Хабарҳо аз кишвар

№106 (3091) 24.08.2013

Оғози маъракаи пахтачинӣ

ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳия маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона оғоз ёфт. Аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, кишоварзони деҳоти «Панҷ» ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед»- ро шуруъ намуданд. Соли ҷорӣ саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳоти мазкур дар 2300 гектар замин кишти пахта гузарониданд. Тавре раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Тоҷиддин Тӯраев иттилоъ дод, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳот имкон доранд, ки ҳосилнокии ҳар як гектарро ба 27- 28 сентнерӣ расонанд. Хоҷагиҳои алоҳида бошанд, метавонанд то 35- 40 сентнерӣ хирмани зар бардоранд. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар, Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ низ ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ намудаанд.

 

Номгуйи маҳсулот меафзояд

ЁВОН. ( Муҳаммадшукур ҲОМИЛОВ) Корхонаи ҶСП «Ато»- и ноҳияи Ёвон (роҳбараш А. Искандаров), ки ба истеҳсоли равғани пахта машғул мебошад, коркарди равғани сой ( лӯбиё) — ро низ ба роҳ монданист. Ба ин хотир бо қарори раиси ноҳияи Ёвон 100 гектар замини корами обӣ барои кишти лӯбиё, офтобпараст ва масҳар аз ҳудуди деҳоти «Даҳана» ҷудо карда шуд. Корхона  ният дорад, ки кишти зироатҳои лӯбиёгӣ, офтобпараст ва масҳарро дар солҳои 2013-2014 ба 150 гектар расонад. Дар ҳолати муназзам гардидани фаъолияти корхона, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, оянда истеҳсоли собун ҳам ба роҳ монда мешавад.

 

Обхезӣ дар Ванҷ

ВМКБ. ( Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)   Ҳафтаи аввали моҳи август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳистон барои сокинони навоҳии ВМКБ серташвиш гузашт. Сатҳи дарёи Ванҷоб, ки аз резишгоҳи пиряхи Федченко ибтидо мегирад, мутобиқ ба ҳарорати ҳаво баланд гардида, миқдори зиёди ҷангалзор ва ҳамвориҳои  поёнобро шуста бурд.

Дар деҳаи Мурғудгаи деҳоти «Рованд» тӯғёни дарё даҳҳо дарахтони босамару бесамарро решакан намуда, ба хонаҳои сокинони деҳа хатари ҷиддӣ ворид намуд. Хушбахтона, ситоди ҳолатҳои  фавқулодда дар ноҳияи Ванҷ дар муддати ду шабонарӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят тавонист вазъиятро зери назорат қарор дода, фалокатро дар мавзеъҳои хатарнок пешгирӣ намояд.

Дар деҳаҳои Ардобак, Чихох, Удоб, Бунай, Техарв селоби дарёчаҳои кӯҳӣ сарбандҳои ҷӯйборон ва каналҳои обгузарро пурра аз байн бурда, ба маскунини маҳаллаҳо хисороти зиёде ворид сохт.

Тавре раиси Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар  ноҳия Азимҷон Шамсуддинов иттилоъ дод, баландшавии сатҳи оби Ванҷоб ҳанӯз идома дорад, вале бо тамоми неруи мавҷуда кӯшиш дорем, хатари ҷиддиро, ки ба хонаҷой, боғот ва роҳҳо таҳдид менамояд, паст намоем.

 

Амали нек

РОҒУН. (Абдулҳосил Табаров) Ба муносибати 22- солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва дастгирии соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъулини идораи сохтмонии НБО-и «Роғун» ва ашхоси саховатпеша маъракаи хатнасури 72 нафар аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Дар баробари ин, дар ҳафт моҳи сипаришуда, аз ҷониби ташкилоту идораҳои номбурда хатнасури 18 нафар ятиму бепарастор ва тӯйи арӯсию домодии панҷ ҷуфт аз оилаҳои камбизоат баргузор карда шудааст.

 

Таъмини оби деҳаи Пистамазор беҳ мегардад

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои беҳ гардонидани вазъи таъмини ҳолати оби нӯшокии деҳаи Пистамазори деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб ба андозаи  100000 сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Дар назар аст, ки  бо маблағи мазкур корҳои сохтмону барқароркунӣ дар хати оби нӯшокии деҳа ба таври таъҷилӣ  шуруъ гардад.

 

Бунёди манзилҳои баландошёна

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ бори нахуст бунёди биноҳои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид. Онҳо дар маркази ноҳия дар наздикии бинои таваллудхонаи беморхонаи ноҳиявӣ бунёд мегарданд. Ин маҷмааи манзилҳои истиқоматӣ аз чор бино иборат аст. Онҳо аз ҷониби ҶДММ «Маъруфи Ҷомӣ», ки роҳбариашро соҳибкор Саъдулло Маҳмадалиев ба уҳда дорад, бунёд мегарданд. Ин манзилҳои истиқоматӣ аз як, ду ва  се ҳуҷрагӣ иборат буда, дар онҳо оянда 112 оила соҳиби манзили зист хоҳанд шуд. Сохтмончиён ба кандани пойдевори биноҳои манзили истиқоматии мазкур ва амалисозии дигар корҳои бунёдкорӣ шуруъ намуданд. Дар ин биноҳо 40 нафар сокинони ноҳия ба корҳои сохтмонӣ машғул хоҳанд шуд. То ин вақт баландтарин биноҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия биноҳои дуошёна ҳисоб меёфтанд.

 

Истеҳсоли мева ва ангур нисбат ба соли гузашта зиёд аст

ДУШАНБЕ. ( Фирӯза Ҳабибуллоева, «Садои мардум»)  Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дурнамои ҷамъоварии мева 107923 тонна ва ангур 70957 тоннаро ташкил медиҳад. То санаи 19 августи соли равон ба миқдори 47482 тонна мева ва 6520 тонна ангур ҷамъоварӣ  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7095 тонна мева ва 905 тонна ангур зиёд аст.

 

Ифтитоҳи марказҳои нав дар вилоят

СУҒД. ( Мухтори АБДУЛЛО, « Садои мардум»)  Бо ибтикори Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва ҷонибдории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафаробод ду маркази муштараки дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид.

Марказҳои омӯзиши дӯзандагӣ барои 30 нафар занон ташкил шудааст. Дар расми ифтитоҳи марказҳои нав вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва раисони шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Зафаробод иштирок доштанд.

М.Маҳмадаминов дар маросими роҳандозии ин марказҳо гуфт, ки ифтитоҳи чунин марказҳо дар роҳи ҳунаромӯзии занони ниёзманди деҳот нақши муҳим дорад. Бино ба иттилои масъули Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов, аз ҷониби Кумитаи имдод бо ҳамкории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ чунин марказҳои касбомӯзӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Қайроққум низ барои 20 нафар чунин марказ ба истифода дода мешавад.

 

Ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукотӣ

ФАЙЗОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Соли оянда  дар ноҳия 120 — солагии гӯрғулисарои машҳури тоҷик  Ҳикмат Ризо таҷлил карда мешавад. Дар ин  бора  аз  шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод хабар дода, гуфтанд, ки бо ин мақсад аллакай ҷаласаи нахустини аъзои Кумитаи тадорукотӣ гузаронда шудааст. Мутахассисон нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ният доранд, ки ҷашни сарояндаи мардумиро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намоянд.

 

Масъули гӯша Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91