Имкониятҳои мавҷуда ва неруи созандаи аҳли ҷомеа ба бунёдкорӣ равона мешаванд

№10 (3490) 23.01.2016

Ҳаждаҳуми январи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласа  баргузор гардид. Ба ҷаласа муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ва масъулини корхонаю идораҳои дахлдор даъват гардида буданд. 

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри  таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ,  дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус истеҳсолӣ ва  дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андоз бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар соли гузашта иҷрои нишондодҳои асосии иқтисодию иҷтимоиро таъмин намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли сипаригардида, тибқи маълумоти пешакӣ,  9,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як нафар  аҳолӣ зиёда аз 11900 сомонӣ рост меояд. Дар ин росто, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ ба андозаи 110,0 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 117,9 фоиз ва  савдои чакана 104,0 фоиз  таъмин гардид.

Аз 76 намуди маҳсулоти муҳимтарини саноатӣ дар соли 2015 истеҳсоли 45 номгӯй афзуда, истеҳсоли 26 номгӯй кам гардидааст ва панҷ номгӯй — коркарди дуюмдараҷаи алюминий, бастабандии намаки ошӣ, молҳои сахти чармӣ, мусалласи ангур ва сигарет умуман истеҳсол нашудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ислоҳи вазъ ба масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаҳои марбута то нимсолаи аввали соли 2016 ва барои пардохти қарзҳои андозӣ ба корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои шаҳр ва КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» то 1  апрели соли ҷорӣ муҳлат муқаррар намуд.

Дар ҷаласа зикр гашт, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 174865 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбати соли 2014-ум 24675 метри мураббаъ  ё 16,4 фоиз  зиёд мебошад.

Ба воситаи чор корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 19 ҷамъияти хусусӣ айни замон дар 92 хатсайр ҳамарӯза 212 адад автобус, 63 адад троллейбус, 55 адад микроавтобус ва зиёда аз 2100 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Сарфи назар аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш, пеш аз ҳама, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мавҷуд мебошанд ва масъулини соҳа бояд бетаъхир ва пайваста баҳри ҳал намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зикр гардид, ки дар соли сипаригардида  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар 23 иншооти роҳсозӣ, ки  дарозии роҳҳо 32,44 км ва масоҳаташон 754314 м2 -ро ташкил медиҳад,   беш аз 191,9  млн. сомонӣ маблағ аз худ карда, дар 13 иншоот бо дарозии 13,86 км ва масоҳати 246710 м2 корҳо ба маблағи 79472,2  ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр бошад, 404,1 км роҳҳо бо масоҳати 245945 м2, ба маблағи 23,3 млн. сомонӣ таъмири ҷорӣ шуданд. Дар ҳамин радиф соли гузашта аз ҳисоби сафарбар намудани маблағҳои барзиёди буҷети ноҳияҳо барои таъмири ҷории роҳҳои дохили маҳаллаву шаҳракҳо ва пиёдаравҳо  аз ҷониби раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур 17,4 км бо масоҳати 106833 м2, ба маблағи  беш аз 11,6 млн. сомонӣ таъмир гардиданд.

Дар ҷаласа барои мақсаднок сафарбар кардани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ дар идомаи ободонӣ қарор дода шуд, ки имкониятҳои воқеии сохторҳою сокинон ва соҳибкорон, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр — 145 шӯрои шаҳраку маҳалла ва 157 сохтори идоракунии хонаҳои бисёрошёна бо мақсади роҳандозӣ кардани фаъолияти оммавии эҳсонкорӣ дар таъмири ҷорӣ намудани роҳҳои пиёдагард, корҳои сазбкорӣ, чаманзоркунӣ, дарахтшинонӣ ва таъмири намои биноҳо дар маҳаллаю шаҳракҳо то 1 феврал дақиқ ба нақша гирифта, ҷиҳати амалӣ намуданашон аз ҷониби онҳо тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Иброз гардид, ки соли 2015 дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 32000 ҷойи корӣ, аз ҷумла доимӣ -16537, муваққатӣ — 13947 ва мавсимӣ — 1516 ҷой таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин 104,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки дар соли 2015 нақшаи умумии даромадҳо (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  102,1 фоиз ва ба маблағи 2 001,1 млн. сомонӣ иҷро шуд, ки нисбати нақша 40,5 млн. сомонӣ ва нисбати соли 2014-ум 220,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин росто, нақшаи қисми даромади Буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозҳо 105,1 фоиз иҷро  гардида, ба ҷойи   1 миллиарду 274,8 млн. сомонӣ ба буҷет 1 миллиарду 339,4  млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 78,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014-ум 85,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба санаи  1 декабри соли 2015-ум гарчанде нисбат ба 1 январи соли 2015-ум ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ кам гардида бошад ҳам, бештар аз 58 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар соли 2015 зикр гашт, ки онҳо бо 5664 адад компютер таъмин  гардиданд, ки ба 11,9 нафар хонанда як компютер рост меояд ва иҷрои Барномаи давлатӣ 125,6  фоизро ташкил медиҳад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон зикр намуд, ки масъалаи солимгардонии ҷомеа ва бо варзиш фаро гирифтану ташкили инфраструктураҳои варзишӣ, қабл аз ҳама, дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд ва ба ҳолати 1 январи соли 2016-ум  637 иншооти гуногунтаъиноти варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 43250 нафар варзишгарон ба машғулиятҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Давоми соли 2015 тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгаройӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ, бо ҷалби роҳбарони сохтору идораҳои марбута, олимону донишмандон ва мутахассисони ботаҷриба, ректорону директорони донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва дигар донишмандон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва масъулони сохтору идораҳои шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ иборат аз 315 нафар, 45 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки онҳо миёни сокинони тамоми шаҳраку маҳалла ва кормандони корхонаву идораҳои пойтахт вохӯриҳо доир намуданд.

- Сарфи назар аз ин, зиёдаравиҳо дар баргузории маъракаҳои марбут ба расму оин ва адои фаризаҳои динӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бознигарии фаъолият ва таъмини ҳар чӣ бештари волоияти қонунро дар ин самт тақозо менамояд, — иброз дошт  Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар ҷаласа қарор шуд, ки интихобу ҷобаҷогузории раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо бояд таҷдиди назар шавад. Ба ин вазифаҳои ҷамъиятии масъулиятнок, кадрҳои ҷавону мутахассисони болаёқат ва шахсони ботаҷрибаю рӯзгордида интихоб шаванд, то неруи созандаи худро ба манфиати ҷомеа сафарбар намоянд. Маъракаи интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо бояд то 1 апрели соли 2016 аз ҷониби раисони ноҳияҳои шаҳр ба анҷом расонида шавад.

Дар интиҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамагонро даъват намуд, ки дар соли таҷлили 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда ва неруи созандаи аҳли ҷомеаро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани маҳбубамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда равона  созанд.

Ш. САИДОВ