Хизматчиёни давлатӣ соҳиби сертификат гардиданд

№147 (3293) 09.12.2014

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ  дар заминаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-роҳбар»-ро гузаронид.

Ба шунавандагон ҳайати устодони варзида ва профессорон дар мавзӯъҳои сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо, суханварӣ дар хизмати давлатӣ, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия, менеҷменти нави давлатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, зан ва сиёсат, иштироки занон дар интихобот, таҳлили муқоисавии мақоми зан дар ҷомеа, нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, давлат ва таълимоти Ислом, имиҷи хизматчии давлатӣ, принсипҳои методологӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбӣ, психологияи муоширати касбӣ, воситаҳои ахбори омма ва хизматчии давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ, тартиби таҳияи ҳисобот ва гузориш, талабот оид ба таҳия намудани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имиҷи зан-роҳбар лексия-суҳбат ва лексия-мубоҳиса гузарониданд.

Ҳамзамон мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Розиқзода, муовини ректор оид ба таълим Ҳ. Нуриддинов ва дигарон бо шунавандагон доир шуд. Пас аз суҳбат- санҷиш 27 нафар хизматчиёни давлатӣ соҳиби сертификат гардиданд.

Р. ҲАБИБ, «Садои мардум»