Моҷарои ду раис. Панҷ ҳалномаи судӣ онро бартараф карда натавонист

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

PHOT0122.JPGРаиси хоҷагии деҳқонии «Мулломурод»-и шаҳри Ҳисор Мурод Тағоев иддао дорад, ки заминҳои ба хоҷагии деҳқониаш тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ ба шахси дигар додаанд ва ӯ маҷбур шудааст, ки бо мактуби  шикоятӣ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намояд.

Аз мактуб бармеояд, ки ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор), кумитаи идораи замини ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» низ дахолат кардаанд. Ӯ аз ҳалномаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ розӣ нест.

Барои муайян кардани паҳлуҳои баҳсноки шикоятнома идораи  рӯзнома санҷиши онро зарур шуморид.

Пӯшида нест, ки дар шаҳру навоҳии кишвар қонуншиканиҳо дар тақсимоти замин аз ҷониби кумитаҳои идораи замин солҳо боз идома доранд. Дахолати онҳо ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) низ эҳсос мегардад. Кормандони мақомоти мазкур ба ҷои иҷрои қонунҳои амалкунанда замини хоҷагиҳои деҳқонии ба шахсони муайян вобасташударо ба номи дигарон ҳуҷҷат карда, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин менамоянд. Бо ин сабаб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2008 бинобар қонуншиканӣ аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар тақсимоти замин салоҳиятро ба дӯши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор намуд. Вале масъала то ба ҳол пурра ҳал нашудааст.

Қонуншиканиҳои марбут ба тақсимоти замин ва дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор низ ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» саҳмияи заминро ноодилонаву худсарона тақсим ва мардумро ба заминдору иҷоракор ҷудо намудаанд.

Мо бо Аъзам Тағоев, ки айни ҳол ба ҷойи падар – Мурод Тағоев раиси хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» интихоб гардидааст, ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки як даҳсола пеш барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо ариза муроҷиат кардааст. Бо иҷозати раиси вақти ноҳия Маҳмадалӣ Тухтаев ва тибқи қарори маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонии «Себистон» аз 11 августи соли 2006,  қарори раиси ноҳияи Ҳисор аз 5 декабри соли 2007 аз ҳисоби заминҳои корами лалмии хоҷагии деҳқонии «Себис­тон» дар масоҳати 2,40 гектар хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» таъсис ва ба ҳар узви хоҷагӣ, ки панҷ нафар буданд, 0,48 га замин вобаста шуд. Хоҷагӣ дар асоси қарори раиси ноҳия бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои истифодаи якумра таъмин гардид.

Чун моҳи феврали соли 2008 ба корҳои баҳорӣ оғоз бахшидем, ду нафар саҳмдори хоҷагӣ — Маҳкам Абдуллоев ва Бобоназар Бобораҳимов аз кор даст кашиданд. Саҳмдори дигар Ботур Эрназаров, ки аз соли аввали фаъолият баъзан ба кор меомад, соли 2009 пурра аз кор даст кашид. Маҷбур шудем, ки бо аҳли оила заминро шудгору нарм, атрофашро бо симтӯр маҳкам карда, дарахтони мевадиҳанда шинонем.

Рафтори собиқ саҳмдорон аъзои доимии хоҷагиро ба хулоса овард, ки маҷлиси умумӣ баргузор намоянд. Бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагӣ, аз 20 апрели соли 2010, бинобар бе сабабҳои узрнок муддати се сол дар хоҷагӣ фаъолият накардан саҳмдорон Ботур Эрназаров, Маҳкам Абдуллоев ва Бобоназар Бобораҳимов аз хоҷагӣ хориҷ карда шуданд. Ба ҷойи онҳо Х. Мирзоева ва Иззатулло Тағоевро ба узвият қабул ва бо саҳмияи истифодаи замин таъмин намудем. Дар ин робита, дар банди 2-и моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» омадааст: «Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми аз ҷониби узви хоҷагии деҳқонӣ бе сабабҳои узрнок дар давоми зиёда аз як сол иштирок накардан дар фаъолияти хоҷагидорӣ, истифода накардани саҳми замин метавонад бо қарораш узвро аз аъзогӣ хориҷ намуда, саҳми замини онро ба аъзои доимии хоҷагии деҳқонӣ тақсим намояд ё ин ки шахси дигарро ба узвият қабул намуда, саҳмдор намояд».

