Кӯҳи ғурур ва ҳомии адолат

№84 (4190) 11.07.2020

ОящваиҶумъахон Ҳотамӣ 31 августи соли 1957 дар деҳаи Учқули ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) таваллуд шудааст. Солҳои 1964-1972 дар мактаби ҳаштсолаи ба номи Пайрав Сулаймонии ин ноҳия ва солҳои 1972-1974 дар мактаб-интернати №3-и деҳаи Саримайдони ноҳияи Муъминобод таҳсил карда, соли 1979 шуъбаи арабии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд.

Соли 1981 аз ҷониби иттиҳодияи «Союззагрангаз»-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии арабии Либияи халқӣ-сотсиалистӣ фиристода шуда, то соли 1984 он ҷо фаъолият намуд.  Ҳамон сол ба Ватан баргашта, муддате ба ҳайси мухбири ғайриштатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият кард. Нимаи дуюми соли 1985 Кумитаи давлатии маълумоти касбию техникии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумъахон Ҳотамиро чун мутахассиси арабшинос барои расонидани кумак ба шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина даъват намуд.

Солҳои 1987-1989 Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро барои адои қарзи интернатсионалистӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон фиристод. Вай дар шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯз, вилоятҳои Фарроҳу Ҳирот ва шаҳри Кобул хизмат намуда, дар таҳкими дӯстии мардуми ду сарзамин хизмати босазо кард. Бо мукофоти давлатии ду кишвар — орденҳои «Ситораи сурх»-и шӯравию «Дӯстии халқҳо»-и афғонӣ, медалҳои «Аз мардуми сипосгузори афғон», «10-солагии Инқилоби Савр» ва «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» сарфароз гардиданаш далели он мебошад.

Ҷумъахон Ҳотамӣ баъди бозгашт ба Ватан солҳои 1989-1991 дар вазифаи муовини директори мактаби миёнаи  №58 -и шаҳри Душанбе, 1991-1992 дар як вақт муовини директори мактаби миёнаи №73-и пойтахт ва мухбири рӯзномаи «Нидои ранҷбар»-ро ба уҳда дошт.

Вақте ки ҳодисаҳои соли 1992 оғоз ёфт, Ҷумъахонро, ки таҷрибаи хуби корӣ дошт, барои кор ба Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ даъват карданд. Соли 1993 ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, дар вазифаҳои нозири калон, ҷонишини сардор ва сарвари Маркази матбуоти ВКД фаъолият намуд. Шаш соли фаъолият дар Маркази матбуоти ВКД подполковники милитсия Ҷумъахон Ҳотамиро машҳур гардонид. Дар ҷое, ки ҷиноят рух медод, ӯ бо ҳайати корӣ он ҷо ҳозир мешуд. Дар вуҷудаш тарс, бим, ҳарос вуҷуд надошт.

Дар давраи фаъолият дар Маркази матбуоти ВКД Ҷумъахон Ҳотамӣ видеофилмҳои зиёд офарид. «Ҳомиёни Ватан», «Комбриг Файзулло», «Ҳайдаршо», «Давлаталӣ», «Маро ёд кунед!», «Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест!», «Таърих гувоҳ аст!», «Фоҷиаи Комсомолобод», «Амалиёти Сичароғ», «Варта» ва ғайра аз ҳамон ҷумла мебошанд. Дар маҷмӯъ, аз ӯ 30 видеофилм боқӣ мондааст.

Қаҳрамони матлаб адлу адолат ва фазлу ҳикматро ташвиқ карда, чун шахси ҷомеапарвару инсони башардӯст барои парафшон гардонидани ливои  саодат, хушнудии миллат ҷаҳд мекард. Шиори ӯ дар зиндагӣ чунин буд: «Фақат имрӯзро дидан нобиноист. Дирӯз ва фардоро низ бояд дид, то дилбино шавию ҷаҳоногоҳ».

Бо вуҷуди таҳдид Ҷумъахон аз роҳи пешгирифта барнагашт. Ҳақиқатро мегуфт, бо сабру тамкин, бо далелу бурҳон назарашро тавзеҳ медод. Борҳо саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзат вайро таҳдид намуданд, аммо дар ягон ҳолат бадхоҳони миллат ӯро натавонистанд сархам кунанд. Нотарсӣ ва ақлу заковати Ҷумъахон наҳзатиҳои хунхорро саргуму безобита намуд.

Тибқи нақшаи тарҳрезишудаи саркардагони ташкилоти террористии наҳзат,  подполковники милитсия Ҷумъахон Ҳотамӣ 5-уми июни соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба қатл расонида шуд.

Номбурда аз худ мактаби вафодорӣ, ҷасорату матонат ва истеъдоди нотакрори суханварӣ, ҳимояи адолату саховат ва накукорӣ ба мерос гузошт. Нотавонбинони наҳзатӣ нағз дарк намуда буданд, ки шахсиятҳоро чун Ҷумъахон на бо пул ва на бо зориву таҳдид мутеъ карда наметавонанд. Ӯ то нафаси охирин аз ноадолатии ин ташкилоти террористии наҳзатӣ сухан гуфт ва бар муқобили онҳо муборизаи беамон бурд.

Тахминан се моҳ пеш аз он воқеаи шум, ман ва Ҷумъахон Ҳотамӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сафари хизматӣ рафтем. Дар муддати се рӯз корҳоро ба анҷом расонида, ба деҳаи Шаҳри Бар-бар — зодгоҳаш меҳмон шудем. Дар гирди дастурхон бародарону ҳамсинфон ва рафиқони Ҷумъахон ҷамъ омада, то бевақтии шаб суҳбат оростанд ва гила аз он карданд, ки онҳоро дер  хабар  мегирад. Саҳари рӯз баъди гирифтани дуои падар ба ноҳияи Муъминобод омадем ва дар хонаи падари рафиқи Ҷумъахон — шоир Салими Хатлонӣ меҳмон шудем.  Баъди меҳмоннавозии зиёд ба мо рухсати сафари Душанбе доданд. Ҷумъахон дар роҳ то расидан ба пойтахт аз марги нобаҳангоми журналистони шинохта — Давлаталӣ ва Хушбахти Ҳайдаршоҳ сухан мегуфту оҳ мекашид, ки онҳо дар ҷавонӣ, айни камолоти эҷодӣ туъмаи тири нохалафи хунхорони наҳзатӣ гаштанд. Бехабар аз тақдири талхи хеш, ки ӯро низ чунин рӯз дар пеш буд. Сад афсӯс…

Баъд аз марги Ҷумъахон Ҳотамӣ рафиқи ҷониаш, шоир Салими  Хатлонӣ марсияе навишт, ки ифодакунандаи ҳаёти ӯст:

Рӯзе, ки фалак ояти тадбири туро суфт,

Дар гӯши малак рози туро марди Худо гуфт.

Чанголи аҷал занги дари умри  туро кӯфт,

Боди ғазаби халқи Худо ҷумла  барошуфт:

Фарёд, ки одам ба таги хоки бало хуфт!

Эй дӯст, куҷоӣ?

Рӯҳат шоду охиратат обод бод, устоди зиндаёд Ҷумъахон Ҳотамӣ.

Файзалӣ ҚОСИМОВ,

муаллими калони  факултети идоракунии давлатии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия