Муъҷизаи табиат

Оби «Авҷ» ба 13 бемории чашм давост

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

ФизикаДар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 72 чашмаи маъданӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи  олимони соҳаи геология, химия, тиб ва физика хусусияти табобатии онҳо пурра  омӯхта шудааст. Ин чашмаҳои нодир ва шифобахш аз лиҳози хосиятҳои химиявӣ, физикӣ, тиббӣ ва табобатӣ  аз осоишгоҳҳои Қафқоз, Украина, Венгрия, Чехия, Олмон ва Федератсияи Россия  монданӣ надоранд. Ҳар сол баҳору тобистон сокинони кишвар ва хориҷ аз он ба Бадахшон сафар карда, дар «Гармчашма», чашмаҳои «Авҷ», «Бибифотимаи Заҳро» ва «Ҷелондеҳ» ҳам  истироҳат мекунанду ҳам табобат мегиранд.

Оби шифобахши «Авҷ» дар ҳар мавсим даҳҳо беморро даво бахшидааст. Сол то сол  хизматрасонӣ дар ин ҷо беҳтару хубтар  мешавад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаноат Мавлонқулов аз соли 2008 сардухтури шифохонаи «Авҷ» мебошад. Вақте ки роҳбарии ин шифохонаро ба зимма гирифт, масъалаҳои ҳалталаби он хеле зиёд буданд. Шифохона даромадгоҳ надошт.  Роҳравҳо солҳои зиёд рӯи тармимро надида буд. Дар байни се сол саҳни шифохона ва роҳравҳои онро бетонпӯш карда, даромадгоҳи зебое сохтанд. Дар саҳни шифохона гулҳои зебову хушбӯй ва ороишӣ шинонда, боғи нав бунёд гардид. Хуллас, саҳни он хеле ободу зебо ва дилрабо шуд. Акнун касе барои истироҳат ва табобат ба шифохона ояд, аз саҳни зебои он, оби зулоли ошомиданӣ ва дарахтони  мевадиҳандааш ҳаловат мебарад.

- Шифохона он замон дорои ду коттеҷи муҷаҳҳаз буд. Бо кумаки раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед онҳоро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ кардем ва як коттеҷи нави замонавӣ ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода гузоштем, — ба ёд меорад сардухтур.

- Ҳамчунин, соли 2014 бо дастгирии раиси вилоят ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ваннаҳои шифохонаро аз таъмири асосӣ баровардем. Дар се сол ҷиҳози куҳна — мебел, сару либос, кӯрпаву болишт ва ғайраро пурра нав кардем. Агар солҳои аввали кориам дар «Авҷ» 70 кат мавҷуд буд, ҳоло 100 кат дар хизмати мизоҷон қарор дорад, — суханашро идома медиҳад Қаноат Мавлонқулов ва меафзояд: -Бояд гӯям, ки оби чашмаи «Авҷ» дорои гази карбон, маъдан, ҳарорат, ионҳои гидрокарбонат, сулфат, калтсий ва магний мебошад. Оби он аз ҷиҳати таркиби химиявиаш ба оби нарзани шаҳри Кисловодск монандӣ дошта, бо баландии ҳарораташ аз он фарқ мекунад. Мизоҷон ва  истироҳаткунандагон метавонанд оби чашмаро нӯшанд ва бо кумаки табибон меъдаву рӯдаҳояшонро шустушӯйи профилактикӣ кунанд. Умуман, дар таркиби оби чашма то 20  микроэлемент мавҷуд аст.

Ба  истироҳаткунандагон ва табобатгирандагони шифохонаи «Авҷ» духтурони  ботаҷрибаи асаб, занона, ҷарроҳ, кардиолог, чашм ва дигарҳо хизмат  мерасонанд.

Айни ҳол дар шифохонаи «Авҷ» метавонанд гирифторони бемориҳои тарбод (ревматизм), баландшавии фишори хун, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои калит, талхадон, санги гурда,  илтиҳоби ғадуди простатит, диққи нафас, бронхит, чашмдард, неврология, радикулит ва ғайра табобат гиранд.

- Аз соли 2008 мо дар шифохона табобати оқибатҳои   латми мағзи сар (травма) бо синдроми гипертизонӣ, оқибати мағзи сари модарзодӣ, гемморой, политинос, остеримелит- чирки устухон дар сар ё дасту пойро низ ба таври васеъ ба роҳ мондем.

Махсус қайд менамоям, ки оби шифобахши чашмаи «Авҷ» 13 намуди касалии чашмро дар муҳлати 5 — 10 рӯз шифо мебахшад.

Боиси хурсандист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои ободонии чашмаи «Авҷ» ғамхории зиёде зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки чашма сол то сол ободу зебо ва сафи мизоҷонаш зиёд мегардад, — гуфт дар хотима Қ. Мавлонқулов.

 Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»