Аммо Ботур Эрназаров, Маҳкам Абдуллоев ва Бобоназар Бобораҳимов розӣ нашуда, бо аризаи даъвоӣ  ба Суди ноҳияи Ҳисор муроҷиат карданд. Судяи Суди ноҳияи Ҳисор Далер Алиев баъди омӯхтани ариза бо таъиноти худ аз 22 апрели соли 2011 даъвои онҳоро нисбат ба раиси хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» — Мурод Тағоев оид ба ҷудо кардани саҳми замин аз хоҷагии деҳқонӣ рад карда, ба даъвогарон тавсия дод, ки ба Суди иқтисодӣ муроҷиат намоянд ва онҳо ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданд. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алиев 14 июли соли 2011 аризаи онҳоро дида баромада, бинобар ба Суди иқтисодӣ тобеият надоштани масъала онро ба даъвогарон баргардонидааст.

Вале онҳо аз ҳалномаҳои судӣ қаноатманд нашуда, бо ариза ба раиси ноҳияи Ҳисор муроҷиат менамоянд. Раиси онвақтаи ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов сабаби аз хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» хориҷ шудани муроҷиаткунандагонро  насанҷида, ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» 1,44 гектар ҷудо кардани замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонии «Ботурбой-1961» қарор мебарорад. Дар ин асос раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Икром Муҳтарамов (ҳоло муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор) Ботур Эрназаров ва аъзои хоҷагӣ — Маҳкам Абдуллоев ва Бобоназар Бобораҳимовро аз 29 ноябри соли 2011 бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин менамояд.

Дар моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» омадааст: «Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ  ва шахсони мансабдори он манъ аст».

Ботур Эрназаров, Маҳкам Абдуллоев ва Бобоназар Бобораҳимов бояд тибқи моддаи 25-и ин қонун барои аз узвияти хоҷагӣ бо саҳми худ баромадан дар охири сол бо ариза ба раиси хоҷагӣ муроҷиат мекарданд ва он дар маҷлиси умумӣ баррасӣ мегардид. Дар ҳолати мувофиқати даъво ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва Оинномаю Барномаи хоҷагии  деҳқонии «Мулломурод» муроҷиин  метавонистанд аз узвияти хоҷагӣ баромада, бо саҳми худ мустақилона фаъолият намоянд.

- Мутаассифона, онҳо давоми се сол бе сабабҳои узрнок дар кори хоҷагӣ иштирок накарда, бо роҳи ошнобозӣ боғи тайёри ангурро аз худ карданд, — мегӯяд Аъзам Тағоев.

- Баъди баҳси зиёд бо масъулони ноҳия ва деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» мо — аъзои хоҷагӣ зарур шуморидем, ки оид ба рафтори ғайриқонунии Ботур Эрназаров ва  ҳамроҳонаш, қарори раиси ноҳияи Ҳисор таҳти № 2254 аз 27 сентябри соли 2011 ҷиҳати вобаста кардани 1,44 гектар қитъаи замин ва таъмини хоҷагии деҳқонии «Ботурбой – 1961» бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоем.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Р. Камолов 18 июли соли 2012 дар маҷлиси ошкорои судӣ аризаи шикоятиро дида баромад, вале афсӯс, ки масъаларо пурра насанҷида, аризаи даъвогиро аз рӯи масъалаҳои пешниҳоднамуда бе баррасӣ монд. Дар натиҷа, баҳсу моҷаро торафт авҷ гирифт. Чун ин се нафар диданд, ки муроҷиати хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» натиҷа намедиҳад, фурсатро ғанимат шумурда, бо аризаи шикоятӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданд. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Назарова дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи №2-76/14-ро аз рӯи аризаи даъвоии раиси хоҷагии деҳқонии «Ботурбой- 1961»-и ноҳияи Ҳисор Б. Эрназаров бо ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» дида баромада, масъаларо ба фоидаи Б. Эрназаров ҳал кард.

- Ман ҳамчун раиси хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» бо аризаи даъвоӣ дар бораи беэътибор донистани протоколи маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» аз 20 апрели соли 2010 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Имомова дар маҷлиси сайёри судӣ, 29 августи соли 2014, парвандаро дар деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ»-и ноҳияи Ҳисор дида баромада, даъвои хоҷагии деҳқонии «Мулломурод»-ро рад ва даъвои гурӯҳи муқобилро қонеъ намуд, — иброз медорад Аъзам Тағоев.

