Ба истиқболи 21- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия — василаи таъмини адолат

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

конститутсияКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат ифодакунандаи  асосҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии он, санади  асосии танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва яке аз муқаддастарин дастоварди даврони истиқлолият мебошад.

Дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилие, ки аз ҷониби душманони дохилию хориҷӣ ба сари халқу миллати мо таҳмил шуда буд, рукнҳои давлатдорӣ пурра фалаҷ гашта, фақат баъди баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри  Арбоби шаҳри Хуҷанд ва Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди ҷонфидои миллат, марди шуҷою матинирода Эмомалӣ Раҳмон ақлу хиради азалии мардуми мо ғолиб омада, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Давлати мо минбаъд ба сӯи ислоҳоти конститутсионӣ қадамҳои нахустини худро гузошт.

Ба шарофати кӯшишҳо ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми Тоҷикистон мо тавонистем 6 — уми ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

Имрӯз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳо буда, дар ҷаҳон шинохта ва эътироф шудааст.

Бояд зикр намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки давоми 21 соли амал намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, пеш аз ҳама, баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудаанд. Дар ин давра ҷиҳати татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳо ва Паёмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳо  қабул ва татбиқ шуда, ислоҳоти ҳуқуқӣ бомаром идома ёфт. Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2008 — 2015, Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2010 ва 2011- 2013 ва ғайра таҳия ва қабул шуданд. Барои татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба устувор гардонидани  рукнҳои давлатдорӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки рушди давлати ҳуқуқбунёди моро таъмин менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки саҳми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузорӣ хеле назаррас аст. Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои мукаммал, аз қабили кодексҳои мурофиавии шаҳрвандӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда» ва даҳҳо қонунҳои дигар қабул шуданд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» иқдоми инсондӯстона мебошад, ки дар асоси он ҳазорҳо маҳбусон озод гардиданд.

Мутобиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ қисми зиёди ваколатҳо доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба салоҳияти суд гузаронида шуда, масъулияти мақоми судӣ дар пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ баланд гардонида шуд.

Дар моддаи 84 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд».

Дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳо» иқдоми навбатӣ дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ дар кишвар ва амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар қонуни мазкур чандин муқаррароти нав пешбинӣ шудааст, ки ба таҳкими минбаъдаи фаъолияти ҳокимияти судӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла акнун судяҳои судҳои вилоятӣ мутобиқи банди 2-и моддаи 79 –уми қонуни конститутсионии нав метавонанд дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Ҳамин ҳуқуқ ба судяҳои шаҳру ноҳияҳо низ дар моддаи 85 -уми қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳо» Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуда, фаъолияти ин марказ ба амалӣ гаштани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси судяҳо, номзадҳо ба вазифаи судягӣ, коромӯз — судяҳо, иҷрочиёни судӣ, дигар кормандони дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳо, баҳри тақвияти минбаъдаи кори мақомоти Шӯрои адлия дар самти интихоби судяҳои соҳибкасбу болаёқат нигаронида шудааст.

Мо, кормандони мақомоти судии кишар боварӣ дорем, ки дар асоси меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ минбаъд боз ҳам такмил ёфта, низоми судӣ дар кишвар ба сатҳи низоми судии давлатҳои пешрафтаи дунё бароварда хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ба фаъолияти сохторҳои судӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин изҳор дошт:

«Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва ин нуктаро ман борҳо изҳор намудаам.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2017 тасдиқ гардид.

Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд».

 НУРАЛИЗОДА Сӯҳроб Мустафо, судяи Суди вилояти Суғд