Истеҳсоли либосҳои мактабӣ зиёд шудааст

№106 (3091) 24.08.2013

Тавре маълум аст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии кишвар ва дар ин замина ташкили ҷойҳои кории нав супоришҳои мушаххас медиҳад. Яке аз чунин иқдомҳое, ки бевосита аз дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат маншаъ мегирад,  дӯхтани сарулибоси мактабӣ аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои ватанӣ мебошад. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз иҷрои ин супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз корхонаҳои азими саноатии кишвар — ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» муроҷиат намудем. Муовини директори генералии корхонаи мазкур Абдумавлон Абдуллоев иброз дошт, ки  «мувофиқи нақша бояд 25-28 мактаби шаҳри Душанберо бо либоси мактабӣ таъмин мекардем, хушнудона имрӯз, 45-50 мактаби шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ либосҳои мактабии истеҳсоли моро харидорӣ карда истодаанд». Номбурда дар идома гуфт: «Дар маҷмуъ 5-8 фоизи либосҳои мактабии истеҳсоли ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ, яъне пахтаи Тоҷикистон дӯхта шуда истодааст, ки куртаҳои писарона ва духтарона мебошад». Тибқи гуфтаи А. Абдуллоев ба баъзе мактабҳои пойтахт даҳ намуди либоси мактабиро пешниҳод кардаанд ва комитети падару модарони мактабҳо либосҳои хости худашонро интихоб ва  фармоиш додаанд, ки мувофиқи хоҳиши онҳо дӯхта мешавад. Номбурда ҳамзамон гуфт, ки то имрӯз 15-20 ҳазор адад либосҳои дӯхтаи онҳо ба фурӯш рафтааст. Аз суҳбат бо мавсуф, маълум гардид, ки либосҳои истеҳсолкардаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» сифати хуб ва нархи дастрас доранд. Аз ин рӯ, талаботи аҳолӣ низ ба онҳо афзудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 40 намуди либоси мактабӣ дӯхта мешавад ва ин нишондод сол то сол зиёд шуда истодааст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»