Кӯлоб. 30 тонна маҳсулоти бесифат ошкор шуд

№62 (4168) 23.05.2020

Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта корҳои назаррасро анҷом доданд.

Бино ба иттилои муовини сардори раёсат Олимшо Баҳодурзода, дар 272 нуқтаи савдо, хӯроки умумӣ ва фурӯши сӯзишворӣ санҷиш гузаронида, нисбат ба 211 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва ашхоси муҷрим ба маблағи 36 ҳазору 888 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Дар маҷмӯъ, мутахассисони бахши маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии кишоварзии раёсат барои гузаронидани ташхиси маҳсулот дар чор моҳи соли равон 1222 намунаи молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд. Дар натиҷа, 114 намуна — 30 тоннаю 705 килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлати истеъмолашон гузашта ошкор шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»