Мушкилот ва пешниҳод

Ободкорӣ мебояд, то Ватан пешрафт кунад

№32 (3178) 01.04.2014

Таърифу тавсифи раиси нави ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар бо шиорҳои «Обод мекунад» ва «Барои ободкунӣ омадааст» дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он паҳн гардидааст.

Дар ҳақиқат, номбурда аз аввалин рӯзҳои фаъолияти худ дар ин ноҳия ба мушкилиҳои экологӣ диққат дод ва дар зудтарин фурсат бо дастури ӯ дарёчаҳои Оби лояк ва Оби сангбур аз партовҳо тоза шуд. Ин мушкилии экологӣ, ки солҳои дароз арзи вуҷуд мекард, имрӯз ҳалли худро ёфт. Ин дарёчаҳо, ки ҳамчун партовгоҳ истифода мешуданд, сарчашмаи заҳролудшавии дарёҳои Элок, Кофарниҳон ва дигар дарёҳои ҷумҳурӣ гашта буданд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия барои дар оянда ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва ба роҳ мондани истеҳсолот фонди «Саховатмандони диёр» ташкил гардид, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфт. Имрӯз бо ташаббуси раиси ноҳия ва саховатмандону соҳибкорон сохтмони бозори замонавӣ ва корхонаи қаннодӣ оғоз гардидааст, ки дар оянда барои мардум ҷойи нави кор фароҳам меорад.

Албатта, дар баробари муваффақиятҳо баъзе норасоиҳо низ дар ноҳия ба назар мерасанд, ки солҳост масъулини ноҳия аз онҳо чашм мепӯшиданд. Гӯё ин мушкилиҳо барои мардум хатар эҷод намекарда бошанд.

Дарёчаи Сурхдара, ки обаш дар гармои тобистон ҳатто як ҷӯйборро пур намекунад, фасли баҳорон аз бориши зиёди борон ончунон сел меояд, ки инсон дар ҳайрат мемонад. Агар ин сели баҳорӣ аз пули деҳаи Сурхдара болотар канда шавад, деҳаи Файзободи куҳна ва Боғи мирӣ хароб мешавад ва боиси ҷон додани садҳо нафар мегардад. Дар фасли баҳор мардуми ин деҳаҳо ором хоб намекунанд, ки мабодо ҳодисае бар сарашон наояд. Тибқи суханони мардум, ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия барои самти ҳаракати обро тағйир додан гоҳҳо каме шағал ҷамъ мекунанд, ки онро дар як дам оби сели баҳорӣ шуста мебарад. Се сол қабл мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Элок ва Сурхдара симтӯр ва сӯзишворӣ кумак карданд. Тариқи ҳашар мардум сепояҳои дарунаш пур аз санг сохтанд, аммо селу обхезиҳои баҳор ҳамаи онро хароб кард.

Яке аз сабабҳои обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб бемасъулиятии мақомоти шаҳр буд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд.  Масъулини ноҳияи Файзобод бояд кӯшиш кунанд, ки фоҷиаи Кӯлоб дар ин ду деҳа такрор нашавад.

Дар маркази ноҳияи Файзобод кӯдакистони №5 фаъолият дорад. Дар ин ҷо 230 нафар кӯдакони аз якунимсола то ҳафтсола дар 12 гурӯҳ таълим мегиранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар маркази ноҳия кӯдакони аз як то ҳафтсола 2474 нафар мебошанд, аммо аз ин шумора ҳамагӣ 230 нафарашон бо кӯдакистон  таъминанд.

Собиқ кӯдакистони №1 низ дар маркази ноҳия ҷойгир аст ва замони шӯравӣ ба шуъбаи маориф мутааллиқ буд. Аммо дар замони истиқлолият масъулини шуъбаҳои маориф ва фарҳанги ноҳия ин кӯдакистонро ба мактаби мусиқӣ табдил доданд ва дар як қисматаш мудири имрӯзаи шуъбаи фарҳанг хонаи истиқоматӣ сохта, зиндагӣ дорад. Замони шӯравӣ дар кӯдакистони №1 зиёда аз 120 кӯдак таълим мегирифт, вале имрӯз аз он маҳрумашон кардаанд. Пас суоле пайдо мегардад, ки магар зиёда аз 1000 кӯдак ҳуқуқи дар кӯдакистон таълим гирифтан надоранд? Оё намешуд, ки шуъбаи маорифи ноҳия кӯдакистони рақами 1-ро барқарор ва мактаби мусиқиро дар бинои дуошёнаи шуъбаи фарҳанг ташкил мекард?

Маълум гардид, ки қисми зиёди мардум кӯдаконашонро барои таълим гирифтан дар навбат мондаанд, яъне эҳтиёҷ ба кӯдакистон дар ноҳия хеле зиёд аст. Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки собиқ кӯдакистони №1-ро барқарор намоянд ва мактаби мусиқиро ба ягон бинои дигар кӯчонанд. Ҳамчунин аз масъулин хоҳиш менамоем, ки биноҳои куҳнаи Маркази саломатии ноҳияро ба кӯдакистон табдил диҳанд, чунки Маркази саломатии ноҳияро ба биноҳои наву замонавӣ мегузаронанд. Биноҳо, майдони пур аз дарахти сояафкани он зебандаи  кӯдакистон мебошад.

Субҳониддини  МАҲМУД, рӯзноманигор