Маҳкамов: «Тӯраҷонзода мардумро ба кӯча баровард!»

№65 (3211) 19.06.2014

Қудрати сухан болотар аст аз ҳама кашфи замону ҷаҳон. Пардадари розҳосту ифшогари асрорҳо. Ҷойе месозаду ҷойе месӯзад. Чеҳраҳоро боз мекунад. Рости инро нишондиҳанда асту дурӯғи онро фошкунанда. Манзалати марди ҳақро то ба арш мебараду обруи аз кизб бархостаро пойин ба фарш.

Рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ сухан боз тантана дошт. Дар маҳфили «Бунёди муколамаи тамаддунҳо», ки поягузору таҳиякораш Иброҳим Усмонов мебошад, аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Бори аввал буд, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола, дар бораи ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки бадбахтиҳои фоҷиаборе бар сари миллати тоҷик оварданд, баъзе нуктаҳоро ёдовар шуд. Ӯ хомӯшии 23-солаашро бишкаст. Ҳарфҳоеро ба забон овард, ки тамоми ҷомеа ба шунидашон ниёз дошт. Ин ҳарфҳо аз забони фарде бурун омаданд, ки даруни деги ҷӯшони моҷарою иғво партофта шуда буд ва ҳама будаву набуда, кардаю накардаро бар дӯшаш бор карданд. Таҳиягарони асосӣ бошад, хешро қафо кашида, сари ҳар қадам, тӯли ин 23 сол тасдиқу ташвиқ мекарданд, ки ба ин ҳодисаҳо дахле надоштаанд, баръакс, дигарон онҳоро ба майдони муноқишаҳо кашидаанд.

Қаҳҳор Маҳкамов рӯирост ошкор сохт, ки оғози ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон бо номи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода алоқамандӣ дорад. Таъкид кард, ки «нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба кӯча баромада буданд».

Барои бедор намудани ҳисси эътирозии мардум овозаи муносиберо бофта буданд: «Маҳкамов барои гурезаҳои арманӣ хона медиҳад». Хеле мақсадноку нишонрас. Далелҳои кӯчонидани арманиҳои гуреза ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷой доштанд. Ин як. Миллати ҳамсари Қаҳҳор Маҳкамов арманӣ буд. Ин ду. Якҷо намудани ду факт мардумеро, ки солиёни дароз дар навбати хона меистоданд, сахт ба ғазаб оварду онҳоро ба кӯча баровард. Барои бештар шудани теъдоди эътирозгарон дигар ишколе вуҷуд надошт. Бо як даъват аксарияти намозхонони масҷидҳои шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ ба майдон рехтанд. Дигар мавзӯи арманиҳову хона фаромӯш шуду дигар талаботро, аз қабили истеъфои Ҳукумат пеш гузоштанд. Ҳама дирӯзу имрӯз тахмин мезаданд, ки мардумро кӣ ба майдон кашид. Танҳо нафаре, ки дақиқ медонистааст, яъне Қаҳҳор Маҳкамов хомӯш буд. Вале баъди 23 сол «муаллиф»-и овоза ва пахшкунандаи онро ба забон овард: Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода.

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода солҳои охир пайваста талош ба харҷ медоду медиҳад, то хешро дар даргириҳои Тоҷикистон бегуноҳ нишон диҳад. Ҳамаро оташзанандаи оромии мардум намоиш медод, ғайр аз худаш. Ҳатто худаш худашро инкор кард. Хоҳу нохоҳ, ҳанӯз дар соли 1998 қоил шуда буд, ки дар фоҷиаи  миллат даст дорад. Он сол китобе таълиф карда, бо изҳори пушаймонӣ навиштааст: «…дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандаркорони ҳамонрӯза, аз ҷумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро ба хубӣ дарк намуда, гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу нотавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гарифтани ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас, ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро нагирифтам» («Миёни обу оташ», саҳ. 59).

Вале дере нагузашта (шояд гумон кард, ки китобашро нахондаанд), тамоми айбро бар дӯши ҲНИТ партофт. Чордаҳ сол қабл иброз дошт: «…ин бародароне, ки Ҳизби наҳзат ташкил карда буданд, ба ҷои хизмат ба ислом ва мусулмонон кишварро ба ҷанг кашиданд ва ин мусибати муштарак моро ҳам маҷбур сохт, ки  ҳамроҳи ҳазорон нафар ҳамватанон кишварро тарк намоем…» («Ҷумҳурият», 20 ноябри соли 1999, «Ихтилофи назар ё назаре ба ихтилоф». Матни комили суҳбати Ҳ.А. Тӯраҷонзода бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар таърихи 19 октябри соли 1999).

Бале, ҳақ ҷониби шоири шаҳир аст, ки менависад:

Диёнатпеша мардум ҳиласозанд,

На монанди ману ту покбозанд.

Тамоман ҳуққабозу шарлатанонанд,

Ба ҳар ҷо ҳар чӣ пош афтода онанд.

Имрӯз раисони нави наҳзат Тӯраҷонзодаро боз гули сари сабади худ кардаанд. Ягон маҳфиле бидуни ширкати ӯ намегузарад. Фақат шеваи гуфтор дигар аст. Аз дилдодагиҳояш ба ҲНИТ мегӯяду аз хизматҳояш дар роҳи таъсису такмили фаъолияти ҲНИТ. Бовараш мекунанд. Чун дигарон. Мутаассифона, зарфияти хотираи инсонӣ он қадар қавӣ набудааст. Чанд соли оромию осудагӣ метавонистааст азобу ранҷҳои кашида ва онҳоеро, ки боиси ин дардҳо гаштанд, хеле зуд аз лавҳи хотирот рӯфта партоянд. Ғофил аз он ки шайтон ҳамеша дар камин аст. Шайтони соҳибтаҷрибаю дунёдида. Ва пайт мепояд, ки дар лаҳзаи мусоид, барои расидан ба ниятҳои амалинашудааш, онҳоро бори дигар ба ғоре тела диҳад, ки як дафъа ғалтида буданд.

Ташаккур ба Қаҳҳор Маҳкамов, ки бо гузашти  23  сол боз моро ҳушдор дод. Ҳушдор, ки тарҳрезони он ҷанги мудҳиш то ҳол зиндаанд … ва аз раъйи муғризонаи худ даст накашидаанд.

Ҳумоюни Кӯҳистонӣ