Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин

№85 (4035) 16.07.2019

Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» эълон гардид.

Мақсад аз он иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП -1176 дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

- Озмун ба вусъат бахшидани ободонию созандагӣ, рушди инфрасохтори деҳот, таъминот бо оби нӯшокӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард, — изҳор намуд раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар.

Низомномаи озмун аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол гардида, дар маҷлисҳои солонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои пулию молӣ мукофотонида мешаванд.

Олимаи Абдусаттор