Кафили пешрафти давлат

№92 (3393) 08.07.2015

logo-vahdatМуҳимияти Ваҳдати миллиро чанде аз кормандони соҳаҳои гуногун  чунин бозгӯйӣ намуданд:   

Қодирзода Тоҳир Қамар — раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавии халқи тоҷик самараи ниҳоят зиёд овард. Созишномаи мазкур боварии ҳазорон ҳамватанони моро, ки маҷбуран аз хоки Ватан баромада рафта буданд, эҳё намуда, сабаби асосии бозгашти онҳо шуд. Заҳмату талошҳои зиёди Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус бояд зикр кард, ки ӯ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ҳолати ноором қарор дошт, ҷиҳати мулоқот бо сарварони ИНОТ сафарҳои корӣ анҷом дод ва дар натиҷа, сулҳу суботи ҷомеа таъмин гардид. Оғози сиёсати сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб садо дода буд.

Ваҳдати миллӣ дар мамлакат ба пешравии илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуд. Дар бораи ин санади тақдирсоз Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор зикр менамоянд, ки Созишномаи мазкур аз лиҳози аҳамияти худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ оромию субот дар кишвари мо ҳукмфармост ва он барои пешрафти тамоми соҳаҳо таъсири мусбати худро мерасонад.

Ҳаётзода Нурхон Шариф — директори Муассисаи давлатии «Маркази   миллии тиббӣ»:

- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти чорсолаи байни тоҷикон, мулоқоту машваратҳо, заҳмати фаровони ҳайатҳои музокиракунандаи тарафҳо ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад.Халқи боиродаву пурзаковати тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз ақл кор гирифта, зиддиятҳоро бартараф сохта, сарзамини ғарқи низоъгаштаро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшад.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ омили асосии таъминкунанда, шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он  рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо сарварии Президенти сулҳҷӯю сулҳхоҳ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софу беғубори Ваҳдати миллӣ зиндагии осоишта ба сар мебаранд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати миллии бадастомада Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббӣ» ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  марказ бо  дастгоҳҳои томографӣ, рентгенӣ, видеобронхоскопҳо, лапараскоп, систоскоп, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, кардиомониторҳо, асбобу анҷоми лабораторӣ, таҷҳизот барои амалиётҳои эндовидеохирургия ва дигар таҷҳизоти тиббии замонавӣ  таъмин гардидааст.

Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»