  натиҷагирӣ номбурда  аз иҷро нагардидани нақшаи андоз, ҳолати на чандон хуби боғу ғаллазорҳо изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ҳар чӣ зудтар бартараф карда шаванд.

 Ситоди  «Тобистон-2014»

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд ситоди  «Тобистон-2014» доир гардид. Дар он муовини раиси вилояти Суғд Раъно Маҳмудзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф, масъулини соҳаи тандурустӣ, санитарию эпидемиологӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва дигарон ширкат доштанд. Сардори Раёсати маорифи вилоят Муҳаббат Бобоҷонова оид ба вазъи осоишгоҳҳо гузориш дода, зикр кард, ки алҳол дар вилоят 620 марказҳои фароғатии мактабиён  амал мекунад. Тибқи иттилои номбурда дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғончӣ осоишгоҳҳои наздимактабӣ, меҳнатӣ- истироҳатӣ ташкил шудааст. Дар кори ситод инчунин аз камбудиҳои ҷойдошта дар мавриди омодагӣ ба қабули истироҳаткунандагон  изҳори нигаронӣ  шуда, зикр гардид, ки вазъият дар шаҳру навоҳии Истиқлол, Мастчоҳ, Ашт, Спитамен, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров беҳбудӣ мехоҳад.

 «Эзоп» боз дар саҳна

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Муассисаи давлатии Театри драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи нави «Эзоп» — ро аз рӯйи асари нависандаи бразилиягӣ  Фигейреду «Рӯбоҳ ва ангур» манзури тамошобинон кард.  Асарро коргардони  шинохта Худойдод Орифӣ ба саҳна гузоштааст.

-Баъд аз ба саҳна гузошта шудани «Эзоп» аз ҷониби  Артисти халқии РСС Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  баргаштани мо ба ин мавзӯъ тақозои замон аст ва ин асар аҳамияти калони тарбиявӣ  дорад, — гуфт Худойдод Орифӣ.

 Муаррифгарони Тоҷикистон

ДУШАНБЕ. (Дилором Шералиева, «Садои мардум»)  Дар Донишкадаи  давлатии забони русии ба номи А. Пушкини шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба  215- солагии адиби рус А. С. Пушкин олимпиадаи 13-уми байналмилалӣ  аз фанни забон ва адабиёти рус миёни 206 хонанда аз 30 давлати дунё баргузор гардид. Дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  панҷ нафар хонандаҳо ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз рӯйи натиҷаи олимпиада Нодира Раҳимова — хонандаи синфи 11-уми  мактаби президентии шаҳри Чкалов ғолиби мутлақи олимпида, соҳиби Гран-прӣ ва роҳхат барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия  гардид. Мадина Сулаймонова-хонандаи синфи 11-уми мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе  ба ҷойи якум, Мариям Осимӣ–хонандаи синфи 9-уми мактаби мазкур ва Мумтоза Маҳмадова — хонандаи синфи 8-уми гимназияи «Кафолат»-и шаҳри Душанбе  ба ҷойи дуюм, Беҳрӯз Сафаров–хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 1-уми шаҳри Душанбе ба ҷойи сеюм  сазовор гардида,  бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  шуданд.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.