Навиштам номае

№46 (3526) 07.04.2016

Нозир агар масъулиятшинос бошад

Редаксияи азиз!

Хонае, ки мо зиндагӣ мекунем, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, шакли ҳарфи П-ро гирифтааст ва дар як тарафаш кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев, дар тарафи дигараш кӯчаи С. Айнӣ воқеъ гардидааст. Дар рӯ ба рӯяш бештар аз ҳафтод хонаи истиқоматӣ арзи вуҷуд дорад.

Саҳни ҳавлии мазкурро рӯзона то нимашаб наврасону ҷавонон ба майдони футбол табдил дода, бо ҳамдигар ҷанҷолу мағал, фарёду ҳуштаккашиҳои дилхарош мекарданд. Ронандагон онро ба истгоҳ табдил дода, бо садои гӯшхароши мошинҳои ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набудаашон фароғати баъдикории мардумро халалдор месохтанд.

Чанде пеш Абдумуъмин Пировро нозири нави минтақавӣ таъин карданд.  Ин марди кордон бо иродаи мустаҳкам, ҷаҳду талош ва андешидани чораҳои зарурӣ — ташкил кардани вохӯриву суҳбатҳо бо истиқоматкунандагони маҳалла, ронандагони автомашинаҳо, наврасону ҷавонон ва падару модарони онҳо, фаҳмондадиҳии муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар маҳаллаи мо тартиботро ҷорӣ кунад.  Имрӯз дар маҳаллаи мо риояи тартиботи ҷамъиятӣ хеле хуб шудааст. Мо — сокинони маҳалла аз ин кори  неку масъулиятшиносии нозири минтақавӣ Абдумуъмин Пиров миннатдорем.

Ш. ШАРБАТОВ, нафақахӯр, шаҳри Қӯрғонтеппа

Ташаккур, духтур!

Муҳтарам сармуҳаррир!

Ман фахр мекунам, ки баъди соҳибис­тиқлолии кишварамон бо ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ кадрҳои соҳибкасб ва ботаҷриба дар ҳама соҳа, аз ҷумла соҳаи тиб, зиёд гардидааст. Чанде қабл фишорам баланд шуду худро ниҳоят бад ҳис кардам. Фарзандонам маро зуд ба Маркази тиббии шаҳрии ба номи Ахмед Каримов бурда, бистарӣ намуданд. Баъди ташхиси таъҷилӣ мутахассисони ин беморхона бемориамро фишорбаландии хатари сеюм муайян ва барои табобати ман  духтури дилшинос Орзу Замоновро вобаста карданд. Гарчанде ӯ ҷавон буд, маро як ҳафта табобат ва назорат карда, тавонист, ки шиддати бемориамро паст кунад. Айни ҳол дар хона қарор дошта бошам ҳам, таҳти назорати Орзу Замонов мебошам. Ӯ ҳар ҳафта нақшаи табобатиамро аз нав дида мебарояд. Аз ин рӯ, бо истифода аз рӯзномаи дӯстдоштаам «Садои мардум» ба ин табиби ҳозиқ изҳори миннатдорӣ менамоям. Сад шукр, ки ҳоло озод роҳ мегардаму дар иҳотаи фарзандону наберагонам мебошам.

 Амирбек Аҳмадбеков, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе