Хабарҳо аз кишвар

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Олимон зироатҳоро минтақабоб карданд

ДУШАНБЕ. (Ш.АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандуми навъҳои «Файзбахш», «Шокирӣ», «ИЗ-80», «Фарҳод-60» ва картошкаи навъҳои  «Овчӣ» ва «Нурӣ»-ро минтақабоб карданд. Дар ин радиф, олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ навъҳои нави гандуми «Моҳи нав», «3000 — солагии Ҳисор» ва пахтаи миёнанахи навъи «Ҳулбук»-ро минтақабоб намуданд,

 Сафари ҷавонони суғдӣ ба минтақаи Кӯлоб

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Яксаду шаст нафар ҷавонони шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо шиори «Соли 2015 — Соли туризми дохилӣ» ба тамошои марказҳои таърихию фарҳангии минтақаи Кӯлоб омаданд. Тамошои Қасри шоҳони Хатлон дар ноҳияи Восеъ, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, осорхона, Маҷмааи ҷашнии 2700 — солагии Кӯлоб, боғи фарҳангии шаҳр ба ҷавонони суғдӣ писанд омад.

 Вусъати тозаи корҳои сохтмонӣ

ДАРВОЗ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳия корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Имрӯзҳо сохтмони бинои комиссариати ҳарбӣ, филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхона, осорхонаи дуошёна, меҳмонхона, маркази савдо ва бинои истиқоматии чорошёнаи 33-ҳуҷрадор дар авҷ аст. Қисме аз ин иншоот дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешаванд.

 Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод тасдиқгардида омодагиҳо дар ноҳия  идома дорад. Рангубори биноҳо, ороиши раставу кӯчаҳо, насби шиору овезаҳо дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ, дӯстиву ягонагӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи чунин корҳост. Қисмати бадеию фарҳангии чорабиниҳо бошад, ба зиммаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вогузор шудааст.

 Ҷамъомади боғдорон

ХУРОСОН. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» семинар — машварати вилоятӣ оид ба технологияи пешқадами интенсивии бунёд ва парваришу нигоҳубини боғу токзорҳо баргузор шуд, ки дар он олимони варзидаи соҳаи боғдории ҷумҳурӣ ва олимони шинохтаи Институти илмӣ — истеҳсолии шаҳри Краснодари Федератсияи Россия, ки солҳои зиёд бо деҳқонони хоҷагии «Асадулло» ҳамкорӣ доранд, иштирок ва суханронӣ карданд. Олимони соҳа ҳамчунин аз натиҷаи кори боғдорон дар мавзеъҳои Ёлӣ, Меҳнат ва Фахробод ошно гардиданд.

Санҷиши дониши довталабон

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар даври ниҳоии санҷиши дониши довталабони тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшаванда, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, нахустин шуда, мактаббачагони шаҳри Сарбанд имтиҳон супориданд. Зимни суҳбат муовини раиси вилояти Хатлон Шерзода Ситораи Маннон иброз намуд, ки соли равон ду ҳазор нафар довталаб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дарёфти 514 квотаи президентӣ талош хоҳанд кард. Санҷиши дониши довталабон аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб сурат мегирад.

Ифтитоҳи маркази ҳунаромӯзӣ дар деҳоти «Ёва»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Ёва»-и ноҳия Маркази таълимӣ — истеҳсолии адрасбофӣ, атласбофӣ, гилембофӣ, дӯзандагӣ ва сӯзанидӯзӣ таъсис ёфта, 30 нафар занони хонашин бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар маркази навтаъсис шаш дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва шаш дастгоҳи дӯзандагӣ насб шудаанд.

 Корхонаи «Чевар-2014» соҳиби бинои нав шуд

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар маркази шаҳраки Ғарм барои корхонаи дӯзандагии «Чевар -2014», ки айни ҳол дар он 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб таъминанд, бинои нав ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Сохтмонрушд» давоми ду моҳ ба маблағи 298 200 сомонӣ сохта шуд.

 Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бахшида ба Соли оила дар деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Шартҳои озмун аз намоиши таомҳои миллӣ, ороиши дастархон, қабули меҳмон ва дигар суннатҳои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иборат буда, дар он беҳтарин духтарони чирадасти ноҳия иштирок карданд. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

   Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав»

ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 16 июни соли равон бори нахуст дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» баргузор мешавад. Дар он беҳтарин гулпарварон ва ошпазҳои моҳир аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок менамоянд. Ба беҳтарин ширкаткунандагони фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» туҳфаҳои арзандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим мешавад.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238-58-91