Инак, панҷ сол аст, ки баҳсу моҷаро миёни ду раиси хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои онҳо идома дорад ва панҷ ҳалномаи судӣ онро бартараф карда натавонист.

Дар рафти таҳлилу санҷиши мактуби шикоятӣ чанд маротиба хостем, ки бо Ботур Эрназаров ва аъзои хоҷагии «Ботурбой-1961» ҳамсуҳбат шавем, вале онҳо саркашӣ карданд.

- Доир ба баҳсу моҷарои ду раиси хоҷагии деҳқонӣ  — Б. Эрназаров ва А. Тағоев дар маҳаллаи Қалъаи Ҷобир борҳо маҷлис баргузор карда, хостем ба онҳо маслиҳат диҳем, вале натиҷа надод. Ба собиқ раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов аризаи шикоятӣ навиштем, ки он ҳам масъаларо ҳал накард. Ҳақиқат ин аст, ки Мурод Тағоев бо фарзандонаш хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, бо азобу машаққати зиёд боғ бунёд кард, вале Б. Эрназаров бо ҳамроҳии М. Абдуллоев  ва Б. Бобораҳимов як қисми онро ғайриқонунӣ аз худ намуданд, — мегӯяд раиси маҳаллаи Қалъаи Ҷобир Тухтамурод Ҳалимов.

Аҷобати кор дар он аст, ки барои як замин ду қарор қабул шуда, ду  Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст. Суол пеш меояд, ки чаро раиси вақти ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов зимни баровардани қарор ҳуҷҷатҳои заруриро талаб накард ва чаро раиси Кумитаи идораи замини  ноҳия барои таъмин кардани хоҷагии деҳқонии «Бойтурбой- 1961» бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мусоидат намуд?

Чӣ боис гардид, ки Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) то ҳол ба Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» тағйирот ворид  ва  заминро аз рӯи харитаи муайяншуда тақсим накардааст? Нозироти андози ноҳия аз хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» аз рӯи 2, 40 гектар ва аз хоҷагии деҳқонии «Ботурбой- 1961» 1,44 гектар андоз мерӯёнад, ки ҷамъ  3, 84 гектарро ташкил медиҳад. Пурсидан мехоҳем, ки ҷуброни зарари андози ситонидашударо ба хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» кӣ пардохт мекунад?

Ҳамин тариқ, панҷ сол мешавад, ки Ботур Эрназаров бо ду саҳмдор аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии «Мулломурод» оши тайёр мехӯранд. Ҳатто моҳи августи соли гузаш­та дар замини хоҷагии деҳқонӣ манзили истиқоматии дуошёна сохтааст, ки хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

- Ба шумо кӣ иҷозати сохтмонро дод? – пурсидем аз Ботур Эрназаров.

- Раиси ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» Неъматулло Ашӯров, — гуфт ӯ.

Шояд ба суоли — кӣ ба раиси ҷамоати деҳот дар замини хоҷагии деҳқонӣ салоҳияти иҷозати сохтмонро додааст? – мутасаддиён ҷавоб диҳанд. Вале як чиз аниқ аст, Ботур Эрназаров қарори замин, Сертификати ҳуқуқи истифодаи он ва иҷозати сохтмонро надорад.

Бо супориши раиси шаҳри Ҳисор (17 сентябри соли 2016) оид ба ин амали худсаронаи Б. Эрназаров бо роҳбарии муовини раиси шаҳр А. Назарзода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳр А. Назаров, раиси ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» Н. Ашӯров, муҳандис — заминсози деҳоти номбурда Қиёмиддин Носиров бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода мешуд ва баъди санҷиши қазияи мазкур хулоса пешниҳод мегардид. Бо мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳр Раҳмиддин Ғафоров, Юсуф Ниёзов ва муҳандис — заминсози Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» Қиёмиддин Носиров ба ин мавзеъ рафта, бо раисони ҳар ду хоҷагӣ вохӯрдем. Ботур Эрназаров ҳамоно тасдиқ мекард, ки раиси ҷамоати деҳот Н. Ашӯров ба ӯ иҷозати сохтмонро додааст. Ҳайати гурӯҳи корӣ аз 24 сентябри соли 2016 гӯё санад тартиб доданд, вале бинои дуошёна аллакай сохта шудааст.

Чӣ бояд кард? Шояд масъулин ҷавоби қаноатбахш дода тавонанд?!

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»

сокини деҳаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон