Семинари миллӣ

Муносибати ғамхорона баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

Чанде қабл семинари миллӣ бахшида ба муаррифии «Таҳлили натиҷаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва функсионалии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон» бо ибтикори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари намояндагии доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лигаи занони дорои имкониятҳои маҳдуди «Иштирок» доир гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки имкониятҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифт, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорат, ташкилоту корхонаҳо, кормандони агентиҳои СММ, намоянда аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон қадами устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ ва талаботи калонсолону кӯдакони маъюбон хоҳад буд. Мутобиқи  дастурамали Конвенсияи мазкур муносибати системанок ва устувор таъмин гашта, хусусиятҳои синнусолӣ ва ҳуқуқиро оиди банақшагирии чорабиниҳо, ки барои ҳамаи шахсони маъюб равона гардидаанд, ба эътибор мегирад. Конвенсияи мазкур ягон ҳуқуқ  ва вазифаҳои навро ворид  намекунад, балки мақсад дорад, ки  уҳдадориҳои давлат дар татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нисбати шахсони маъюб таъмин карда шаванд.

Тавре дар моддаи 1-уми Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон омадааст, мақсади асосии Конвенсия ҳавасмандгардонӣ, ҳифз ва таъмини амалисозии пурра ва баробари ҳамаи ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла  нисбати маъюбон, инчунин ҳавасмандгардонии эҳтиром, қадру қимати ба онҳо хос мебошад.

Дар моддаи 22-юми Конвенсияи мазкур («Дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ») таъкид шудааст, ки сарфи назар аз маҳалли сукунат ё шароити зист набояд ягон маъюб ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, оила, маҳалли зист, ҷойи қайд ва дигар намудҳои муносибат ё рафтори ғайриқонунӣ гирифтор гардад. Маъюбонро аз чунин  намудҳои муносибат қонун ҳифз мекунад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ (23 январи соли 2015) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, дар кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.

Чунин ғамхориҳо дар чандин барномаҳои давлатӣ низ зикр  гардидаанд. Дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2015 низ таъкид шудааст, ки  мақсад беҳтаркунии сатҳи зиндагии мардуми кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, рушди ҷомеаи солим мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳифз ва ҳимояи  иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири одамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (29 декабри соли 2010 таҳти №675) аз ҷумлаи онҳост.

Вобаста ба ин масъала корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алёна Никулита ва дигарон андеша ва пешниҳоди худро баён доштанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»